ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРОССВОРД
АЗ ЧАП БА РОСТ:
1. "Меъда"-и мошин. 4. Мужда. 9. Бемории сироятӣ. 14. "ВАЗ-1111". 15. Аввалин президенти сиёҳпӯст дар Қасри сафед.
16. Ҷонварест монанди мӯрча, ки дар рӯи об метозад. 17. Маҷмуъ, анбошта. 18. Гурӯҳе аз мардуми Мадина, ки пас аз ҳиҷрати ҳазрати Муҳаммад (с) аз Макка ба Мадина ба он Ҳазрат (с) имон оварданд ва ӯро ёрӣ карданд. 19. Атом. 20. Дар кадом шаҳр ҷоизаи Нобелӣ дар риштаи адабиёт супурда мешавад?
22. Пойтахти "чашмтанг". 23. Гӯсфанди шохҳои каҷ дошта. 24. Ғолиби озмун. 26. Суруди калисоӣ. 27. Қаторҳо. 30. Мурғи хушовоз.
31. Боқимондаи ягон чиз ё моеъ, масалан дар сатил. 33. Аз набера хурдтар. 35. Як соҳаи кишоварзӣ. 38. Ғамгин. 39. Ҳамсари содиқ.
40. Забони сунъӣ. 41. Тешук. 42. Сана ба русӣ. 46. "... Булба", Гогол. 49. Гилем. 50. ... Расо, шоир ва нависанда. 51. Хатти каҷ дар геометрия. 54. Беҳамто. 55. Хавф. 56. Дарё дар Англия. 57. Гург - роҳнамои Маугли. 58. Зинат додани арчаи солинавӣ. 59. Шаҳр дар Нигерия. 60. Комфорт. 61. Беҳтарин футболбози Ҷоми Ҷаҳон 2022. 62. "Картошка"-и тропикӣ
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Чалпакчаи ирландӣ аз картошка. 2. Яхмоси эскимосии Аляска. 3. Ғизои миллии субҳона аз Уганда. 4. Тифоқнабуда. 5. Ҷамъи ибн.
6. Часпондан. 7. Роҳбалади намози ҷамоат. 8. Ҷои насби қулф. 9. Даҳто сад. 10. Шаҳр дар Ӯзбекистон. 11. Модели мусофирбари Мерседес Бентс. 12. Ухувват. 13. Фарзанди падар. 21. Пойтахти давлат ҷазираи Сент-Люсия. 22. Гармӣ. 24. Некуаҳвол. 25. Лӯлидухтари машҳур. 27. Шохоби дарёи Нева. 28. Яке аз паҳлавонони "Шоҳнома". 29. Омоҷ.
32. Дастур. 34. Хушахлоқ. 35. Хӯроки миллии ҷопонӣ. 36. Шахсе, ки моликияташро ба кироя медиҳад. 37. Хатти борики рости рӯи коғаз. 38. Асл ва моҳият. 43. Ошкор. 44. Тӯмор.
45. Меваи дорои пӯсти чӯби сахт. 47. Шаҳр дар Марокаш. 48. Хулқу рафтор. 49. Шаҳр дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон. 51. ... Майкл, ҳунарпешаи амрикоӣ. 52. Граф Де Ла Фер.
53. Босс. 54. Ҷинси шер. 55. Одами "бетаҷриба".
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
МАДИНАИ РУСТАМ
Паҳлавонбонуе аз табори Гурдофариду Рудоба
Мадинаи Рустам, паҳлавондухтар аз ноҳияи Восеъ, бо маҳорати волояш дар мусобиқаҳои гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, ки бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (21 март) ва шаҳри Бохтар (22 март) баргузор шуд, соҳиби ду Шоҳҷоиза – ду мошини сабукрав гашт.
