Ба гумони ғолиб, дигар дар бораи суръати пасти интернет гуфтан ҳам ҳоҷат надорад, зеро бо вуҷуди гуфтану гӯшзад карданҳо ҳеҷ не, ки суръат беҳ гардад. Зарари моддӣ-ку як тараф истад, ширкатҳои мобилӣ ҳолати равонии муштариёнашонро тасаввур карда, пайи ислоҳи камбудӣ намешаванд. Аммо ин ҳама як тарафу қоидаҳои нави ширкатҳо як тараф. Масалан, муштарии «МегаФон» ҳатман бояд ба тарофаи интернетдор пайваст шавад, агар нафақагир набошад…
Зиёда аз 10 сол мешавад, ки муштарии ду ширкати мобилиам: «МегаФон» ва «Tcell» ва тайи ҳамин солҳо истифодабарандаи интернети онҳоям. Ахиран нархи тарофаи 109-сомонаи ширкати «МегаФон» гарон шуд – 122 сомонӣ. Боз моро ҳавасманд карданд, ки бастаи нав «Аз ҳама зиёд» бо тахфифи 50- фоиза пайваст шуд ва нархаш 112 сомонӣ. Пайваст кардем, аммо интернет гӯё бемори тамоман беҳол бошад, аз кор монд. Бо вуҷуди муроҷиат, суръат беҳ нашуд, ки нашуд. Пас аз як моҳ, бо тавсияи дӯстон гузаштем ба ширкати «Tcell». Аз «МегаФон» чун ҳарвақта смс-паёмак меомад, ки «ҳисоби худро пур намуда, бо наздикон дар алоқа бимонед». Чун диданд, ки ин бор дар пардохтани маблағи тарофа таъхир кардем, духтараке занг зада, сабаб пурсид. Гуфтем, ки суръати интернеташон суст аст. Ҷавоб чун ҳарвақта кӯтоҳ буд: «Агар ҳисобатонро пурра накунед, рақаматон хомӯш мешавад». Ҳайрон шудаву гӯширо мондам. Аммо саволе ба сарам омад, ки чаро? Барои чӣ бояд рақами маро хомӯш кунанд? Ин қадар сол қариб, ки бетаъхир интернетро пайваст менамудам, хоҳ кор кунаду хоҳ не… Чаро мо ин қадар вақт ширкатро тоқат кардему дар як он тоқати онҳо тоқ шуд?
Тамос гирифта сабаби хомӯш кардани рақамамро пурсидам.
– Муштарии муҳтарам, барои он ки рақаматон хомӯш нашавад, шумо бояд ба ягон тарофа пайваст шавед, – гуфт корманди маркази тамос.
– Тарофаи беинтернет доред?
– Мутаассифона, не. Тарофаи аз ҳама арзонамон 50 сомонӣ, зангҳои ройгон дар дохили шабака, 50 дақиқа ба дигар ширкатҳо, 10 гигабайт интернет ва интернети шабонаи ройгон аз соати 12-и шаб то 7-и саҳар дорад.
– Интернети ин ширкатро истифода набарем чӣ?
– Муштарии муҳтарам, тарофаи 50-сомона ҳар рӯзаш тақрибан 1,5 сомонӣ. Мо тарофаи беинтернет надорем.
– Масалан, ман мӯйсафед бошаму интернетро умуман истифода набарам ҳам, бояд ба ҳамин бастаи интернетдори шумо пайваст шавам?
– Шумо агар нафақагир бошед, бо шиноснома ва ҳуҷҷатҳои нафақагирӣ ба нуқтаҳои хизматрасонии «МегаФон» ҳозир мешавед. Тарофа барои нафақагирон пайваст карда мешавад, арзишаш 15 сомонӣ.
– Ба тарофаи барои нафақагирон дигарон пайваст шуда метавонанд?
– Мутаассифона, не.
Ҳамин ҷо бо арзи сипос гӯширо мондам, вале тааҷҷуби ман аз ин аст, ки аз кай боз пайваст кардани тарофаи интернетдор меъёр шудааст? Фарз кардем, ҳамон тарофаи 50-сомонаи ширкатро ҳам пайваст намоем, ҳар рӯз ба ҷуз зангҳои бемаҳдуди дохили шабака, боз чанд мегабайт интернеташ месӯзад. Ин магар фиреби рӯйрости мизоҷон нест? Ва чаро бояд ғайри нафақахӯрон дигарон ҳатман ба тарофаи интернетдор пайваст шаванд? Он ҳам ба тарофае, ки кораш дар гумон аст?
Аҷиб ин аст, ки ширкатҳои мобилӣ, мисоли равшанаш «МегаФон», ба ҷои ислоҳи камбудӣ ва хубтар кардани суръати интернет, ҳар рӯз як тарофаи нав мебароранд ва рӯирост ба чашми муштариён хок мепошанд. Бо қонуну қоидаҳои навашон, миёни аршу фарш фарқе намегузоранд.
Зимнан, ба кадом ширкате, ки барои кор накардани интернет муроҷиат намоем, посух як аст: «Корҳои техникӣ рафта истодаанд». Баъзан ин корҳои техникӣ, ки як рӯз пас бояд анҷом меёфт, ҳафтаҳо давом мекунад. Савол ин аст, ки чунин ҳол то ба кай идома меёбад?
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»