Марҳалаи аввали татбиқи барномаи воситаҳои ҳамоҳангсозии сиёсат дар мулоқоти роҳбарият ва намояндагони бахши иқтисодии мамлакат бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар доираи татбиқи барнома, ҳайати Хазина бо тамоми вазорату идораҳои шомили он вохӯриҳо гузаронда, шарҳу эзоҳи пешниҳодгардида дар давраҳои минбаъдаи музокирот ба инобат гирифта мешаванд. Дар ин бора Бонки миллӣ иттилоъ додааст.
Муҳокимаи ҳамкориҳо дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон»
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ бо намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Масаки Ишикава мулоқот намуд.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷопонро дар бахши иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ баррасӣ карданд.
Ҷаласаи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат доир гардид.
Вазорати мудофиа хабар медиҳад, ки дар он кормандони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ даъват шуданд, ки дар иҷрои вазифаҳои касбиву хизматӣ масъулияти баланд зоҳир намуда, бо ҳамкориву ҳамгироии муштарак дар таъмини амнияти давлату миллат, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Баррасии вазъи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода бо муовини вазири корҳои хориҷии Миср дар умури парлумонӣ Дина Форуқ мулоқот дошт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густаришу таҳкими муносибатҳо байни ду мамлакат дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ҳамкории байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дурнамои рушди робитаҳои ду кишвари дӯст
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Ахмет Гурбанов вохӯрд.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, ки дар мулоқот ҳамсуҳбатон ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавии ҳифзи табиат
Ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Форуми минтақавии ҳифзи табиати Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат барои Аврупо, Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ, ки дар шаҳри Брюггеи Белгия доир гардид, иштирок намуд.
Аз Кумита ба мо хабар доданд, ки Форум яке аз марҳалаҳои омодагӣ ба Конгресси ҷаҳонии ҳифзи табиати Иттиҳод мебошад, ки дар назар аст соли 2025 дар Абу-Забӣ баргузор гардад.
Ҷаласаи дуюми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ
Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи дуюми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Занон, сулҳ ва бехатарӣ: нақши занон дар устувории сулҳ, нест кардани зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон, таъмини бехатарии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» баргузор гашт.
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила ба мо тавзеҳ доданд, ки раиси Кумита Бунафша Файзиддинзода зимни суханронӣ оид ба роҳбарии занон дар таъмини сулҳу субот, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, бо назардошти омилҳои гендерӣ ва ҷалби фаъолонаи занон ба ҳамкории минтақавӣ, изҳори назар намуд.