Суруди миллӣ дар худ бо оҳанги пурифтихори мутантан васфи ваҳдату ягонагӣ, садоқатмандӣ, сулҳу осудагӣ, арҷгузорӣ ба гузаштаву ояндаи миллат, паҳлавониву қаҳрамонии фарзандони ҷонфидои он, худшиносиву худогоҳӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дигар хислатҳои волои инсони комилро ғунҷондааст.
Пайдоиши мафҳуми "суруди миллӣ", "суруди давлатӣ", "гимн" ва ё "суруди асосӣ" таърихи хеле қадима дошта, решаи он ба умқи таърих мерасад. Тавре ки аз сарчашмаҳо маълум мешавад, гимнҳо нисбат ба нишон ва парчам барвақттар пайдо шудаанд. Гимнҳои қадимтарин дар давлатҳои Миср, Месопотами, Сурия дар шакли сурудаҳои динӣ - ибодатӣ эҷод шуда, аввал дар шакли хониши оҳангдору мутантан дар Юнони Қадим ҷорӣ гардидааст. Аввалин шоироне, ки гимн навиштаанд, Ҳомер, Анакреонт ва Пиндар мебошанд, ки дар асрҳои 4-5 пеш аз милод зиндагӣ кардаанд. Минбаъд тамоми давлатҳои мутамаддин гимни хосаи худро доштанд, ки дар маросими гуногуни тантанавӣ садо медоданд ва бо мурури замон ва дигаргуншавии фазои сиёсиву иҷтимоӣ тағйир меёфтанд. Ба ин мисол шуда метавонад Гимни Федератсияи Россия, ки ҳашт маротиба қабул шудааст.
Пайдоиши гимнҳо ба воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ вобастагии қавӣ дошта, дар бисёр давлатҳои дунё онҳо ҳангоми ҷангҳои озодихоҳона ва шӯришу инқилобҳо эҷод шудаанд. Масалан, Гимни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико «Звёздная знамя» соли 1814 ҳангоми ҷанг бо Англия, Гимни Мексика соли 1853 дар ҳоле, ки дар ҷанг бо ИМА нисфи ҳудудашро аз даст дода буд, навишта шудаанд. Вобаста ба таърихи пайдоиши гимни баъзе давлатҳо воқеаҳои аҷиб ва рӯйдоди ғариберо низ нақл мекунанд. Масалан, Гимни ҷазираи Еленаи муқаддасро Дэвид Митчел ном шоири амрикоӣ, ки дар умри худ ин кишварро надидааст, бо хоҳиши яке аз дӯстонаш эҷод мекунад. Гимни мазкур аз соли 1975 то имрӯз ҳангоми ба сафар баромадани киштиҳо ва ҳар саҳар ба воситаи радио садо медиҳад. Ё ин, ки мусиқии Гимни шоҳигарии Таиландро оҳангсози рус Петр Шуровский навиштааст ва ҳангоми иҷрои гимни Империяи Россия «Молитва русских» бошад, давоми 15-сол мусиқии Гимни Англия истифода шудааст.
Вобаста ба тағйир ёфтани муносибатҳои давлативу ҷамъиятӣ мазмуну муҳтавои гимнҳо низ иваз мешуданд. Гимнҳои аввалин, асосан, сурудҳои динӣ, ҳарбӣ (маршӣ) буданд. Мусаллам аст, ки аҷдодони мо низ ҳангоми ибодат яштҳову готҳои Авесторо бо оҳанги мутантан мехонданд. Сурудҳои халқӣ, аз ҷумла фалакро низ, бобоёни мо бо истифодаи тору чангу доира бо тантана ва ҳаяҷон месароиданд, ки аксаран мазмуни васфи Ватану диёру мазаммати ғарибиро доштанд.
Инчунин, дар ҳама давру замонҳо дар дарбори шоҳон як зумра шоирону сарояндагон ва оҳангсозон фаъолият мекарданд, ки аксаран ба гуфтан ва сурудани ашъори ситоишиву ифтихоромез машғул буданд. Онҳо дар сурати ғалаба бар душман бо ашъори мадҳиву сурудҳои бо тантана шоҳону саркардагонро ситоиш мекарданд, қаҳрамониву паҳлавонии ғолибонро васф менамуданд.
