МАРЯМ ИСОЕВА. МОДАРИ САҲНАИ ТОҶИК
Дар баробари шунидани номи Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, пешорӯйи ҳар кадоме аз мо мухлисон симои бонуе пурмаҳорат ҷилвагар мешавад, ки давоми умри пурбаракати хеш дар саҳнаи театр образҳои ҷолибу хотирмон офаридааст. Бахусус, тайи солҳои тулонии фаъолияти ҳунармандиаш, нақши модар мавқеи меҳварӣ дорад.
Симои нуронӣ ва дили пур аз меҳру садоқати модар ба фарзанд дар нақшҳои офаридаи ӯ хеле барҷаста намоён гардидааст. Чуноне ки Марям Исоева изҳор медорад, бо нақши модар ба ҳунармандӣ шуруъ намуда, тайи ин солҳо симои барҷастаи занону модарони гуногунмиллат ва машҳури дунёро офаридааст. Аз ҷумла, яке аз онҳо нақши модар аз намоиши "Модар ва Темур"-и Максим Горкий дар таҳия коргардон Феоктис Александрин ба ҳисоб меравад: "Темури хунхор базм меорояд ва ҳама дар ҳоли мастиву беғамӣ қарор доранд. Баногоҳ, модар дар ҷустуҷӯйи фарзанд ба дари ӯ меояд ва фарёд мезанад. Фиғони модар мисли садои даранда ё нолаи уқоб пурдарду пуртаъсир аст, ки Темурро ба таҳлука меандозаду дар авҷи базм навкари худро мефиристад, то бидонад чи ҳодиса рух додааст. Пас аз чанде надим омада мегӯяд, ки зане омадааст, бо либоси дарида, дар хокҳо жӯлида, бо мӯйҳои парешон ва талаби даромадан ба назди ту дорад. Темур дар ҳайрат мемонад ва ҳисси кунҷковияш боло мегираду иҷозати вуруд медиҳад. Модар ба сони тулуи Офтоб падидор мегардаду, шуълаҳояш ҳамаро фаро мегирад. Ҳозирон ҳама сӯяш менигаранд. Ӯ мегӯяд: "Ту чи коре карда бошӣ ҳам, ба ҳар ҳол одам ҳастӣ, ман модарам. Ту ба Марг хизмат мекунӣ ман ба Ҳаёт. Ту дар назди ман гунаҳгор ҳастӣ ва бояд ба гуноҳи худ иқрор шавӣ"".
Дар ин муколама Марям Исоева паёми зиндагибахш будани модарро ончунон бо маҳорати воло ба тамошобин мерасонад, ки дили ӯро зуд тасхир месозад.
Қобили зикр аст, ки аксари нақшҳои зиёди офаридаи Марям Исоева фоҷиавиянд, ба мисоли Таҳмина аз намоиши "Рустам ва Суҳроб” аз рӯи асари безаволи Фирдавсӣ “Шоҳнома”, Медия аз фоҷиаи "Медия"-и Эврипид, Иокаста аз фоҷиаи "Шоҳ Эдип"-и Софокл, Гетруда аз "Ҳамлет"-и Шекспир. Ин нақшҳо шӯру исёни ботинии инсонро нишон медиҳанд. Ба гуфтаи Марям Исоева тавассути ин нақшҳо мо – ҳунармандон, дар образофарӣ такомул меёфтем. Дар баробари ин, ҳам дигаронро тарбия карда аз паси худ мебурдем ва ҳам худамон тарбият меёфтем.
Нақшҳои мондагори ин бонуи ҳунар дар саҳнаи театр Манзура аз “Гавҳари шабчароғ”-и Сотим Улуғзода, Мавҷуда Низомова “Иродаи зан”-и А. Сидқӣ, Ҳилол “Ҳукми модар”-и Файзулло Ансорӣ, Гулҷон “Қуллаи Футзияма”-и Чингиз Айтматов, Шафақ “Шаби гирифтани Моҳ”-и М. Карим, Клея “Эзоп”-и Гилерме Фигейредо, Медия “Медия”-и Эврипид, малика Иокаста “Шоҳ Эдип”-и Софокл, Бонушоҳ “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло, Хлестова “Дод аз дасти ақл”-и Грибоедов, малика Гетруда “Ҳамлет”-и Уилям Шекспир, Эмилия аз “Оттело”-и Уилям Шекспир, Калинка “Гунаҳкорони бегуноҳ”-и Александр Островский, Фарангис “Бежан ва Манижа” аз “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ва монанди инҳо мебошанд.
Дар синамо низ бо офаридани нақшҳои ҷолиб шуҳратёр гаштааст, ки барҷастатаринашон филмҳои “Ҳасани аробакаш”, “Бо амри дил”, “Рустам ва Суҳроб”, “Достони Рустам”, “Сирри гузаргоҳ”, “Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги тулонӣ”, “Туфон”, “Хомӯшӣ”, “Сирри оилавӣ”, “Об аз куҷо пайдо мешавад” ва “Қиссаи дерин” ба ҳисоб мераванд.
Ӯ рӯйи саҳнаи тоҷик мӯй сафед кардаву симоҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳониро аз замони Юнони Қадим то ба имрӯз офаридааст ва маҳсули эҷодаш хазинаи тиллоии театр ва синамои тоҷикро ғанӣ гардондаанд. Азми қавӣ ва иродаи мустаҳками ин бонуи ҳунарро на фоҷиаҳои зиндагӣ шикаста тавонистанду на монеаҳои роҳаш гашта. Ӯ бо ҷасорат ва устуворӣ тавонист садҳои эҷодгаштаро рахна карда, ба мақсади ниҳонии хеш муваффақ гардад.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”