Амри воқеан зарурист, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, зеро донистан ва риоя намудани қонунҳо оҳиста-оҳиста дар ҷомеа бетартибӣ, бемаърифатӣ ва дигар сифатҳои манфиву бади инсониро аз байн мебарад. Маърифати ҳуқуқӣ ин яроқи зеҳнӣ ва тафаккури шахс нисбат ба соҳибистиқлолӣ, озодӣ, созандагӣ, ободиву ободонии Ватани азизи худ аст. Мақсади эълон кардани Соли маърифати ҳуқуқӣ низ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба давлат, инсон ва миллат аст. Маърифат ҳамчун мафҳуми фалсафӣ дар соҳаи маориф, махсусан дар мактаб, аз ду шохаи асосӣ иборат аст: 1. Равоншиносӣ (психология) ва 2-юм аз санъат ва суруд. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дар бисёр минтақаҳо ин ду шохаи маърифат ба пуррагӣ амалӣ намешавад, чунки дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ донишҷӯён психология, яъне равоншиносӣ ва санъату сурудро мукаммал намеомӯзанд ва баъди хатм дар мактабҳои миёна ҳангоми таълиму тарбияи хонандагон ба душворӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Ҳол он ки равоншиносӣ (психология) ва санъату мусиқӣ ба ҳам тавъаманд. Санъат, суруд ва мусиқӣ озодии ҳар шахсро дар воқеият инъикос карда, ӯро ба инсони адолатҷӯй, некрой, ватанпарвар, табиатдӯст табдил медиҳад. Агар шахси наврас дар ҷомеа зери таъсири санъат, суруду мусиқӣ таълиму тарбия гирад, ҳатман бо роҳи рости ватандорӣ пеш меравад, бо меҳру муҳаббат нисбат ба касбу пешаи ояндааш ба воя мерасад. Имрӯз ба моҳияти санъат ва мусиқӣ дар бисёр мактабҳои кишвар аҳамияти холисона намедиҳанд, фанни дуюму сеюмдараҷа меҳисобанд. Ҳол он ки руҳшиносӣ (психология) ва санъату мусиқӣ – ду шохаи бузурги фалсафа, барои мустаҳкам намудани маърифати ҳуқуқии насли наврас ва минбаъд ҷомеа таъсири бениҳоят зарур мерасонад.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон кӯшиш бояд кард, ки онҳо меъёрҳо ва принсипҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мукаммал омӯзанд, моддаҳои онро шарҳу тавзеҳ дода тавонанд.
Сайёдҷон ФАЙЗОВ, омӯзгори МТМУ №70-и ноҳияи Восеъ