Гурдофариди майдон дар ноҳияи Абду-раҳмони Ҷомӣ бо шикаст додани шаш рақиб соҳиби автомобил гашт. Бо мақсади гиромидошти расму оинҳои паҳлавонӣ, ки яке аз хислатҳои чашмгири паҳлавонон ёрӣ расондан ба нотавонон мебошад, Шоҳҷоизаи бурдкардаашро ба хонаи ятимони ноҳия туҳфа кард. Аҳсанаш бод!
Дар адабиёти куҳани мо истилоҳе ба гунаи «Гулрезони паҳлавонон» ба чашм мехӯрад, ки он ба мусобиқаҳои гӯштӣ пайвастагӣ дорад. Истилоҳи «Гулрезон» ба он ишора доштааст, ки ҳар сол айёми Наврӯз дар майдончаи мусобиқаҳои гӯштӣ рӯймолеро мегустурданд ба хотири саҳмгузории тарафдорони ин ё он паҳлавон дар дастгирии ниёзмандон. Яъне, ҷамъоварии хайрияи маблағе барои дастгирии нотавонон ва гӯштигирони бемору ба пирӣ расида.
Гӯштигирбонуи диловар дар шаҳри Бохтар бо мағлуб кардани 9 ҳариф соҳиби мошини тамғаи «Лада приора» шуд. Калидро дар вазъияти тантанавӣ ба Мадина раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид супурд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
МУҲАҚҚИҚ
Порае аз рӯзгори Ҳусния Хуҷамёрова
Қаҳрамони навбатии рубрикаи «Ҳамватанони муваффақи мо» ҷавон-духтаре аз Бадахшони Тоҷикистон аст, ки баҳри бақои илму дониш дар Амрико таҳсилу фаъолият дорад.
Ҳусния Хуҷамёрова муҳаққиқи ҷавони забон-ҳои помирӣ, муаллифи китобҳои кӯдаконаи Pomeri Sugen, Pomir Zindaist ва китоби афсонаву ҳикояҳои кӯдакона ба панҷ забони помирӣ буда, айни ҳол дар Эътилофи забонҳои таҳти хатар (Endanjered Language Alliance) ҳамчун муҳаққиқи забонҳои помирӣ фаъолият мекунад. Кори манфиатоваре, ки Ҳусния ба ҳамзабонону ҳамдиёрони худ анҷом медиҳад, ин ҳифзи забонҳои гуфтугӯии мардуми Бадахшон аз нобудшавист, зеро хавфи азбайнравии бархе забонҳо баръало ба чашм мерасад. Ба қавли қаҳрамони қиссаи мо ӯ аввалин муҳаққиқи забонҳои помирӣ дар Амрико буда, бо забонҳои вахӣ, шуғнӣ, рӯшонӣ, бартангӣ ва ишкошимӣ (ринӣ), аллакай, 3 китоб ба нашр расондааст.
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
НАПОЛЕОН: «АГАР ГАЗЕТАИ «ПРАВДА» ДАР ИХТИЁРИ МАН МЕБУД…»
Искандари Мақдунӣ, Сезар ва Наполеон ба ҳайси меҳмонони олиқадр паради ҳарбиро дар Майдони сурх тамошо доранд:
– Агар танкҳои шуравӣ дар ихтиёри ман мебуданд, – мегӯяд Искандар, – ҳеҷ гоҳ мағлуб намешудам.
– Агар тайёраҳои шуравиро медоштам, тамоми ҷаҳонро аз худ мекардам, – луқма мепартояд Сезар.
– Агар газетаи «Правда» дар ихтиёри ман мебуд, – мегӯяд Наполеон, – оламиён то ҳол дар куҷо будани Ватерлоои муқаддасро намедонистанд.
