Барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон
2-7-уми октябр дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мусобиқа 69 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Эрон ва Федератсияи Россия иштирок дошт.
Дар масофаи олимпии 70 метр миёни мардҳо Анри Басиладзе (Гурҷистон) ғолиб шуд. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби Достон Каримов (Қазоқистон) ва Станислав Черемискин (Россия) гашт. Миёни бонувон Мубина Фаллоҳ (Эрон) медали тиллоро ба даст овард. Намояндаҳои Россия Марина Гилманова зинаи дуюм ва Нуринисо Маҳмудова ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Байни ҷавонон дар масофаи 60 метр ҷойи аввалро Рустам Юлдошбоев (Ӯзбекистон) гирифт. Варзишгарони мо Ансор Сафаров ҷойи дуюм ва Салимҷон Салимов мақоми сеюмро ишғол намуданд. Дар рақобатҳои даставӣ миёни мардон се ҷойи аввалро Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, миёни бонувон Россия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон мушарраф гаштанд. Дар сабқати даставии омехта Эрон якум, Россия дуюм, Озарбойҷон сеюм шуданд.
Дар ҷамъбасти Мусобиқа раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, котиби генералии Федератсияи ҷаҳонии камонварӣ Том Дилен баромад карданд.
Таъкид гардид, ки бо ҳидоят ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ба мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим қадамҳои устувор гузошта шуданд. Камонварӣ яке аз намудҳои маъмул дар кишвар ба ҳисоб меравад, ки шумораи дӯстдорони он аз ҳисоби ҷавонону наврасон торафт меафзояд.
ГӮШТӢ
Медали тиллои Кудиев дар Владикавказ
Легионери тими мунтахаби гӯштии тарзи озоди Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Мусобиқаи якуми байналмилалӣ ба хотираи бародарон Аслан ва Махарбек Хадарсеевҳо ғолиб шуд.
Мусобиқа дар шаҳри Владикавкази Федератсияи Россия бо иштироки 166 варзишгар аз 20 давлат гузашт. Абдулмаҷид дар вазни -70 гӯштӣ гирифта, дар финал намояндаи Муғулистонро шикаст дод.
Ғолибон дар ҳамаи вазнҳо бо 500 ҳазор рубл, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм мутаносибан бо 250 ва 125 ҳазор рубл қадр шуданд.
ФУТЗАЛ
Бразилия – чемпиони ҷаҳон
Чемпионати ҷаҳонии футзал дар Ӯзбекистон 6-уми октябр бо пирӯзии тими мунтахаби Бразилия анҷом ёфт.
Ин даста дар финал тими Аргентинаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ҷойи сеюм насиби дастаи Украина гашт, ки бар Фаронса бо ҳисоби 7:1 зафар ёфт.
Дастаи Бразилия маротибаи шашум унвони чемпиони ҷаҳонро сазовор шуд. Ин даста қаблан солҳои 1989 (аввалин Чемпионати ҷаҳон), 1992, 1996, 2008, 2012 ҷоми ҷаҳонии футзалро ба даст оварда буд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”