17-уми октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва бародарии Тоҷикистону Қатар баррасӣ гардиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барпошавии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо, ки имсол аз он 30 сол пур мешавад, ёдовар шуда, робитаҳои фарҳангиро яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳамкорӣ номиданд.
Ҷонибҳо баргузории рӯзҳои фарҳанги Қатар дар Тоҷикистонро омили таҳкимбахши риштаҳои дӯстиву рафоқат арзёбӣ намуданд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилотӣ ва пажӯҳишии фарҳангӣ, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилотии донишҷӯён дар муассисаҳои омӯзишии ду кишвар ва таҳияи филмҳои муштарак аз мавзуъҳои суҳбат буданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.