Людмила Успенская вақте аз шаҳри Москва ҳамчун нахустин омӯзгори забон ва адабиёти рус ба шаҳри Душанбе омад, 29-сола буд. Ӯ ҳеҷ гумон надошт, ки сарнавишташ барои ҳамеша бо тоҷикон пайваста, бо ҷавонмарди тоҷик Муҳаммадқосим Зулфиқоров, ходими ҳизбӣ, хонадор мешавад. Ин бону аз аввалин олимони тоҷикшинос аст, ки дар баробари дарс гуфтан, нахустин китобҳои дарсии забони русиро барои Тоҷикистон иншо кардааст.
ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Успенская Людмила Владимировна 29-уми август, дар баъзе ҳуҷҷатҳои дигар 11-уми сентябри соли 1909 дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) таваллуд шуд. Соли 1932 шуъбаи шарқшиносии Донишкадаи давлатии таъриху забони шаҳри Санкт-Петербургро хатм кард. Солҳои 1933-1934 омӯзгори забони тоҷикӣ дар курсҳои олии стенографӣ, солҳои 1935-1937 тарҷумони адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (имрӯза “Ҷумҳурият”), солҳои 1938-1942 корманди калони Палатаи китоб ва то соли 1945 устоди Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) ва котиби илмии Институти таърих, забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
БОБОҶОН ҒАФУРОВ: “ТАРҶУМОНИ «ТОҶИКИСТОНИ СУРХ» МЕШАВЕД”
Бо ҳамсараш Муҳаммадқосим Зулфиқоров зиндагии осоиштае доштанд ва аз онҳо ду фарзанд: Темур ва Зайнаб ба дунё омад. Темур Зулфиқоров дар оянда нависандаи бузурги ҷаҳонӣ шуд ва некиву омӯхтаҳои модарашро ба некӣ ёд мекунад.
Дареғо, ки соли 1937-ум Муҳаммадқосимро ходимони НКВД бо такя ба дасисаҳо паронданд ва зиндагии мушкил барои ин хонадон оғоз шуд. Вақти шаҳодат Темур шашмоҳа буд ва ба хотири хумори якумраи падар номи писарашро Қосим ниҳодааст.
Темур Зулфиқоров дар суҳбате ёдовар мешавад, ки дар он солҳои даҳшат, вақте падарашро куштанд, ба модараш аллома Бобоҷон Ғафуров ёрӣ расонд: “Ӯ падари маро хуб медонист. Модарамро даъват кард ва гуфт: “Людмила, ин телефонро бигир, ба идораи рӯзнома аз номи ман занг бизан. Ман, аллакай, бо муҳаррираш гуфтугӯ кардаам. Он ҷо чун тарҷумон кор хоҳӣ кард”. Баъдан, Бобоҷон Ғафуров ба мо хона ҳам гирифта дод. Ӯ хеле марди бузурге буд, сари таъзим пешаш фуруд меорам”.
Соли 1956 Муҳаммадқосим Зулфиқоров сафед шуд ва расман ба Людмила номаи бегуноҳии шавҳарашро расонданд. Бояд ёдовар шуд, ки Муҳаммадқосим аз нахустин тоҷиконест, ки Академияи саноати Москавро хатм карда, котиби комитети партиявии ноҳияи Шаҳринав, муовини вазири таъминоти Тоҷикистон будааст.
Людмила то оғози солҳои навадуми асри рафта дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ омӯзгор ва, дар баробари ин, пайи навиштани китобҳои дарсӣ буд.
Соли 1993 духтараш Зайнаб ба Душанбе омада, хост модарашро ба Санкт-Петербург барад. Ҳарчанд дили бону Людмила ба шаҳри Душанбе, ба Варзоб, ба рустои кӯчаку афсонавии Зимчурӯд ва кӯчаву хиёбони ин Меҳан дилбаставу вобаста буд, аммо ночор хоҳиши фарзандашро пазируфт ва ба Россия баргашт.
ФАЪОЛИЯТИ БОСАМАРИ ИЛМИВУ ОМӮЗГОРӢ
Солҳои 1960-1961 ҳамчун дотсенти кафедраи забони русӣ, 1961-1973 мудири кафедраи методикаи таълими забони русӣ, 1973-1982 мудири кафедраи забони русии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дошт. То соли 1991 профессори кафедраи ин боргоҳи илм буд.
Яке аз мураттибони луғати тоҷикӣ-русӣ (Москва, 1954) мебошад. Дар атрофи масъалаҳои гуногуни забоншиносии тоҷикӣ ва русӣ корҳои илмӣ бурдааст. Таҳти роҳбарияш аспирантҳо ва унвонҷӯёни зиёд рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд. Ӯро чун забоншиноси маъруфи тоҷик, профессор (1982), бо унвонҳои Муаллими хидматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1950), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1956) мешиносанд ва бо ордени Инқилоби Октябр ва якчанд медалу ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.
Китобҳои илмии ин бонуи рус “Каратагский говор в таджикском языке” (1956), “Методическое пособие по русскому языку для 4-х классов, по использованию учебника по русскому языку в таджикской школе” (1956), “Говоры таджиков Гиссарского района” (1962), “Русский учебник для 7-го класса школ с таджикском языком обучения” (1989), “Русский язык: учебник для 5-го класса” (1986) заминаи иншои китобҳои русӣ барои ояндагон гашт, ки ҷойи сипосгузорист.
Профессор Людмила Успенская, бо забони тоҷикӣ бисёр шевову равон ҳарф мезад ва дар Россия ҳар касеро медид, ки тоҷикӣ суҳбат мекунад, шод мешуд.
Қаҳрамони мо 10-уми октябри соли 2000-ум дар шаҳри Санкт-Петербург, дар манзили духтараш Зайнаб чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Темур Зулфиқоров баъди даргузашти модараш, ки хеле ҷонсӯз буд, навишт: “Модарон намемиранд, онҳо моро дар биҳишт интизор мешаванд. Биҳишт боғи модарон аст. Ва он ҷо мулоқот сурат хоҳад гирифт. Ман ба ин бовар дорам”.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”