Барои мо – тоҷикон, мафҳумҳои Президент, Пешвои миллат на танҳо маънои сарвару роҳбари давлатро доранд, балки бо ҳукми яздонӣ ин вожаҳо маъниҳои хеле фарогиртар ва тақдирсозро гирифтаанд. Ба як сухан, ин вожаҳо имрӯз, симои дурахшон, симои наҷотбахши халқу миллатамонро пеши назар меоваранд. Яъне, симои Пешвои миллати мо, шахсияти боризи ӯ тавъам бо симои халқамон, тавъам бо симои ҳама фарзандони ҷоннисори он, тавъам бо ҳадафҳои бузург ва сиришти баланди ватандӯстона бадоҳатан, ба таври табиӣ дар як сиришти ягона бо номи тоҷик ва Тоҷикистон ба ҳам омадаанд.
Имрӯз мафҳумҳои тоҷик, Тоҷикистон, миллати тоҷик, Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Пайвастагии қавии ин мафҳумҳоро наметавон инкор кард. Имрӯз, вақте мо Пешвои миллат мегӯем, халқ ва Ватанамонро дар назар дорем, вақте халқ ё миллати тоҷик мегӯем, Пешвои миллатамонро дар назар дорем. Ин ҳақиқатест, ки наметавон онро нодида гирифт. Зеро маҳз ҳамин шахсияти таърихӣ бо ҳама сиришти пур аз эҳтиросу самимияти ватандӯстона бори аввал ин вожаҳоро ба муҳаббат ба забон овардаву шиори худ ва раҳнамои миллату кишвари худ гардондааст.
Аз ин рӯ, мафҳуму таъбири Пешвои миллат чизе сохтаву бофта ё ҳосили тамаллуқҳо нест, балки як зуҳури табиӣ ва худододест, ки гӯиё Худованд дар ин замони тақдирсоз барои наҷоти миллати мо додааст. Ман ба ин эътимод дорам ва мехоҳам ҳама эътимод дошта бошанд, то ин эътимоду бовар неруву ягонагии миллати моро қавитар гардонад. Мо бояд ба ин ягонагӣ чун ба ҳузури неруе худодод, чун ба кафолати буданамон бовар кунем. Зеро иродаи қавии миллии як халқ бе бовар, бе ягонагӣ, бе идеал наметавонад вуҷуд дошта бошад.
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон