Суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити ояндаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба арзиши суботу оромии башарият, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои ҷаҳон ва муборизаву муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷалб намуд. Пешниҳодҳо ва тавсияҳои судманди Роҳбари давлат дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ паҳн шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва актори фаъоли сиёсати ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.
Ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳузури сарварони давлатҳои аъзои СММ аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод: “... пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад”.
Ин пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон хусусияти ояндабинӣ ва стратегӣ дошта, ба хотири фардои босуботи ҷаҳон нигаронда шудааст. Қобили зикр аст, ки чунин пешниҳодҳои оянданигарӣ ҳанӯз аз солҳои 2000 дар самти дипломатияи об аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буд, ки имрӯз масъалаи актуалӣ ва хосияти умумибашарӣ дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ роҳҳои асосии бартараф кардани мушкилоти ҷаҳониро таъкид карда, муттаҳидии тамоми кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкориҳои созандаву бисёрҷониба муҳим арзёбӣ намуданд. Президенти кишвар фармуданд: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад.”
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки ҳеҷ як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад бо мушкилот ва таҳдиду хатарҳои муосир мубориза барад. Бартараф намудани мушкилоти об, пешгирии пайомадҳои мусаллаҳшавии бошитоб, терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ ҳамкориҳо ва муттаҳидии кулли давлатҳои ҷаҳонро талаб менамояд. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат нақши Созмони Милали Муттаҳидро ба сифати ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр сохтанд, ки “фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба таҳаввулоти босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба ниёз доранд”.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз афзоиши низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва талафоти ҷонии садҳо ҳазор аҳолии осоишта изҳори нигаронӣ карда, сарварони кишварҳоро даъват намуданд, ки барои хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон дар атрофи ҳадафҳои умумӣ муттаҳид шаванд.
Тибқи таҳлили коршиносон, дар шароити кунунӣ зиёда аз 56 давлати дунё дар низоъҳои дохилӣ ва байниҳамдигарӣ қарор доранд, ки ин ҳолат талафоти ҷонии садҳо ҳазор шаҳрвандони ин кишварҳоро ба бор оварда, миллионҳо нафари дигар аз минтақаҳои даргир ҳиҷрат кардаанд.
Бояд гуфт, ки дар шароити ҳассоси геополитикӣ пешниҳодҳои судманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати лидери сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ муфид ва саривақтӣ буда, дар таҳкими суботу оромӣ дар саросари ҷаҳон ва ҷустуҷӯи роҳу усулҳои ҷадиди мубориза бо таҳдиду хатарҳои нав нақши калидӣ хоҳад бозид.
Фирӯз РАМАЗОН,
корманди Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон