Пас аз мутолааи матолиби озмуни «Дуои модар», ки чанде қабл Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар пайравӣ аз арҷгузориҳои камназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан-Модар ва бо ин роҳ тақвияти ҳисси ватанпарастии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дӯст доштани Модар-Ватан эълон гардидааст, бори дигар бароям собит шуд, ки бузургии модар бо васфу ситоиш кардан анҷом нахоҳад ёфт. Модар ҳамон қаҳрамонест, ки зиндагияш шоҳасари беинтиҳост. Баробари мутолааи ҳар матлаби чопшуда, кас дарк мекунад, ки маҳз дасти дуои модар қодир аст, роҳкушои зиндагӣ бошад.
Инак боз, хостам каме аз бузургии модар қисса кунам. Албатта, ин кори саҳлу осон нест, зеро мо дар бораи нафаре ҳарф мезанем, ки бузургияшро Расули акрам (с) пас аз Худои мутаол мондааст, вале дарвоқеъ, бузург будани онро дар баробари хоксорияш тасвир кардану ба қадри он расидан вазифаи ҷонии мост.
Дар бораи қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои модарон нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Воқеан, эҳсоси модар аҷиб аст. Сарфи назар аз масофа ва синну сол ғаму шодии ҷигарбандашро дарк мекунад.
Боре ба аёдати модаре, ки 91 сол умр дошт рафтем. Он рӯз ҳолу тавонаш хуб набуд. Рӯяшро ба девор гардонда, гоҳ бо дастони ларзони пӯсташ шахшуда ва аз асари пирӣ холкӯбишуда, ашкашро, ки аз кунҷи чашмони хирашудааш, гӯё рухсораҳои пурожангашро мешуст, пок мекарду бесадо мегирист. Гӯё бо тамоми дунё қаҳрӣ буд. Бо ҳисси кунҷкобӣ аз соҳибхона пурсидам, ки ба кампир чӣ шудааст? Ҷавобашро шунида ҳайрон гардидам. Ин ҳама ғаму ғуссае, ки ӯро афгор кардааст, марги яккадухтараш аст. Аз рӯи гуфтаҳои келинаш, як ҳафта мешавад, ки хушдоманаш ба ҷуз оби хунук чизе намехӯраду бо касе ҳарф намезанад. Пораи нони дасташро як ҳафта мешавад, ки зери болинаш мондаасту ҳар лаҳза ба сӯи дар бо чашмони пурашк роҳи ҷигарбандашро мепояд. Дирӯз маҷбураш кардам, ки нон хӯрад, дар ҷавоб гуфт: «Ин тикаи нонро мондаам, ки духтарам аз роҳи дур меояд, бо ҳам бихӯрем».
Баъди нақли келинаш ба худ гуфтам, ин ҳамон эҳсоси бузурги модарист, ки касе тавонашро надорад. Бале, касе чунин ҳисси қудратмандиро надорад, ба ҷуз модар. Воқеан, муҳаббати модарӣ ба зан чунон қуввае мебахшад, ки ҳамто надорад. Модар қодир аст, ки барои наҷоти фарзандаш худро қурбон намояд. Гоҳ гумон мекардам, ки танҳо ин бузургӣ, ин меҳрубонӣ, ин ҷоннисорӣ нисбат ба фарзанд танҳо ба модари тоҷик хост аст, вале хаёлам хом будааст. Чун пас аз хондани чанд қиссаи қурбонии модар фаҳмидам, ки модарони тамоми дунё ба хотири осудагии фарзандон қодиранд аз ҷони хеш бигзаранд.
Масалан, моҳи августи соли 2014 дар деҳаи Малинии Ҳиндустон заминларзаи фалокатборе рух дод. Дар натиҷаи он, даҳҳо хонаҳо валангор гаштанд. Наҷотдиҳандаҳо аз зери хок садҳо ҷасадро берун меоварданд. Аз хонаи зеризаминмондае садои баланди зан ба гӯш мерасад. Наҷотдиҳандаҳо ҳангоми кумак ба ин зан шоҳид гардиданд, ки ӯ тули 24 соат сақфи хонаро бо шонаҳояш дошта, тифли навзодашро наҷот бахшидааст.
Дар яке аз биноҳои дигар ҷасади модареро ёфтанд, ки бо дасту пояш заминро маҳкам дошта, шах шуда буд. Яке аз наҷотдиҳандаҳо хост, ки ҷасадро ба роҳат хобонад, вале аз зери шиками модар тифли зиндаи 3- моҳаро зинда ёфтанд. Таги рӯпечи тифл дар телефони мобилӣ чунин паёмак нигошта шуда буд: «Писарам, агар ту зинда мондӣ, бидон, ки ман туро хеле дӯст медорам».
Анҷела Кавалло, шаҳрванди амрикоӣ бошад, соли 1964 баҳри наҷоти писараш мошини «Шевроле»-и наздики 1,5-тоннагаро панҷ дақиқа бардошта истод, то писараш аз зери мошин сиҳату саломат берун ояд.
Бузургии модар бори дигар пас аз дидану шунидани ин гуна ҳодисаҳо исботи хешро дармеёбад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама дидану шуниданҳоямон, гоҳе нисбат ба модар рафтору амалҳоеро анҷом медиҳем, ки баъдан боиси пушаймониамон мегардад. Вале, ҳайҳот, пушаймонӣ суд надорад…
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»