Пас аз хондани якчанд хотирот дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”, дар доираи озмуни “Дуои модар”, ман ҳам хотираҳои хешро варақгардон кардам.
Табиист, ки замони кӯдакӣ ҳаргиз аз хотираҳо зудуда намешавад. Афтидану хестанҳо, хандидану гиристанҳо ва ёди рӯзҳои хуши бачагӣ то абад дар лавҳи хотираҳо нақш мебандад. Оила маконест, ки дар он зери сояи волидайн бузург мешавию ҳама камукостии зиндагиро меомӯзӣ. Мо дар хонавода чор писар будем. Модарам думболи кори хона ба мо камтар мерасид. Аз ин рӯ, бештар гирди модаркалон ҷамъ мешудему аз қиссаву ривоят ва афсонаву насиҳатҳои ӯ баҳравар мегардидем. Ҳаргиз гумон намекардем, ки ӯ бароямон бибӣ аст, зеро мо ӯро очаҷон мегуфтем. Ӯ низ назди аҳли деҳ «бачаҳоманд» мегуфт. Ҳатто, ҳамсари ояндаи моро бояд ӯ интихоб мекард, чун медонистем, ки интихобаш олист. Хеле зани ҳалиму хоксор ва меҳрубон буд. Хотироти зиёд дорам бо очаҷонам, вале аз охирин дидор бо ӯ афсус мехӯрам.
Ҳангоми бори аввал ба муҳоҷират рафтанам барои хайру хуш ба деҳа рафтам. Қабл аз бозгашт ба оромгоҳи падарбузургам рафтем. Албатта, ҳамроҳ бо очаҷонам. Расидан ба мазор ӯ бо овози ларзон ва хеле орому гӯшношунид гуфт: «Муаллим, (очаҷонам падарбузургамро чунин хитоб мекард, зеро онҳо аз аҳли зиё буданд) Хушдилҷон, барои дуогирӣ омадай, дуояш деҳ, ба Россия меравад, ман низ, барои гуселаш ҳамроҳаш то Душанбе меравам». Чанд дақиқа рӯйи хоки падарбузургам дуо хондему ба роҳ баромадем.
Чун ба роҳ баромадем, бо ҳисси эҳтиром гуфтам: «Очаҷон, ба курсии ақиб намешинед? Зеро дар роҳ бисёр таъкид мекунед ва ман даступохӯрда мешавам. Он кас, бо шарте ки ман автомошинаро тез наронам, розӣ шуданд. Ҳамин тавр, то шаҳр расидан сухане нагуфт. Ба Душанбе расидан замон бо димоғи гирифта ва норизо гуфт: «Ман дигар хамроҳи ту ба ҳеҷ куҷо намеравам, чун ту бо суръати баланд мошин меронӣ». Очаҷон, оҳиста рондам-ку гуфтаму оромаш кардан хостам, вале ӯ «не, бачам эҳтиёт намекунӣ» гуфт. Шом, ҳангоми ба сафар баромадан, очаҷонам даст ба дуо бардошт: «Роҳат сафед, бачам. Соқ рафта, саломат баргардӣ. Дар паноҳи Худо бошӣ, ҷони оча!». Оре, ин охирин дуое буд, ки ҳанӯз зери сояи ӯ мегардам.
Бале, очаҷонам ба ваъдааш вафо кард, дигар бо ман ба сафар набаромад. Пас аз яку ним соли муҳоҷират ба Ватан баргаштам. Ҳамроҳ бо падару модарам ба деҳа рафтем. Вале, ин дафъа очаҷонам дигар “бачам омадаст” намегуфт, оғӯши нармашро ба сӯям намекушод. Ҳавлии бобогиам ба ҳоли ману ман ба холигии ӯ гиристем. Дар назарам деҳа холӣ буд. Ба поси гузаштагон роҳ ба сӯи оромгоҳ гирифтам, ин навбат танҳо ва бо ҳазор ҳасрату армон. Сари гӯри очаҷонам, аллакай, гулҳои баҳорӣ шукуфтаву латтаҳои ходачӯби сари гӯр алвонҷ мехӯрданд. Бо расидан ба сари хоки ӯ, бе чунучаро “очаҷон, ман омадам” гуфтаму бо андуҳи гарон ҳасрат кардам. “Имрӯз падару модарам барои маслиҳати тӯйи домодии ман ба хонаи келини хушкардаи шумо рафтанд, очаҷон. Тӯй дорам. Фардо субҳ боз ба шаҳр меравам. Шумо низ ҳамроҳам меравед, очаҷон. Ваъда медиҳам, ки мошинро оҳиста меронам. Хоҳед дар курсии пеш шинед. Ҳатто, ман омодаам, ки ба хотири осудагии шумо мошинро бо дастонам тела дода, то ба шаҳр расонам. Муҳим, шумо дар паҳлуям бошед, очаҷон…”.
Вале, ҳайҳот, дигар илтимосу илтиҷои ман суде надошт. Инак, аз он рӯзҳо панҷ сол сипарӣ мешаваду хотироти модарбузург дар қалби ман мазори орзуҳоро мемонад. Дирӯз бо ҳасрат аз рӯзҳои гузашта бо модарам суҳбат кардаму дар охир гуфтам: “Модар, чаро шумо мисли очаҷонам меҳрубонӣ намекунед? Чаро дуои шумо мисли дуои он кас нест? Модарам бо бузургиаш гуфт: «Шояд ӯ модари хосе буд». Бале, очаҷони ман зани хосе буд. Модаре буд, ки дар қалби ман эҳсоси аҷиберо барои ҷовидонӣ гузошт. Мутмаинам, ки бузургии модар аст, ки дунёро рангину зиндагиро нур мебахшад. Пас, бояд ба қадри модарон бирасем, то фардо дер нашавад.
Хушдил ОЛИМОВ, шаҳри Москва