Беш аз 20 асар аз эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон дар намоише, ки Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва дар доираи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ташкил намуд, ба маъраз гузошта шуд.
Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорон тасвир ёфта, сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои обҳои мусаффо муаррифӣ менамоянд.
Масъалаи марбут ба обу иқлим дар сайёраи мо маҳз дар натиҷаи панҷ ташаббуси башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мавзуи калидии рушди устувори ҷаҳон қарор гирифт. Дар натиҷаи қабули ин ташаббусҳо ва амалисозии тадбирҳои мушаххас дар чаҳорчӯбаи барномаҳои қабулшуда обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба маротиб афзуд. Маҳз барои шиносоии бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз кӯҳҳо, пиряхҳо ва дарёҳои сермаҷро дар кишвари зебоманзари Тоҷикистон аз ҷониби Осорхонаи миллӣ намоиши «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ ёфт, ки то 4 апрел идома меёбад.
Дар он аз хазинаи Осорхонаи миллӣ асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон, ба мисли Х. Хушвахтов, З. Ҳабибуллоев, В. Боборикин, З. Довудов, И. Волинский, Б. Раҳимов, И. Сангов, А. Ҳайдаров, Ю. Талдигин, Р. Огдасаров, Я. Мамадқулов ва Б.Одинаев ба намоиш гузошта шудаанд.
Л. РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»