Бо ташаббуси роҳбарияти маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ва Шурои бонувони Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" бахшида ба 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Чеҳраҳои бонувони номошнои мамлакат" ҳамоиш баргузор гардид. Дар он китоби "Бонувони Тоҷикистон", ки гулчини мақолаву ҳикоя ва шеърҳои дар солҳои гуногун дар маҷалла чопшударо фаро мегирад, рӯнамоӣ шуд.
Дар чорабинӣ муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода, сармуҳаррири "Бонувони Тоҷикистон" Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Народная газета” Маҳбуба Камолова, журналисти номошно Умари Шерхон иштирок ва суханронӣ доштанд.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан ба мақому ҷойгоҳи занону бонувони тоҷик дар сиёсати пешгирифтаи хеш арҷ гузоштанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ қабул ва дар амал татбиқ шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаву стратегияҳо ва консепсияҳои зерини давлатӣ вобаста ба дастгирии занону духтарон дар мамлакат ҷойгоҳ ва мақоми занонро боз ҳам боло бурд, - гуфт Салима Раҷабзода.
Бино ба гуфтаи Шоҳона Одиназода, бо таъсис додани маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занону модарони тоҷик минбар доданд ва хомакашони ҷарида ҳам бо такя ба сиёсати Пешвои миллат талош мекунанд, ки аз ҳаёту фаъолияти занони кӯҳистон, модарони рустоҳои дурдаст, ҳунармандону санъаткорон, олимону тарроҳон, меъморону кирмакпарварон мақолаву лавҳаҳои ҷолиб интишор диҳанд. Дар солҳои фаъолияти хеш "Бонувони Тоҷикистон", воқеан ҳам, ба оинаи тамомнамои фаъолияти бонувони фаъолу боиродаи мамлакат табдил ёфтааст.
Ёдовар бояд шуд, ки роҳбарият ва кормандони маҷалла солҳои охир бо гузарондани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, сафар ба гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистон, рангину пурмуҳтаво намудани мазмуну мундариҷа, баланд бардоштани сифати чоп ва афзудани саҳифаҳои он, бо ханандагонаш робитаи бештар дарёфт ва ҳоло аз маҳбубтарин маҷаллаҳои кишвар маҳсуб меёбад. Муаррифии китоби "Бонувони Тоҷикистон" шаҳодат аз он медиҳад, ки аҳли қалами он дар ғанӣ гардондани ганҷинаи китобҳои миллат низ саҳм гирифтааст.
Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”