Ҳар субҳ ӯро қувваи ноаёне ба самти донишгоҳи азизаш, яъне кохи хилъатсафедони Тоҷикистон – Донишгоҳи давлатии тиббӣ мекашаду руҳаш болида мегардад, қувваи нав ба тану ҷонаш медамад ва чашмонаш медурахшанд, зеро дару девору роҳраву саҳни ин хонаи умеди ҳазорон ворисони Сино шоҳиди рӯзҳои неку ҳаёти тайнамудаи ӯст.
Бо қаноатмандӣ ба роҳрави Донишгоҳ ворид мешаваду чашмаш ба лавҳаи докторони илми тиб ва профессорони Донишгоҳ, ки дар он аксҳои олимону профессорони саршиноси соҳа яке паҳлуи дигар ҷой гирифтаанд бармехӯрад. Дар радифи бузургони соҳаи тиб чашмаш ба акси худаш бармехӯрад. Дар поварақи он навишта шудааст: “Доктори илмҳои тиб, профессор Сабурова Анна Муҳаммадиевна”.
Духтараки дидадарои рустоӣ бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ба касби табибӣ роҳи дурударозро аз кӯҳистон тай намуда ба пойтахти Тоҷикистон, он замон шаҳри Сталинобод омаду шомили ин даргоҳи бонуфуз гардид. Гарчанде дар он солҳо аз ноҳияҳои дурдаст духтарони маҳаллӣ кам ба донишгоҳҳо дохил мешуданд, вале ин шева дар оилаи онҳо, ки шахсони бофарҳанг буданду барояшон қадри илму дониш болотар аз баъзе назарҳои хурофотии атрофиён буд, дида намешуд. Падараш корманди Вазорати мудофиа буд ва бо тақозои касб дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон, ки фаъолият мекард, ҳамсару фарзандонашро ҳамроҳ мебурд. Кӯдакии Анна Муҳаммадиевна дар Бадахшону Кӯлобу Бохтар ва Истаравшани бостонӣ гузашт. Чун номаи камоли худро дар шаҳри Истаравшан ба даст овард, муаллимаи даврони мактабиаш Клавдия Непомняшая дар симои ӯ яке аз мутахассисони соҳаи кимиёро дид. Вале насиҳати падари дурандешу соҳибмаърифаташ, ки ба ӯ табиб шудану дасти беморонро гирифтанро талқин менамуд, соли 1956 ӯро ба Донишгоҳи тиббӣ овард.
Маҳз талошу кӯшишҳои шабонарӯзиву дастгирии падару модари азизаш буд, ки Донишгоҳро соли 1962 бо сари баланд хатм намуд. Акнун масъалаи интихоби касби муайян пеш омад. Бо ҳамсараш, ки ҳамсабақаш буд, мувофиқи роҳхат бояд ба маркази собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ба кор фиристода мешуданд, вале ғайричашмдошт ректори вақти Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Зикрулло Хоҷаев чархи қисмати ӯро ба самти кафедраи биохимия равона намуд. Муаллимаи ҷавон маҳз дар ҳамин кафедра камолоти касбӣ ёфт. Дар ин ҷода саҳми устодаш, мудири ҳамонвақтаи кафедраи биохимияи Донишгоҳ, профессор Эпштейн Яковро беандоза медонад.
Аннаи ҷавон бо дастгирии ҳамин гуна устодон ба бахши ординатураи кафедраи биохимия дохил гардид ва пас аз ду соли таҳсил мехост ҳамчун духтури озмоишгоҳ ба фаъолият оғоз намояд. Вале ҷорӣ намудани илм дар амалия шавқашро афзуд ва соли 1964 бо ҳамин ният ба бахши аспирантура дохил гардид. Соли 1969 зери роҳбарии Эпштейн Яков дар мавзуи “Механизми муҳофизатии витамини Е дар мавриди осебгирии ҷигар аз таъсири пайвастагиҳои чорхлории карбон” рисолаи илмӣ ҳимоя намуд. Соли 1979 дар вазифаи дотсенти кафедраи биохимияи Донишгоҳ фаъолияташро идома дод.
Ӯ шод аст, ки дар суҳбатҳои шахсиятҳои бузурге чун Ю. Б. Исҳоқӣ, М. Ғ. Ғуломов, Б. П. Ахмедов, М. Х. Бобохоҷаев, К. А. Ҳасанова, А. С. Осимӣ, С. М. Кобулова, М. М. Мироқилова буд ва аз таҷрибаву малакаҳои онҳо баҳраҳо бурд. Ба ёд меорад, ки чӣ гуна бо ин шахсон дар конфронсу маҳфилу ҷашнҳои Донишгоҳ омодагӣ медиданд. Дасту дили пок ва азми қавӣ ҳамеша ӯро ба самти муваффақият мебурд.
Бинобар қобилияти баланди кориву маҳорати ташкилӣ доштан, Анна Сабурова муовини декани факултаи тиббӣ шуд. Дар баробари зан – модар будан, масъулияти тарбияву таълими ҳазорон донишҷӯёни хориҷиву ватаниро ба уҳда дошт. Соли 1987 ба дӯши ӯ масъулияти хеле баланд, мудирии кафедраи биохимияи Донишгоҳро супурданд. Пас аз солҳои тулонӣ, аввалин бор дар кафедраи мазкур як мутахассиси маҳаллӣ ба вазифаи мудири кафедра интихоб гардид. Дар кори роҳбарӣ аз дастгириҳои ректори вақти Донишгоҳ, шахсияти барҷастаи соҳаи тибби тоҷик, профессор Юсуф Исҳоқӣ сипосгузор аст.
Анна Муҳаммадиевна соли 1999 дар мавзуи “Механизмҳои биохимиявии натиҷаи зиддистрессии токоферол” рисолаи докторӣ ҳимоя намуд ва ба дараҷаи доктори илми тиб расид. Соле баъд ба ӯ унвони профессориро сазовор донистанд.
Солҳои зиёде дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият дошт. Хидматҳои 65-солааш бо нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон, Барои меҳнати шоён ва медали Хизмати шоиста қадр шуд.
Шукргузор аст, ки то ҳол дар бари қаҳрамони мо як зумра устодон, ки аз солҳои ҷавонӣ бо ҳам ҳамкоранду ошноӣ доранд, докторони илмҳои тиб, профессорон Набиҷон Ҳамидов, Мунаввара Додхоева, Фирӯз Шукуров ва Умринисо Сироҷиддинова ҳамнафасу ҳамнавои ӯ будаанд.
Дар баробари шогирдон, ӯ ҳамчун модар, дар домани худ ду мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳаи тибро парвариш намуд. Имӯзҳо духтараш Гулнора чашмпизишк ва писараш Азамат дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия фаъолияти тиббӣ дорад.
Имрӯз дар Донишгоҳ пиру барнои илми тиб медонанд, ки рушди кимиё ва омӯзиши он ба номи ҳамин бонуи гиромӣ пайванд аст. Бигзор, чунин модарони соҳибдил ва бонувони пажӯҳишгар умри дароз бинанд ва миллатро ба ҷодаи мунаввари Ибни Сино раҳнамо гарданд!
Шамшод МУЗАФФАРОВ,
ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи 2-юми ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино