МУАЛЛИМ
Пас аз он ки духтури чашм кӯдакро аз муоина гузаронд, рӯ ба ман оварда пурсид:
– Кӯдак чанд сол дорад?
– 10 сол, – посух додам.
– Дер овардед, ба кӯдак ҷабр кардед, ӯ нобино шудааст.
– Медонам.
– Ӯро бояд ҷарроҳӣ кард, ба чашмонаш линза гузошт.
– Ҳар амале, ки лозим аст, бикунед.
– Медонед, ки нархи ин ҳама бисёр гарон аст?
– Оре, медонам.
– Онро пардохт намуда метавонед?
– Бале.
– Шумо падараш ҳастед?
– Не.
– Чаро падараш ӯро наовард?
– Падараш мардест, ки бо ранҷ, бо азобе нони аҳли байташро пайдо мекунад, ҳеҷ гуна маблағе надошту надорад. Бо ин сабаб, аз хурдсолӣ барои муоина назди духтур наовард.
– Пас шумо кистед, ки чунин ғамхориро барои ин писарак мекунед?
– Ман муаллимаш ҳастам.
Дар ин ҳол чашмони духтур пуроб шуданд, бо азобе рафта, дар курсияш нишаст ва бо дастони ларзон рӯи коғазе навишт: ройгон.
Пас аз ҷарроҳӣ ва гузоштани линза, кӯдак бо шодмонӣ фарёд зад:
– Муаллим, ман мебинам, ман мебинам!
Китобати Абдулқодири Раҳим
ҲАСУД
Боре дарборие ба назди халифа даромада, бо шиква гуфт:
– Аълоҳазрат, чаро фалон ходим аз ман се маротиба зиёд маош мегирад? Охир ман ҳам аз фармонбардорони собиқадорам.
Халифа, ки аз тиреза ба берун менигарист, ба ходим рӯ оварда, гуфт:
– Ба назарам фурӯшандаи гандум гузашта истодааст. Канӣ, рафта аниқ кунед?
Мард баъди чанде омада гуфт:
– Дуруст мегӯед, фурӯшандаи гандум аст.
– Кадом навъи гандум ва бо нархи чанд мефурӯшад? – пурсид халифа.
– Ммм, намедонам.
– Пас, рафта фаҳмед, охир!
Ходим баъди муддате баргашт.
– Навъи аввал ва бо нархи 4 динор.
– Хуб! Ин нархи ниҳоӣ аст? Арзонтар намешавад? – боз пурсид халифа.
Мард ҳайрон-ҳайрон нигариста, намедонам гуфтанӣ буд, ки ҳамин вақт дарборие, ки маоши бештар мегирифт, даромада арз кард
– Аълоҳазрат, гандум оварданд. Навъи якум. Арзишаш 4 динор, вале бо нархи 3,5 динор харидан мумкин аст. Мехарем?
– Мехарем, – гуфт халифа!
Баъд аз ин, ба ходими ҳасуд рӯ оварда гуфт:
– Акнун фаҳмидед, ки чаро маоши ин дарборӣ аз шумо дида зиёдтар аст?
Таҳияи Кароматулло АТО
ЛАТИФАИ РӮЗ
РАИС, ШУМО ЧАНДЕ ГӮЕД, ҲАМОН МЕШАВАД
Дар корхонае, ки сармуҳосиб мекофтанд, се довталаб назди роҳбар даромад. Директор аз онҳо суол кард: «Ҳафт карат ҳафт чанд мешавад?»
– Чилу нуҳ, – ҷавоб дод довталаби аввал.
– Бубахшед, ба ман чунин сармуҳосиб лозим нест...
– Панҷоҳ, – посух дод шахси дуюм.
– Шумо ҳам аз уҳдаи кори мо намебароед, – норозиёна гуфт директор.
– Раис, шумо чанде гӯед, ҳамон мешавад, – иброз дошт довталаби сеюм.
– Ана ин хел сармуҳосибро меҷустам, – гуфт директор бо қаноатмандӣ ва дасти ӯро сахт фишурда, бо вазифаи нав табрик кард.
Таҳияи Кароматулло АТО
Ҷоизаи байналмилалии
МЕЪМОРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК
10-12-уми октябр дар шаҳри Еревани Арманистон Озмуни байналмилалии MASA барои беҳтарин асарҳои меъмории кишварҳои ИДМ ва Сербия барои соли 2024 баргузор гардид, ки меъморони тоҷик ҷойи якумро гирифтанд.
Меъморони ҷавони Тоҷикистон, гурӯҳи лоиҳавӣ-меъмории «Амсила» лоиҳаи сохтмони Маркази фарҳангӣ ва фароғатӣ дар шаҳри Душанберо дар бахши «Биноҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳо» пешниҳод намуда буданд. Меъмори асосӣ Хуршед Аюбҷонов буда, лоиҳаро якҷоя бо Санҷар Раҷабов ва Сӯҳроби Зиёӣ омода кардааст.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
STEPHENSON 2-18 – КАЛОНТАРИН СИТОРА
Тибқи иттилои сомонаи www. kipmu.ru соли 2020 ситорашиносон ба хулоса омаданд, ки Stephenson 2-18 (бо номҳои RSGC2-18 и Stephenson 2 DFK 1 низ маълум аст) калонтарин ситораи коиноти мо мебошад.
Зикр мегардад, ки онро соли 1990 нуҷумшиноси амрикоӣ Чарлз Брюс Стивенсон кашф кард.
Тавре иттилоъ медиҳанд, қутри Stephenson 2-18 нисбат ба Офтоб 2158 маротиба калонтар буда, рӯшноияш аз ситораи мо 440 ҳазор маротиба баландтар аст.
Таҳияи Ш. ШОКИРОВ
МУҲАББАТИ БЕҚИЁСИ ХОҲАР
Духтараке ба дукони ҷавоҳир омад ва гарданбанди фирӯзаро нишон дода, гуфт:
– Лутфан, ҳамин гарданбандро ба ман диҳед.
– Пул дорӣ? – бо ҳайронӣ мепурсад фурӯшанда.
Духтарак се тангаро дароз карда, ба суханаш идома дод: «Ин басанда аст? Ҳамин қадар пул дорам. Баъд аз сари модар, апаам парастору дастгири мост, мехоҳам ин гарданбандро ба ӯ туҳфа кунам».
Мард гарданбандро ба қутти монду ба дасти духтарак дод ва таъкид кард: «Бо эҳтиёт бар».
Пас аз лаҳзае апаи духтарча ошуфтаҳол ба мағоза даромад ва қуттиро кушод:
– Ин гарданбандро хоҳари ман аз ин ҷо гирифт? Нархаш чанд аст?
– Нархи дилхоҳ маснуот сир аст миёни мо бо мизоҷ.
– Ӯ ҳамагӣ чанд танга дошт, барои харидани ин гарданбанд зӯри мо намерасад, – гуфта духтар туҳфаро дароз кард ва рафтанӣ шуд, ки савдогар ӯро боздошт:
– Арзиши он чи хоҳари шумо ба ман дод, хеле баланд аст. Ӯ ҳамаи он маблағеро дод, ки дошт. Ба хотире, ки шумо шод шавед. Пас, ин ҳаққи ҳалоли шумост.
Аз русӣ тарҷумаи М. ҚОДИРОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДИРЕКТОР
Аз суҳбати модару писар:
– Ман дигар поямро дар остонаи мактаб намемонам, тамом.
– Чаро писарам? Ин тавр нагӯй.
– Оча, шумо намефаҳмед. Ҳар рӯз Кузнетсов писари судяам гуфта, бо сумка дар сарам мезанад, Василев бо рогатка аз дур нишон гирифта, метарсонад, ҳатто, Малахова маро қасдан дар пеши ҳама пешпоӣ медиҳад. Ҳамааш дар бадам зад, дигар дарс намеравам.
– Не писарам, ту ҳатман бояд, пеш аз ҳама, дар мактаб бошӣ. Аввал ин ки ту бачаи калон, аллакай, 45-сола шудӣ, дуюм ин ки ту директори мактаби писарам, директор.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
МУВАФФАҚИЯТИ БУЗУРГ
Аз нишасти матбуотӣ:
– Рафиқон, мансабдороне, ки ғорат карда сер шуданд, аллакай, феъли замони гузаштаанд. Онҳое, ки нав ба курсӣ нишаста, нияти порахӯрӣ доранд, феъли замони оянда. Аз ин бармеояд, ки агар вазъиятро бо феъли замони ҳозира ифода кунем, айни ҳол дар ҷомеаи мо ягон мансабдор даст ба фасод назада истодааст, ки ин муваффақияти бузург аст.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
ИСААК НЮТОН – НОРАСИЕ, КИ ҶАҲОНГИР ШУД
Бовар нокарданист, вале далел аст, ки Исаак Нютон – физик, математик, астроном ва механик, яке аз сермаҳсултарин олимони кашшоф норасӣ таваллуд шудааст. Бо ин иллат роҳгаштану ҳарф заданро низ нисбатан дер омӯхтааст. На танҳо атрофиён, балки волидонаш, ба тақдир тан дода, гумон доштанд, ки мафкураи фарзандашон инкишоф нахоҳад ёфт. Вале тавре баъдтар собит шуд, Исаак аввал ба як ҷавони қобилиятнок баъдан ба алломаи оламшумул табдил ёфт.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
МОДАРОН ҶОНФИДОАНД
22-юми феврали соли 2011 дар Зеландияи Нав шадидтарин заминларза дар 80 соли охир рух дод, ки он боиси ҷон бохтани 100 нафар ва бедарак шудани беш аз 220 кас гардид.
Аммо, тифли хурдсоле тавонист ба шарофати фидокориҳои модараш зинда монад. Қисса чунин аст: зане бо кӯдакаш дар мағоза харид мекард, ки ин ҳангом заминларза сар зада, яку якбора бино фурӯ рехт. Пас аз кофтукоби зиёд наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳо кӯдакеро зинда берун оварданд, вале бидуни модар. Пас аз дидани камераҳои назоратӣ маълум гардид, ки он лаҳза модар ба хотири наҷоти фарзанд, ӯро зери бағал гирифтаву худ аз дунё реҳлат кардааст. Ин аст бузургии модар, ки барои наҷоти фарзанд, ҳатто, ҷонашро дареғ намедорад.
Таҳияи Гулнисо САЪДОНШО
ДАҲШАТНОКТАРИН ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ
9. ЗИЛЗИЛАИ ШАҲРИ ТАНШАН
28-уми июли соли 1976 дар шаҳри Таншани Чин зилзила рух дод, ки шиддати он 7,8 балро ташкил медод. Дар натиҷаи заминҷунбии шадид шаҳр пурра хароб шуд. Даҳшат то ҳадде буд, ки аз тақрибан як миллион нафар аҳолии шаҳр 240 ҳазор нафараш ба ҳалокат расид. Ҳарчанд ин рақами расмии ҳалокшудагон аст, аммо бархе коршиносон бар ин назаранд, ки теъдоди фавтидагон хеле кам нишон дода шудааст ва он қариб 700 000 нафарро ташкил медод.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО
МУВАФФАҚИЯТ
ЧАРО ЧИНИҲО ФАРБЕҲ НАМЕШАВАНД?
Эҳтимол, шумо духтарони осиёии лоғарро дидаед, ки дар калонсолӣ шакли худро хуб нигоҳ дошта, аз парҳез кор намегиранд. Ин вобаста ба генетика нест. Чиниҳо низ мисли мо ҳастанд. Онҳо фақат шакар истеъмол намекунанд ва ҳеҷ гоҳ шакарчой наменӯшанд. Кулчақандҳояшон ҳам он қадар ширин нест. Агар мо шоколад ва кулчақанд зиёд истеъмол кунем, онҳо аз лӯбиёи сурх ва картошкаи ширин истифода мебаранд. Чиниҳо, инчунин, аксар вақт оби ҷӯш менӯшанд. Ғизо ҳам дар тарабхонаҳои чинӣ ҳарчанд ба миқдори зиёд бардошта шавад, он аз гӯшт, маҳсулоти баҳрӣ ва сабзавот иборат буда, ба саломатӣ манфиатбахш аст.
Таҳияи Оҳистамо ВАФОБЕК
ҚАНОАТ КАРДӢ, РАҲО МЕЁБӢ
Мӯрчаяке аз қатраи асале, ки бар замин чакида буд, чашиду роҳашро давом дод, вале мазаи асал ӯро аз роҳаш боздошт. Баргашт ва як ҷуръаи дигаре нӯшид. Дигарбора азми рафтан кард, аммо эҳсос намуд, ки чашидан кифоя нест ва мазаи ҳақиқиро намедиҳад, пас бар он шуд, то худро дар даруни асал биандозад ва ҳарчи бештар лаззат бибарад.
Мӯрча дар асал ғӯтавар шуд. Аз сари нафс ғофил аз оқибати кор монд ва дигар натавонист аз он қатра хориҷ шавад, зеро пойҳояш дар асал часпида буданд ва тавони ҳаракат кардан надошт. Дар ин ҳолат монд, то ин ки дар ниҳоят мурд.
