4-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия матраҳ гардид.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, молияву бонкдорӣ ва сармоягузорӣ зоҳир шуд.
Ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самтҳо муайянгардида, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро зарур донистанд.
Ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар бахшҳои кооператсияи саноатӣ ва таъсиси паркҳои индустриалӣ, ба нафъи ду кишвар маънидод шуд.
Ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносиботи Тоҷикистону Русия табодули андеша сурат гирифт.
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ҲАЙАТИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД
4-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шурои директорони Бонки осиёии рушдро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки мазкур баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои Ҳукумати мамлакат ва Бонки осиёии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ намунаи ҳамкории судманди Тоҷикистону Бонк арзёбӣ гардид.
Барои тобовар намудани иқтисодиёти кишвар ба таҳдиду хатарҳо ва ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар табодули андеша сурат гирифт.
Ҷонибҳо таъмини рушди устувор, хусусан ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, экология, инкишофи сайёҳӣ, ташаккули "иқтисоди сабз" ва идомаи рақамикунониро зарур донистанд.
Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим ва шиддат гирифтани пайомадҳои онҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва фишори омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ роҳандозии ислоҳоти муттасил зарур шумурда шуд.
Ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.