МОДАРОН ДИЛИ БУЗУРГ ВА СОФУ БЕОЛОИШ ДОРАНД
Ин гуна истиқболи гарму нарм бо ҳама дурустиҳо ва хубиҳояш боз аз он ҷиҳат муҳимтар ба назар мерасад, ки итолиёиҳо, аллакай, дар симои духтарчаи навзод модари ояндаро мебинанд. Дар ҳоле ки чунин дурандешанд, муносибатро низ бо ӯ, фикр мекунем, бо риояи мулоҳизаҳои баёншуда ба роҳ меандозанд. Яъне, модари ояндаи миллатро тандурусту бомаърифату масъулиятшинос ба воя мерасонанд.
Зан-модар азизтарин офаридаи рӯйи Замин аст, ки Худованд ба ӯ, ҳамчунин, қудрати офарандагӣ ато фармудааст ва зиндагии инсон аз оғӯши пурмеҳраш оғоз мегардад. Модар тамоми ҳаёт барои хушбахтии фарзанд талош менамояд. Модар чун Офтоб ба мо нур мепошад, то дар зиндагӣ раҳгум назанем. Раҳмдилу мушфиқу ғамхор ва барои фарзандон гиромитарин, наздиктарин шахс ва дурри ягона аст. Фарзанд аз меҳру муҳаббат ва маслиҳату насиҳатҳои модар месабзад. Нахустин дарси одамияту маданиятро ҳам шахс аз модари худ меомӯзад. Дар ҳаққи модар чӣ қадар сухан гӯем кам аст. Онҳо хеле бузурганд!
Ситоишу бузургдошти модар аз замони ронда шудани Одаму Ҳаво аз биҳишт ва зода шудани Қобилу Ҳобил то имрӯз идома дорад ва паямбарону шоирон, суханофарону таронасароён кӯшиш кардаанд, дар намоёнсозии нозукиҳои меҳри модарӣ нуктаи ноберо дарёбанду баён созанд.
Ҷойи ифтихор аст, ки дар фарҳанги ориёӣ ва исломии мо зан-модар, эҳтирому қадру манзалати ӯ ҷойгоҳи хосса доштааст. Модар дар шеъри оламгири мо фариштаест, ки аз меҳраш сириштаанд. Ҷаннат дар зери қадамҳои ӯст. Ҳамеша барои мо даст бар дуо баланд мекунад ва пирӯзиямонро дар рӯзгор хостор мешавад. Агар ба сафар мебароем, чашмаш ба роҳ чор аст. Ҳеҷ кас моро бештар аз модар дӯст намедорад ва беҳтар аз модар наметавонад, ки ба вояамон бирасонад. Ҳеҷ кас ҷову мақоми ӯро гирифта наметавонад. Касе мисли ӯ аз шодии мо шод намешаваду аз ғамамон андуҳгин. Модари меҳрофарин ҳамеша бо ёди мост. Ба шарофати модар умр рангину зебо, дилкашу дилрабо аст. Агар фарзанд бемор аст, ҳар рӯз ҳазор бор мемирад ва зинда мешавад, то аз нав бимирад. Агар ҳам нимаҷон асту муштипар, барои ҳифзи фарзанд дар худ тамоми неруи ҷаҳонро пайдо мекунад ва мисли шери жаён меояд.
Ҷое хонда будам, модареро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонае меоранд, ки фарзандаш низ чандин моҳ дар он ҷо мехобид ва сар аз болин бардошта наметавонист. Табибон ҳам ба дардаш дармон намеёфтанд. Модару фарзанд бехабар аз қисмати оламу одам дур аз ҳамдигар, дар ҳуҷраҳои бахшҳои гуногун мехуфтанд. Фарзандаш гузашт, бурда гӯру чӯбаш карданд. Вақте модар ба ҳуш омад, аввалин сухане, ки ба забон овард, ин буд: «Маро дар паҳлуи писарам гӯронед». Ҷигарбандон гуфтанд: «Оё ягон зиндаро дар бари зинда гӯр кардаанд?». Бовар накарда, боз ҳамон сухани дилобкунандаашро такрор намуд: «Маро дар паҳлуи писарам гӯронед». Фарзандон аз ноилоҷӣ посух доданд: «Дар он гӯшаи мазор ҷои сӯзанзанӣ нест». Гуфт:
То шод дили модари ранҷур кунед,
Андешаи «ҷо нест» зи сар дур кунед.
Ҷо нест дар он пушта агар, рост маро,
Дар гӯшаи гӯри писарам гӯр кунед.
Дар тамоми давру замонҳо ва кулли мамолики дунё насли инсон назди модар – ин шахси муқаддас, сар фуруд меорад, эҳтиромаш медорад. Аммо, шояд, на ҳама дар олам медонанд, ки лафзи ширин ва гуворои модар ба бисёр шеваҳои олам маҳз аз забони дарӣ-тоҷикӣ сарчашма гирифтааст. Зиёда аз ин, рамзҳои бо модар тавъам тасвир намудани сарзамини аҷдодӣ, хоки муқаддаси ҷойи зиндагонӣ низ ба эҷодиёти соҳибсуханони тоҷик тааллуқ дорад. Ҳанӯз ҳазор сол қабл аз замони мо устод Рӯдакӣ дар сатрҳои безаволи хеш рамзи падару модар ва ҷойгоҳи ин мафҳумҳои бузургро дар фарҳанги инсонӣ чунин баён намуда буд:
Ҷони гиромӣ ба падар боздод,
Колбади тира ба модар супурд.