Эзоҳ: Ватерлоо - шаҳри таърихӣ дар ҳудуди Белгияи имрӯза, 18 июни соли 1815 замоне машҳур шуд, ки артиши Фаронса зери роҳбарии Наполеон аз ҷониби коалитсияи ҳафтум бо фармонфармоии герсог Веллингтон ва фелдмаршал Блюхерамаш пурра торумор гашт.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР ДАР ВАРЗИШ
МУЪҶИЗА
Дарвозабон аз масофиа 101 метр гол зад
Дарвозабони аргентинии бошгоҳи «Кобресал»-и Чили Леандро Рекена дар даври нуҳуми чемпионати Чили (19 марти соли 2023) ба дарвозаи дастаи «Коло-Коло» голе зад, ки дар таърихи футбол назир надорад. Ӯ бо ин тӯби ба самар расондааш исми худро абадан дар таърихи футбол сабт намуд.
Дар дақиқаи 77-уми бозӣ вақте ки дастаи Рекена бо ҳисоби 2:0 пешсаф буд, дарвозабон дар назди дарвоза тӯбро ба пеши пояш партофта, бо зарбаи сахт ба нимаи майдони ҳариф равон намуд. Тавре дар навор дида мешавад, тӯб қариб 80 метр “парвоз” карда, сипас ба замин зада, аз болои сари дарвозабони «Коло-Коло» Брайан Кортес, ки аз майдончаи ҷаримавӣ берун буд, гузашта вориди дарвоза мешавад. Мухлисони дар варзишгоҳи “Estadio El Cobre”-и шаҳри Салвадор буда, ангушти ҳайрат мегазиданд.
Ба иттилои TNT Sports Chile, голи Рекена аз масофаи 101 метр зада шуд. Ин маънои онро дорад, ки ӯ ба номаш рекорди мутлақро сабт намуд.
Ду рекорди қаблиро низ, дарвозабонон Том Кинг (96,01 метр) ва Асмир Бегович (92 метр) гузошта буданд.
Бар пояи маълумоти нашргашта, роҳбарияти дастаи «Кобресал» барои сабти гол дар Китоби рекордҳои Гиннесс дархост пешниҳод кардааст.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
АЗ ОЛАМИ МӮД
МАРИО ПРАДА
Марио Прада дар Милан (Италия) таваллуд шудааст. Хонаи мӯди Прада соли 1913 аз ҷониби бародаронаш таъсис ёфтааст. Стратегияи тиҷорати оилавӣ, ки "Fratelli Prada" ном дошт, истеҳсоли халтаҳо ва ҷомадонҳо барои сарватмандону ашрофони Италия буд. Тарҳи беназир ва маводи баландсифати халтаҳои Prada имкон дод, ки на танҳо муштариёни доимӣ дар симои сарватманди итолиёвӣ, балки VIP-и хориҷӣ низ, ҷалб карда шаванд. Ба туфайли талаботи устувори маҳсулот, корхона бо суръати тез тараққӣ кард. Маҳсулоти корхона тавонист дар соли 1950 ба бозорҳои хориҷӣ ворид шавад. Марио Прада соли 1958 вафот карда, набераи асосгузори Прада Миучча Прада соли 1978 роҳбарии хонаи мӯдро ба уҳда гирифт.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ЗИМИСТОНИ АФСОНАВӢ
4. АМСТЕРДАМ. НИДЕРЛАНД
Дарё ва каналҳои Амстердам дар ҳама фасли сол ҷолибу диданианд. Аммо дар фасли зимистон вақте ки барф рӯйи боми хона ва баржаҳо мехобад, дарахтон ва фонусҳои лаби соҳилҳоро мепӯшонад манзараи хеле ҳам зебову афсонавиро пеши назар меорад. Дар ин фасли сол шаҳр ба як манзараи бузурги афсонавӣ табдил меёбад.
