САНГИ ТАГИ ТАБАҚ
Ҷаннат, ки саройи ҷовидон аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Кампири Гулракат чанд вақт боз дар хонаи духтараш меҳмон буд. Рӯзҳои аввал ҳам духтару домодаш ва ҳам наберагонаш ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Одам, ки пир шуд, мисли кӯдак нозуку инҷиқ мешудааст. Аз ин рӯ, духтараш мудом кӯдаконашро таъкид мекард: «Момаатонро ғам надиҳед, ҳурмат кунед, дар хона бозӣ накунед, шӯру мағалро камтар кунед». Домоду духтараш ҳам, ба қавле, ҷойи шинондани кампирро намеёфтанд.
Чун аз байн ду ҳафта гузашт, дар назари кампир чунин намуд, ки қадраш дар назди домоду духтараш коста шудааст. Дигар ба ӯ чандон эътибор намедиҳанд. Авзояшон гирифта, наберагонаш ҳарчанд ғавғо бардошта, гӯши кампирро кар кунанд ҳам, падару модар, ақаллан, ба хотири кампир шуда, боре намегӯянд, ки ором шинед, момаатонро зиқ накунед. Домодаш ҳам акнун мисли рӯзҳои аввал ба хона даромада, аҳволашро намепурсид. Хона дар назари кампир торафт тангу дилгир мешуд. Кампири Гулракат аз субҳ то шом чашм ба роҳ буд, ки кай писараш Шодиҷон меояду ӯро ба хонааш гирифта мебарад.
Ӯ дар бисоташ фақат ҳамин як писару як духтар дошт. Дар хонаи писараш зиндагӣ мекард. «Чаро дер кард? Ҳафтаи сеюм ба охир мерасаду Шодиҷон барои маро бурдан намеояд ё мани пир дар дили ӯ ҳам зада бошам?». Ҳар хел фикрҳо дили модарро фишор медод. Банди чунин хаёлҳо ба хонаи духтараш даромад. Кампир суханашро хоида-хоида ба ӯ гуфт:
– Ороста, дилам оши угрои серқатиқ мекашад, як завола намегирӣ? Духтараш норизоёна, бо овози нимшунаво, «майлаш» гуфту аз хона баромад.
Нисфирӯзӣ наздик мешуд. Ба гӯши кампир аз ҳавлӣ овози писараш Шодиҷон расид. Ӯ гӯиё қувваю мадори нав гирифт. Аз кунҷи хона асояшро гирифта, ба назди дар омад. Дарро кушода ба ҳавлӣ нигарист. Писарашро диду чашмонаш нур гирифтанд.
– Салом, очаҷон, – Шодиҷон модарро бӯсиду модар писарро. – Бубахш, оча, ки хабар гирифта натавонистам. Набераи калоният Умедҷон каме нотоб шуд, аз паси табобати ӯ шуда, омода натавонистам.
– Сиҳат шуд? – бо изтироб пурсид кампир. – Биё, ба хона даро, камтар шин.
– Не, оча, барои худат омадам. Бо мошини як рафиқам, вақташ камтар аст. Меравӣ? Ҳоло ҳам… – саволомез ба модар нигарист.
– Албатта, Шодиҷон. Дар санги таги табақи бачам садқа. Худо мара дар таги дари бача бикуша, ҳозир либосома бигирум, – гӯён ба хона даромад.
Шодиҷон дар бораи «санги таги табақ» гуфтани модар каме фикр карду баъд «ягон гапи пиронсолон будагист» гуфту ба ҳавлӣ баргашт.
– Оча, оши суюқ қариб тайёр шуд, исто, яккосагӣ хӯрда, баъд меравед, – тараддуди модарашро дида, хоҳиш кард Ороста.
– Не, духтарам, акнун ошатро худат мехӯрӣ, – таҳдор гуфт кампир, – акаат саросема.
Шодиҷон модарро гирифта бурд.
… Рӯзе аз кор баргашта, Шодӣ дар назди модар табақи хӯрокро дид, ки хӯрокаш, аллакай, хӯрдаву дар таги табақ як санг ва модараш олудаҳои хӯроки танаи сангро бо ангуштон мелесид. Шодӣ ин манзараро дида, чашмонаш сиёҳӣ зад. Ба маънии гуфтаи модар «дар санги таги табақи бачам садқа» акнун сарфаҳм рафт. Овораи кор шуда, боре эътибор надода буд, ки занаш модарашро чӣ хел нигоҳубин мекунад. Модар ҳам «мабодо зиндагияшон вайрон шавад» гуфта, аз ноҳурматиҳои келинаш боре даҳон намекушод. Келин бошад, ҳар боре хӯрок мепухт, дар таги табақ як санг монда, дар болояш камтар хӯрок кашида, пеши хушдоманаш мегузошт.
Шодӣ занашро ба наздаш хонд. Табақу санги назди модарро нишон доду гуфт:
– Ман шабу рӯз кор мекунам, ба хона тамоми навъи хӯроквориро меораму ту ба модарам чунин беҳурматӣ мекунӣ?! Қасам ба номи Худо, то он рӯзе модарам зинда аст, ман худам ба ӯ хӯрок мепазам. Лекин аз ту барин зани бад безорам ва то рӯзе модарам зинда аст, зан намегирам! – гуфту Шодӣ ҳамон лаҳза занашро талоқ дод.
Шодӣ дар гуфтаи худ истод. Баъди ду сол модарашро баобрӯ ба хок супурду баъди хайру худоӣ аз нав хонадор шуд.
Ин қиссаро чандин сол шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар яке аз деҳаҳои кӯҳистон нақл мекунанд…
Амруллоҳи ЗАБИР