Тибқи маълумоти сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, то имрӯз зиёда аз 1600 хоҷагии пахтакор аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта гузориш додааст.
Пахтакорони вилоят ният доранд, ки соли равон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда 134 ҳазору 530 тонна пахта ба даст оранд.
Ҳамарӯза беш аз 50 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён ба пахтачинӣ баромада, қариб 3,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мекунанд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, хабар дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»