Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар мубоҳисаҳои умумии Кумитаи дуюми иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки Ҷонибек Ҳикмат ба зарурати талошҳои фаврии ҷаҳонӣ барои рафъи камбудиҳо дар ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 таъкид кард.
Ӯ, ҳамчунин, кишварҳои аъзои Созмонро барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.
Баррасии масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ
Тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо муовини вазири саноат ва савдои Россия Роман Чекушев баррасӣ гардид.
Вазорат иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми вохӯрӣ таҳкими талошҳои муштарак бобати татбиқи бандҳои нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, аз ҷумла таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни ду давлат, таҳкими робитаҳои саноатӣ байни корхонаҳои соҳавӣ, муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар чорабиниҳои якдигар махсус таъкид гардид.
Рушди ҳамкории Тоҷикистон бо USAID
8-уми октябр муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо муовини ёвари маъмури USAID оид ба масъалаҳои Осиё хонум Анҷали Каур вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва USAID дар самти татбиқи лоиҳаву барномаҳои амалкунанда дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф баррасӣ шуд.
Ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ шуданд
8-уми октябр ҷаласаи Комиссияи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гашт.
Аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мо иттилоъ доданд, ки зимни ҷаласа ҷонибҳо оид ба самтҳои муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм, дастгир ва истирдоди ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон, омӯзиши роҳу усулҳо ва пешгирии ҷиноятҳои кибернетикӣ мубодилаи афкор намуданд.
Конфронси минтақавии коршиносон
9-уми октябр дар мавзуи «Санҷиши поктинатӣ дар хизмати давлатӣ: таҷрибаи пешрафта, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳал» конфронси минтақавии коршиносон оғоз гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар он коршиносон ҳадафҳо, вазифаҳо, равишҳои асосии ташкил ва воситаҳои имконпазир барои тафтиши ҳамаҷонибаи поктинатиро баррасӣ менамоянд.
Татбиқи лоиҳаи ташкили корхонаҳои истеҳсоли панелҳои офтобӣ
Масъалаи татбиқи лоиҳаи ташкили корхонаҳои истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо ҳайати Ҷумҳурии Корея барасӣ гашт.
Аз Кумита ба мо иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ оид ба тақвияти корҳо дар ин самт ибрози омодагӣ шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо сатҳи ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими Кореяро ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Рушди робитаҳои иқтисодӣ дар шароити татбиқи лоиҳаи CASA-1000
8-уми октябр дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар ҳамин мавзуъ ҳамоиш баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст: «Лоиҳаи CASA-1000 бо ташаббуси мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таъсис ёфта, онҳо талош доранд, ки мушкилоти муайянро ҳал намуда, «энергияи сабз»-ро дар минтақа фароҳам созанд. Дар ин амр Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар истеҳсоли «энергияи сабз» дар АвруОсиё арзёбӣ гардидааст».
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи сайёҳӣ
Масъалаҳои афзоиши шумораи сайёҳон дар Ватани маҳбубамон ва ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Давлати Қатар дар вохӯрии намояндагони ду давлат баррасӣ гардиданд.
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки зимни вохӯрӣ вобаста ба мавҷудияти имконияти фаровони сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор дар Тоҷикистон, маълумот дода шуд.
Ҷониби Қатар иброз намуд, ки ҳоло Тоҷикистон бо доштани табиати зебо, мероси фарҳангию таърихӣ, таомҳои миллӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ мавриди таваҷҷуҳи гардишгарон қарор гирифтааст.