Моро модар меофарад ва пайдост, ки ӯ нахуст, дар аллааш аз боби хирад, пойбарҷо будани ҳикмати азалии зиндагӣ бар замири мо нақши асосӣ мегузорад. Агар ҳазор тир ба сӯяш биафкананд, худро сипар месозад, то ҷисму ҷони фарзанд дар амон бошад. Модар душман надорад, фарзандони ҷаҳон фарзандони ӯянд. Агар бар пойи яке хоре бихалад, ӯ оҳ мекашад ва ин хору ранҷи онро дар дили худ меёбад. Ҳеҷ меҳреро ба меҳри модар баробар наёфтаанд. Шабҳои дароз барои мо намехобад, то мо ба ноз ва ором, бо амну осоиш бихобем. Забонамон меомӯзонад ва сурудамон мехонад. Аз ҳикоёти Шайх Саъдист барои панду андарзи мо: «Вақте ба ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам, дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт: “Магар хурдӣ, фаромӯш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ?». Боиси таассуф аст, ки мехонему мешунавем ва аз ёд мебарем ва ё бар ин гуна фармудаҳо амал намекунем. Бар забонамон низ амр наменамоем, ки бигӯяд: «Модар, ин бор ҳам фарзанди хашмгину хатокоратро бубахш!».
Мо – фарзандон, дар ҳама даврони умр барои ӯ кӯдакем, кӯдаки дунёнадида, гарму сардии рӯзгор начашида. Нолаи ӯ, дуову ниятҳои ӯ, пасон, ҳамаи моро ба сӯи фардои умр ҳидоят менамоянд. Дасти дуояш ҳамеша барои фатҳу кушоиши мо боло аст. Модар муҳофизи мо аз дарду ранҷ аст. Марг ҳам ба ҷасорати ӯ, диловарии ӯ пеши пояш сари таъзим фуруд овардааст. Модар умеду такягоҳи мост. Ягон муҳаббату шафқат ҷойи муҳаббату шафқати модарро намегирад. Бар замми ин қадар бузургӣ ва меҳрубон буданаш, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи нодир мерасему иззату эҳтиромашро ба ҷо меорем. Ҳолатҳое мешаванд, ки дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро бо он ҳама дилсӯзию мушфиқиаш, бо меҳру муҳаббаташ ба коми фаромӯшӣ месупорем ва гоҳҳо носипосиҳоеро баҳраш раво медорем. Намефаҳмем, ки давлати фарзанд модар аст. Пайғамбарону шуаро симои воқеии ӯро дар сухан нишон дода, номашро то ба фалак баровардаанду дар наздаш сари таъзим фуруд овардаанд. Қудуми мубораки модарон шоистаи саҷда кардан аст. Дар нимаи қарни бистум Модари тоҷик ба миллати мо фарзанди накуномеро ҳадия кард, ки ӯ тавонист киштии хирад ва қисмати неки тоҷиконро ба маҷрои оромиву осоиштагӣ равон созад. Ҳамон модари хирадпеша, бо ҳамон «алла»-и содиқона, бо шири ҳалолу панди безавол Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мулки навини Тоҷикистон ба сифати фарзанди содиқи Модар-Ватан эҳдо намуд. Зиҳӣ, панди ҳалоли Модар!
Воқеан, ба ҳар коргоҳе, ки қадами мубораки занон мерасад, дар он ҷо идомаи анъанаи деринаи модарона, низоми эҳтиёту риояи меъёри инсоф ва сарфаву сариштакорӣ мавқеи мустаҳкам пайдо менамояд. Аз ин хотир, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки занони дурандешу оқил дар амалӣ шудани нақшаҳои калидии давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузошта, сазовори суруди мардона:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд,
будани худро исбот карда метавонанд.
Шоири овозаманди Доғистон Расул Ҳамзатовро барои гуфторҳои пурэҳсосаш дар бораи модар меписандиданд. Расул Ҳамзатов дар манзумаи «Модаронро эҳтиёт кунед!» чунин гуфтаҳои омӯзандаро овардааст: «Даҳшатноктарин дарди дил онест, ки ту бо чашми худ ба гиряҳои модар менигарӣ, вале чорае надорӣ вайро ором созӣ. Мебояд насли наврасро омӯзонд, ки на танҳо модари худро дӯст бидоранду арҷ бигзоранд, балки бо модари бегона низ арҷгузору дӯстдор бошанд».
Мо ҳамон вақт ба пирӯзӣ ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем. Ҳаққи модарро, ҳамчун фарзанди асил бояд бишносем.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»