Рӯзе ба идораи мо (“Овози тоҷик”) сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ташриф овард. Академики муҳтарам ба ҳар кадоми мо асари безаволи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро тақдим намуд.
Ин туҳфаи бебаҳо моро хеле шоду мамнун сохт. Зеро шунида будем, ки “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Нашриёти муосир” - и Душанбе бо адади зиёд (1 миллиону 600 ҳазор нусха) рӯи чоп омадааст ва дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон якнусхагӣ ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа мешавад.
Вақте ки мо роҳи чӣ тавр пайдо кардани онро меҷустем, бо марҳамати ҷаноби сафир ба ин бахт муяссар шудем. Ҳама дар ҳолати ҳаяҷон будем ва намедонистем чӣ тавр арзи сипос кунем...
Нимаи дувуми солҳои ҳафтодум буд. Дар Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) таҳсил мекардам ва номзади илмҳои таърих (ҳоло доктори илмҳои таърих, профессор) Сайдулло Абдуллоеви равоншод аз “Таърихи Тоҷикистон” ба донишҷӯёни риштаи филология дарс мегуфт ва онро хеле шавқовар мегузашт. Яке аз китобҳои дарсиамон – “Таърихи мухтасари халқи тоҷик”-и Бобоҷон Ғафуров (1947) буд, ки танҳо ду-се нусха зери даст доштему халос, ки аз ноилоҷӣ тамоми гурӯҳ истифода мекард. Дарёфти сеҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” (1963–1966, Маскав) низ мушкилоти зиёд эҷод менамуд.
Лексияҳо асосан аз рӯи китоби “Таджики” - и Б. Ғафуров (1972, Маскав) хонда мешуд. Омӯзиши гузаштаи халқи тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихиро маҳз ҳамин шоҳасар сарчашмаи муътамад буд.
Мегуфтанд, “Тоҷикон”, ки маҳсули меҳнати чандинсолаи ходими намоёни давлатию сиёсӣ ва алломаи давр Бобоҷон Ғафуров аст, аз ҷониби гурӯҳи васеи донишмандон, таърихнигорону шарқшиносҳои варзидаи олам баҳои сазовор гирифтааст. Дастоварди пурарзиши донишманди мо дар шакли китоб ба ҷопонию полякӣ низ тарҷумаю нашр шудааст. Баробари ҳамин эрониҳо ва афғонҳо “Тоҷикон”-ро бо ҳуруфи аҷдоду забони модарӣ мутолиа мекунанд. Вале мо ҳайрон мешудем, ин шоҳасар, ки оинаи ростнамои таърихи пуршаъни мост, ба тоҷикӣ чаро “тухми анқо” бошад?
“Таджики”-ро муаллими мо баъзан бо худ меовард. Рӯи миз мегузошт. Дар танаффусҳо вақте имкони як бор саҳифагардон сохтани ин китоби нодир даст дод, ҳар донишҷӯ худро хеле хуб ҳис мекард.
Сабаби камёбии “Тоҷикон”-ро ҳар кас ҳар хел мефаҳмид ва шарҳ медод...
Баъдтар ин китоб ба тоҷикӣ чанд маротиба бознашр шуд вале бинобар маҳдудии адади нашр ба пайдо кардани он на ҳар соҳибзабон имкон дошт. Дастрас гардондани шоҳасаре, ки нафақат инъикосгари таърихи халқи тоҷик, айни замон, яке аз асарҳои монументалию ҷамъбастӣ дар таърихнигории Осиёи Марказист, бо вуҷуди он ки аз байн солҳои зиёд сипарӣ шуданд, барои мо, тоҷикони ӯзбекистонӣ, ҳамон гуна душворӣ эҷод мекард.
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдоми бисёр олӣ изҳори сипос менамоем. Воқеан, бузургонро бузургони дигар зиндаву поянда нигоҳ медоранд.
Муҳаммад ШОДӢ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, шаҳри Тошкент