Забон бо фарҳанг ва таърихи халқ алоқаи зич дорад. Мисоли равшан забони тоҷикӣ – забони аҷдоди мо буда, таърихи чандҳазорсола ва хатту алифбои беш аз 4-ҳазорсола дорад ва бояд ҳамаҷониба ҳифз карда шавад. Дар робита ба ин, ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён – номзади илмҳои филология, корманди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба аҳамияти ҳифзи забони модарӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири падидаҳои муосири забонӣ андешаи худро чунин иброз намуд:
– Барои ҳифз ва ҳимояи забон ҳар як ҷомеа бояд пуштибонию ғамхорӣ зоҳир намояд. Албатта, дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо, бубинед, ки бо ташаббус ва пуштибонию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ҳамаҷониба ҳимоя ва ҳифз карда мешавад. Исботи ин, пеш аз ҳама, дар қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешавад, ки дар асоси он забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Ғайр аз ин, пешбурди сиёсати давлат ва фаъолияти шаҳрвандон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла коргузорӣ, таҳсил ва, ҳатто, номгузории фарзанд ва ташкилоту муассисаҳо, бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) амалӣ карда мешаванд. Яъне, ҳамаи ин мақсаду ҳадафҳо барои боз ҳам густариш додани забон ва пойдору устувор мондани он мебошад. Ҳамзамон, кишвари мо барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ ва забони яғнобӣ низ шароит фароҳам меорад, зеро ки ин забонҳо дар баробари забонҳои форсӣ, авастоӣ, суғдӣ, паҳлавӣ, бохтарӣ ва хоразмӣ барои омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ осорхонаи зиндаро мемонанд.
Дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, хусусан тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», забони давлатиамон ҳифз ва ҳимоя карда мешавад. Аз ҷумла, дар қисми 6, моддаи 3 Қонуни мазкур гуфта шудааст, ки риояи қоидаҳои имлои забони адабии тоҷикӣ ҳатмӣ мебошад. Яъне, шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, дар фаъолияти рӯзмарра, коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ ва эҷоду таълифи асару маводҳои илмию фарҳангӣ аз вожаю истилоҳоти дурусти забон корбурд намоянд ва имлои забонро риоя кунанд, ки ин ҳам барои ҳифзи забон мусоидат менамояд. Ё ин ки қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» саривақтӣ буда, барои ҳифзи забон ёрӣ мерасонад. Агар ин ҳуҷҷати муҳим намебуд, бархе аз шаҳрвандон бо дарки нодурусти мафҳуми «демократия», ба номгузории туркию аврупоӣ зиёд майл мекарданд, ки ин бегонапарастӣ ҳасту бас.
Раҳим Зулфониён, ҳамчунин, ба суоли кадом омилҳо ба рушди забон таъсири манфӣ мерасонанд, посух доданд, ки дар замони муосир ба рушду густариши забон, пеш аз ҳама, таҳоҷумҳои иттилоотӣ ва фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ таъсир расонда, истифобарандагон дар он дар пайи ҷустуҷӯйи илм ва кашфиётҳо шаванд ҳам, аз ҷониби дигар фазои номусоиди интернетӣ ба шуур ва зеҳни онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҷо барои аз ҷиҳати маънавию равонӣ омода сохтани ҷомеа, хусусан ҷавонон, ба раванди босуръати истифодабарии техника ва технологияи муосир муҳим аст, ки ба таълиму тарбия ва донишандӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Дар ин бобат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли равон дар Рӯзи дониш, ки мулоқот бо кормандони маориф ва аҳли зиё доштанд, махсус таъкид кардаву дастур доданд, то дар барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои фаннӣ бо истифода аз сарватҳои маънавии бебаҳои халқамон, аз панду ахлоқи осори бузургон, кашфиёту назарияҳои илмии олимону донишмандони гузаштаамон, ки дар ҷаҳон дар илмҳои коинот – ситорашиносӣ ва илмҳои дақиқу фалсафа ва тиб ҳамто надоштанд ва шуҳрат пайдо карданд, самаранок истифода намоем. Бо аз худ кардани донишҳои ҷаҳонӣ бо шуур ва зеҳни тоҷикона ба забон вожаю истилоҳоти нав ворид намудан мумкин аст.
Акнун ки мо ба ҳадафҳои стратегӣ устувор қадам гузошта истодаем ва ба забономӯзии шаҳрвандон диққати бештар медиҳем, омӯзиши забонҳои хориҷӣ – англисию русӣ бояд дар заминаи забони давлатӣ анҷом дода шавад. Мо – тоҷикистониён, танҳо дар заминаи забони давлатӣ бояд донандаи дигар забонҳо бошем. Чунки дар баъзе хонаводаҳо дар раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ хавфи камтар истифода бурдани забони давлатӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, ҳифзи забонҳо муҳим аст, зеро ҳар як забон бо фарҳанг ва таърихи мардум зич алоқаманд аст. Забон дар ҳаёти инсон, дар таъмини шахсияти одамон ва ҳамзистии осоиштаи онҳо нақши муҳим дорад, ки дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо ин рисолатро забони давлатӣ (тоҷикӣ) иҷро мекунад. Забони давлатии мо дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати соҳибзабонону соҳибватанонамон, рушди бемайлони ҷомеа ва рӯзгори ободи мардуми кишварамон нақши муҳим мебозад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»