Гумон меравад, ки фариштае аз филмҳои тасвирии “Дисней” чӯбчаи сеҳрнокашро алвонҷ додааст ва шумо вориди яке аз ин филмҳои тасвирии зебо шудаед. Ин эҳсосот замоне боз бештар мегардад, ки сармо тамоми ин дарёву каналҳоро ях мекунад ва дар рӯйи он аз хурд то бузург ба яхмолакбозӣ мепардозанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
1 АПРЕЛ РӮЗИ ХАНДА
Зане ба шавҳараш гуфт:
– Азизам, ба Шумо як савол дорам.
– Гӯш мекунам, – гуфт шавҳараш.
– Шумо маро бештар дӯст медоред ё шаробро?
Шавҳар фикр накарда ҷавоб дод:
– Албатта туро, азизам, ҳангоме ки дар даст шароб дорӣ.
* * *
Зан ҳаваси ҷарроҳии пластикӣ кард. Барои розӣ намудани шавҳар аз субҳ то шом хонаву дарро тоза намуда, хӯрокҳои дӯстдоштаашро пухта, худро бо зару зевар оро дод ва омаданашро интизор шуд. Хӯроки шомро якҷо хӯрданду зан бо нозу карашма ба шавҳар гуфт:
– Азизам, дар Тоҷикистони худамон низ, ҷарроҳии пластикӣ мӯд шудааст. Чанд нафарро дидам, ки пас аз ҷарроҳӣ ба куллӣ зебо шуданд. Шумо медонед-ку чашмони бодомқавоқ дорам, биниам низ, на он қадар хурд, миҷгон-ку тамоман надорам. Агар ҷарроҳӣ кунам зебо мешавам. Розӣ шавед, хоҳиш мекунам.
Шавҳари зан ҷавоб дод:
– Занакҷон, чаро ин қадар худатро азоб медиҳӣ? Чашмам, биниам, миҷгонам. Роҳи осон ва хубтараш ҳамон калаатро якбора аз гарданат ҷудо кунанд, на ту азоб мекашиву на ман.
Таҳияи ШОҲОНА
ЯК МАНЗАРА
Кӯдак хешовандашро, ки бо сол аз ӯ калонтар аст, бо ном садо мекунад. Хешованди ношунавояш ӯро намешунавад ва ба ҷонибаш наменигарад. Кӯдак боз садо мекунад, аммо бе натиҷа. Пас аз ин ба ғазаб меояд, аммо ношунаво дар тааҷҷуб ҳам намеафтад. Фақат ду модар бо дидани ин манзара дарунӣ ранҷ мебаранду беихтиёр оҳ мекашанд.
А. РАҲИМ
ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ
1. Суръати миёнаи бориши борон 35 км/сония аст.
2. Миқдори марговари шоколад барои инсон дар як вақт 10 килограмм истеъмол кардани он мебошад.
3. Барои он ки занбӯрҳои асал як килограмм асал ҳосил кунанд, бояд дар болои 10 миллион гул нишинанд.
4. Гаронтарин рақами автомобил дар ҷаҳон – «1» бо маблағи 14 миллион доллари амрикоӣ фурӯхта шудааст.
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
ТАКОНИ ҶАҲОН
Бо меҳрубонӣ шумо метавонед ҷаҳонро такон диҳед.