Таърихи адабиёти форс-тоҷик бештар шоиронеро ёд мекунад, ки бо эҷоди шеърҳои ватандӯстона инсонҳоро ба ваҷд оварда, дар вуҷуди хонандаву шунаванда эҳсоси баланди ватандориву худшиносӣ, ҳимояи марзу бумро бедор мекарданд. Ашъори ин гуна шоирон низ, аз рӯи шаклу мазмун ва вазну оҳанг дорои бисёр хусусиятҳои гимнӣ буданд. Масалан, ба андешаи мо, шеъри «Бӯи ҷӯи Муллиён»-и устод Рӯдакиро, ки саропо аз ситоиши бузургиву шаҳомат ва меҳру муҳаббати Ватан иборат аст, метавон яке аз аввалин гимнҳои давлати тоҷикон номид. «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ низ саропо манзумаи ифтихоромезу мутантан ва оҳангдорест, ки хонанда беихтиёр онро бо эҳсосоти баланд замзама мекунад. Достонҳои «Шоҳнома» ҳама аз паҳлавониву қаҳрамонӣ, ғайрату шуҷоат ва фидокориву ҷоннисорӣ дар роҳи ҳимояи марзу буми Ватан қисса мекунанд, қаҳрамонҳои асар зери садои таблу нақора барои ҳимояи Ватан бархоста, бо ҳамин қоида ғалабаи худро зикр мекарданд. «Шоҳнома»-ро низ пурра метавон гимн ё суруди миллӣ номид:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаку хурду пайванди хеш
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Аввалин Гимни давлатии Республикаи советии сотсиалистии Тоҷикистон соли 1946 қабул мегардад ва дафъаи дуюм бошад, бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз чоруми ноябри соли 1977 дар таҳрири нав бо матни шоири инқилобӣ устод Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги С. Юдаков тасдиқ гардида, аз якуми феврали соли 1978 то соли 1994 амал мекунад. Ҳафтуми сентябри соли 1994, №1074 аз тарафи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, аз ҳамин давра Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо матни Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков (оҳанг аз Гимни давлатии Республикаи советии сотсиалистии Тоҷикистон гирифта шудааст) дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол танинандоз аст. Суруди миллӣ дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ ва конститутсионии худро ёфтааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ аст». Ҳамчунин, боби 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Суруди миллӣ бахшида шуда, тартиб ва мавридҳои иҷро гардидани онро муқаррар кардааст.
Барои таҳқири рамзҳои давлатӣ мувофиқи моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Бузургиву ҷаззобияти Суруди миллии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон дар он ифода ёфтааст, ки дар матни он, умуман истилоҳи «миллат» дарҷ нагардида, маҳфумҳои «Диёр», «Ватан», «Модар», «Тоҷикистон», «Парчам», «Давлат», «Бахт», «Саодат», «Нишона», «Ворис» мазмуни миллати сарбаланд, соҳибтамаддун, дурандешу бофазилат, босаодат ва бо дигар миллату давлатҳо ҳабибу дӯстро пурра инъикос кардааст. «Давлати бегазанд» ва «Тоҷикистони озод» нишона аз ягонагии давлат, муттаҳидии миллат, дахлнопазириву соҳибихтиёрӣ ва тағйирнопазирии сохти конститутсионии Тоҷикистон аст. «Ба зери Парчам саф кашидан» маънои сарҷамъиву муттаҳидӣ, ваҳдату ягонагӣ, шуҷоату далерӣ, қаҳрамониву паҳлавонии фарзандон, дорои артиши тавоно будани давлатро дорад. Нангу номуси миллӣ, поси хотири гузаштагон, баҳри фарзандон мерос гузоштани Ватани ободу зебо аз хислатҳо ва азму талошҳои фарзандони вафодору фарзонаи ин миллат аст, ки онро ҷовидона зинда нигаҳ хоҳанд дошт. Ягона будани Модар ва Ватан маънои онро дорад, ки ин ҳар дуро наметавон тақсим кард. Побарҷо будани оила ва давлат аз бақои Модару Ватан ва ҳифзу эҳтироми онҳо сахт вобаста аст.
Суруди миллӣ ном гирифтани гимн ё суруди асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънои ба эътибор нагирифтани манфиати дигар халқияту миллатҳои дар ин сарзамин истиқоматкунандаро надорад, баръакс, аз мазмуну муҳтавои он бар меояд, ки миллати тоҷик эҳтироми дигар қавму миллатҳоро ба ҷо оварда, ҳамкориву дӯстиро бо дигар кишварҳои ҷаҳон асоси расидан ба саодатмандӣ медонад.
...Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,
ҳабиби мост.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Аз ҷониби устод Гулназар Келдӣ интихоб шудани оҳанги Гимни пешин, ки ба оҳангсоз С. Юдаков тааллуқ дошт, инчунин, аз тарафи ҳайати ҳакамон дастгирӣ ёфтани ин иқдом, бори дигар шаҳодат медиҳад, ки дар давлати соҳибистиқлоли мо эҳтироми дигар қавму миллатҳо ба ҷо оварда мешавад.
Дар ҳақиқат, оҳанги Суруди миллӣ ботантана, ҷаззоб ва таъсирбахш буда, бо матн мувофиқати комил дорад ва ҳар як ватандори ин сарзаминро ба ифтихордорӣ аз гузашта, шукргузорӣ аз ҳаёти имрӯза ва ҷаҳду талош ба хотири ояндаи дурахшону шукуфони Ватан водор мекунад.
Хулоса, мазмуну мундариҷа ва муҳтавои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвири гузаштаи пурифтихор, имрӯзи бобарор ва ояндаи дурахшону гулфишони Ватанро дар бар гирифта, бо такя ба ақлҳои солими фарзандони дурандешу фарзонаи ин обу хок, дифоъ аз масъалаҳои амнияти миллӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон, яъне соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани давлат намудааст.
Дар қатори дигар муқаддасоти милливу давлатӣ, арҷгузорӣ ба Суруди миллӣ ҳамчун дастоварди сиёсиву фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи имониву виҷдонии ҳар як фарди худогоҳ аст, зеро дар он ормонҳои миллату давлат нуҳуфтаанд.
ЮСУФЗОДА Юсуфҷони Сангаҳмад,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3,
номзади илмҳои педагогӣ