CentralAsia (CA). Марк Рютте, Сарвазири вақти Нидерланд, расман ба иҷрои вазифаи Котиби генералии НАТО шуруъ кард. Йенс Столтенберг, роҳбари барканоршудаи ин иттиҳод, ба Рутте дар қароргоҳи эътилоф зимни нишасти вижаи Шурои Атлантикаи Шимолӣ дар Брюссел болғаи тантанавиро супурд.
Столтенберг, ки дар ин мақом давоми 10 соли рекордӣ кор кардааст, гуфт: "Марк заминаи хуб барои беҳтарин Котиби генералӣ шуданро дорад".
20-уми июн номзадии Рюттеро ба ин мақом 32 кишвари узви НАТО дастгирӣ кард.
Лубнон дар пасманзари ҳамлаҳои Исроил ба СММ як дархост кардааст
Лента.ру. Лубнон аз Созмони Милали Муттаҳид (СММ) хостааст, то барои интиқоли амни кумакҳои башардӯстона долони ҳавоӣ фароҳам созад, дар ҳоле ки ҳамлаҳои Исроил ба ҳудуди ин кишвар идома доранд. Дар ин бора Раиси парлумони ҷумҳурӣ Набиҳ Беррӣ изҳор дошт, – хабар медиҳад шабакаи телевизионии Al Mayadeen. "Лубнон аз СММ даъват мекунад, ки барои эҷоди як долони ҳавоӣ бикӯшад ва расондани ёрии башардӯстона ба аҳолии осоиштаи кишвари моро таъмин намояд", – гуфтааст сиёсатмадор.
Беррӣ, инчунин, изҳор дошт, ки ин гуна ташаббус «муҳосираи ҳавоиро», ки Исроил ба муқобили Лубнон ба вуҷуд овардааст, бартараф месозад.
Мирзиёев: «Ҳар гуна фишор бар омӯзгорон мавриди пайгирии қонунӣ қарор мегирад»
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён, ки ҳар сол 1-уми октябр ба таври васеъ таҷлил мегардад, як қатор кормандони фаъоли соҳаи маорифро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намуд. Вай зимни суханронӣ дар маҳфили омӯзгорон гуфт:
– Ҳамаи ислоҳот дар соҳаву бахшҳои гуногун имрӯз ба таъмини шаъну шарафи инсон, ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ нигаронда шудаанд. Вазифаи асосии маорифчиён таълиму тарбияи насли нави шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошад. Ман медонам, ки заҳмати муаллим чӣ қадар вазнин аст, зеро худам муддати тулонӣ дар ин соҳа кор кардаам. Мутаассифона, дар гузаштаи наздик мо натавонистем ба ин пешаи наҷиб эҳтироми зарурӣ зоҳир намоем.
Президент афзуд, ки Ӯзбекистон ҳалли яке аз мушкилоти мубрам – ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб кардани омӯзгоронро барҳам дод. Ҳар гуна фишоре, ки барои идомаи фаъолияти онҳо масдудият эҷод менамояд, мавриди пайгирии қонунӣ қарор мегирад.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошкент
Эрон ва Арманистон: оғози нави ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ереван
SNG. TODAY. Эрон бузургтарин намояндагии тиҷоратии ҷаҳонро дар Ереван ифтитоҳ намуд, ки як иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Арманистон мебошад.
Меҳдии Субҳонӣ, сафири фавқулода ва мухтори Эрон дар Арманистон, дар маросими ифтитоҳи он таъкид кард, ки ин марказ бузургтарин дар ҷаҳон аст ва аз равобити қавии дӯстонаи ду кишвар дарак медиҳад. Сафир гуфт, ки ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни Арманис-тон ва Эрон босуръат рушд мекунад ва умед аст, ифтитоҳи ин намояндагӣ ба рушди минбаъдаи робитаҳо такони тозае хоҳад бахшид. Дипломат, ҳамчунин, ба гуногунпаҳлуии равобити Арманистон ва Эрон таъкид карда, ба имкони мукаммалсозии мутақобила дар бахшҳои иқтисод, нақлиёт ва зерсохторҳо ишора намуд. Вай изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳо дар ин самт метавонанд барои ҳар ду кишвар имконоти қобили таваҷҷуҳ эҷод намоянд.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Мир24. Теъдоди қурбониёни тӯфони «Ҳелен» дар қисми ҷанубу шарқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 130 нафар гузашт. Тӯфон аз ҳама бештар ба Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ зарба зад. Дар ҳоли ҳозир мақомоти Амрико талош доранд, ки интиқоли неруи барқро барқарор ва пас аз боришоти шадид роҳҳоро тоза кунанд. Ба гузориши шабакаи телевизионии CBS News, Пентагон ҳазорон сарбози Гвардияи миллӣ, садҳо воситаҳои нақлиётӣ ва чархболро ба минтақаҳои аз ҳама зиёд осебдида фиристодааст.
Известия. Намояндагии доимии Швейтсария, ки дар моҳи ҷорӣ раёсати Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро бар зимма дорад, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Шурои амнияти СММ 2-юми октябр дар робита ба авзоъ дар Ховари Миёна нишасти изтирорӣ баргузор мекунад.
CentralAsia (CA). Ҳукумати Ҷопон бо роҳбарии Сарвазир Фумио Кисида истеъфо дод, хабар медиҳад шабакаи телевизионии NHK.
Порлумони кишвар бояд раиси навро муайян созад. Интизор меравад, ки Сигэру Исиба, ки 27-уми сентябр раиси Ҳизби ҳокими либерал-демократии Ҷопон интихоб шуд, ба ин мақом таъин шавад.