* * *
Мард он аст, ки аз марги дил метарсад, на аз марги ҷисм.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
4. СОҲИЛИ ЗЕБОТАРИНИ САЙЁРА
1. PINK SANDS
Pink Sands яке аз соҳилҳои зеботарину маъруфтарин на танҳо дар Багами Исландия, балки дар тамоми ҷаҳон машҳуру номдор гардидааст. Ин соҳил барои истироҳат табиати бисёр ҳам мувофиқ дорад. Дар ҳама фасл аз тамоми минтақаҳои сайёра ҳазорон сайёҳ ба ин ҷо ташриф меоранд. Аҷоибии ин соҳил дар он аст, ки хокаш гулобӣ, обаш кабуд ва осмони софу беғубор дорад. Он бо табиати гуворову дилкаш ва диққатҷалбкунанда зеботарин соҳили ҷаҳон муаррифӣ шудааст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ПИРЯХИ МУСТАР
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
Ҳавзаи дарёи Оби Хингоб дорои 50 пирях буда, пиряхи Мустар аз ҷумлаи онҳост. Пиряхи мазкур дар баландии то 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар қисмати чапи ҳавзаи дарё ҷойгир аст ва он пиряхи мураккаб ҳисобида мешавад. Тадқиқоти илмии Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, нишон доданд, ки пиряхи мазкур соли 2004 ба андозаи 500 метр лағжидааст. Аз соли 2004 то соли 2011 ҳолати пирях тағйир наёфта, обшавии забонаи он муътадил буд. Вале, оғоз аз соли 2012 то 2016 пиряхи Мустар якбора 1400 метр қафонишинӣ кардааст ва хавфи обшавиаш сол ба сол меафзояд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ПЕШРАВИИ ТИББИ МУОСИР
Табибе аз Нигерия занеро, ки дар ҳафтаи 23-юми ҳомиладорӣ қарор дошт, бо сабаби варам доштани бачадонаш ҷарроҳӣ кард. Ҷарроҳ кӯдакро аз бачадон берун бароварда, варамро гирифт.
Аҷибаш ин, ки кӯдакро боз дубора ба бачадони модараш гузошт. Зан баъди 36 ҳафтаи ҳомиладорӣ духтараки солимро таваллуд кард.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МЕТОДИ НАВ
Аз омад-омади комиссия ҳама дар таҳлукаву директори нав ҳам. Ин ҳолатро дида муаллими ҷавон ба гӯши ӯ мегӯяд:
– Устод меҳмонҳоро ба синфи худам дароред, ман илоҷашро меёбам.
Дар ҳақиқат, ягон саволи комиссия бе ҷавоб намемонад. Ҳатто барои худи директор ҳам, шубҳаовар намуд, ки баробари садо додани савол тамоми синф даст боло мекунад.
Баъд аз гусели комис-сия директор муаллими ҷавонро ба наздаш мехонад:
– Ман медонистам, ки дар синфи шумо бачаҳои фаъол ҳастанд, вале то ин ҳад омода буданашон ҳеҷ имкон надошт. Ҳоло ки ҳардуямон танҳоем, бигӯед, ки сирри муваффақият дар чӣ буд?
– Ин методи нави ман аст, устод: аз ин ба баъд касе чи саволе диҳад, синф пурра бояд даст бардорад. Фарқаш ҳамин, ки шогирдони ҷавобро медонистагӣ дасти росташонро мебардоранду намедонистагӣ дасти чапро.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
АКСЕ, КИ ДУНЁРО ФАРО ГИРИФТ
Падар ба духтараш гуфт: «Агар хоҳӣ, ки зери масхараи мардум намонӣ, ба ҳеҷ кас магӯ, ки падарат фаррош аст».
Духтар акси бо падараш гирифтаашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуду дар зераш чунин нигошт: «Падари ман фаррош аст. Ӯ ифтихори ман аст. Дӯстат медорам, падарҷон».
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ҚАЗОВАТ
Дар таваллудхона ду кӯдак: як писару як духтар, ки бо ҳам бисёр монанд буданд, ба дунё омаданд. Онҳоро паҳлуи ҳам дар рахти хоб гузоштанд. Баъд фаромӯш карданд, ки писару духтар ба кадом аз ин ду модар тааллуқ доранд. Бо санҷиши хун ҳам муайян намуда натавонистанд. Дар ин ҳол хирадманде, ки аз ҳикмати асрҳо хабар дошт, қазияро ба осонӣ ва зуд ҳал кард. Ӯ гуфт, ки шири ин ду модарро дар тарозу баркашанд. Шири модаре, ки вазнинтар аст, писар зодааст ва баръакс.
Воқеан, ғизонокии шири писар бештар мебошад ва аз ҳам фарқ мекунанд.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