Неъмати дунёӣ низ монанди қатраи асал аст. Ҳар кас ба нӯшидани миқдори ками он қаноат кард, наҷот ёфт ва касе, ки дар ширинии он ғарқ шуд, ҳалок гардид.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
АСРОРИ ПАРВОЗИ ПАРАНДАҲО
Тибқи омӯзиш муайян шудааст, ки ҳангоми парвоз ҳар як паранда бо қаноти худ ҳаҷми парвоз ва дурустии парвози селаи парандаҳои аз пушташбударо таъмин мекунад. Дар чунин ҳол, бо назардошти шакли даврамонанди парвоз, саҳми ҳар яки онҳо на кам аз 71 дарсадро ташкил мекунад. Яъне, ин шаклгирӣ аз ҳар яки онҳо вобастагии калон дорад. Дар саргаҳи асосии каҷии парвоз лидер, аз ҳама парандаи ботаҷриба ва солхӯрда, ки чандин маротиба парвоз намудаасту роҳро дуруст медонад, ҳаракат мекунад. Ин паранда қанотҳои боқувват дошта, тамоми дурустии парвози дигар парандаҳо аз ӯ вобаста аст. Парандаи заифу камҳаракат аз охир парвоз мекунад. Аҷибаш он аст, ки каҷпарвозии парандаҳо метавонад суръати парвозро ба зиёда аз 80 км/соат расонад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
БОНУФУЗТАРИН МАКТАБҲОИ ДУНЁ
АВВАЛИН МАКТАБИ САЙЁҲИИ ОЛАМ
Think global school – аввалин мактаби сайёҳӣ дар ҷаҳон аст, ки соли 2010 аз ҷониби ҳамсарон Ҷоан ва Гарри Макпайк таъсис дода шудааст. Дар он ҳамасола 60 донишҷӯи аз 15 то 18-солаи беш аз 30 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунад. Дар давоми се сол ҳар як хонанда ба 12 кишвар сафар мекунад.
Идеяи таъсиси чунин мактаб аз таҷрибаи худи Ҷоан аст, ки аз 18-солагӣ саёҳат намуда, зиёда аз сад кишварро дида ва се забонро омӯхтааст.
Тарҷимаи М. ҚОДИРОВА
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ҚИТЪАЕ, КИ ДАР ОН ПИРЯХ МАВҶУД НЕСТ
Ягона қитъае, ки дар он ягон пирях мавҷуд нест, Австралия мебошад. Дар ин ҷо танҳо кӯҳҳои маҳаллӣ доман паҳн карда, чандон баланд нестанд. Маҳз бо сабаби баланд набудани кӯҳҳо дар болои қуллаҳо ҳаво сард набуда, пирях ташаккул намеёбад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ШАҲРҲОИ ҚАДИМТАРИН
ФАЙУМИ МИСР
Ин шаҳри қадимтарин дар масофаи сад километр дуртар аз пойтахти Миср – Қоҳира ҷойгир аст. Он дар натиҷаи пайдо шудани шохае аз дарёи Нил сохта шуда, бо расмҳо ва ниқобҳои мумиёӣ машҳур аст. Ин шаҳр макони асосии ибодати Худои тимсоҳ Собеки мисриён буд, аз ин рӯ, номи аввалини он Крокодилополис мебошад. Ҳамчунин, дар он харобаҳои зиёди Мисри Қадим мавҷуданд, ба монанди пирамидаи Аменемхати III. Имрӯз Файум ба шаҳри Мадинат-ул-Файум тааллуқ дорад. Аммо дар замони қадим он тамоми қаламраверо ифода мекард, ки шаҳрҳои бузург ба монанди Крокодилополис, Каранис, Гавара ва Кахунро фаро мегирифт, ҷой доштанд.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
“МОНА ЛИЗА”-РО ЧӢ МАЪРУФ КАРД?
Мусаввараи «Мона Лиза» яке аз нигораҳои машҳур дар ҷаҳон мебошад ва ҷолиб он аст, ки чӣ онро бештар маъруф гардондааст? Шояд, ҳунари волои наққошӣ ва заҳмати 14-солаи Леанардо да Винчи бошад? Аммо на!
Мусаввараи «Мона Лиза»-ро дуздӣ шудани он маъруф кард.
Пеш аз оне, ки ин нигора дуздида шавад, ҳеҷ маъруфияте надошт. Аз қазо як субҳ кормандони осорхонаи Перуджа огоҳ мешаванд, ки “Мона Лиза” дар ҷои худ нест. Чун шаҳр ҳам начандон калон буд, дуздида шудани он зуд дар атроф паҳн мешавад. Маҳз ҳамин овоза боис мегардаду мардум барои дидани ҷойи холии расм ба осорхона омадан мегиранд.
Баъд аз муддате, мусаввара пайдо ва дузд 8 моҳ зиндонӣ мешавад.
Мақсуд аз ин он аст, вақте ки чизеро аз даст медиҳем, арзиш ва моҳияташро баъдан дарк хоҳем кард.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
ОЁ МЕДОНЕД?
1. Зиёда аз 300 намуди асп маҷуд аст, ки ҳар кадом хусусиятҳои хоси худро дорад.
2. Умри миёнаи аспҳо 25-30 сол аст, вале баъзан вақт то 40 сол ҳам умр мебинанд.
3. Аспҳоро зиёда аз 5000 сол пеш хонагӣ карда буданд.
4. Суръати аз ҳама тези аспҳо то 70 км/соат мебошад.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА