Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур таҳти роҳбарии Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ, ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатӣ Миралӣ Сафаров, сардорони раёсатҳо, сарраёсати кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ иштирок доштанд.
Ҷаласаро Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ намуд. Сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нуҳ моҳи соли равон муовини аввали вазир Нуралӣ Асозода ҳисобот дод.
Зикр шуд, ки Вазорат бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти рустанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонд. Тавре зикр шуд, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 52,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,4 дарсад зиёд мебошад. Аз ҷумла маҳсулоти рустанипарварӣ ба 39,1 миллиард ва чорвопарварӣ 13,1 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Дар ҷаласа, инчунин, сардорони сарраёсатҳои кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи Вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа маълумот доданд. Аз тарафи раёсати ҳайати мушовара ба масъулон барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорат Лоиқ Тӯйчизода иттилоъ дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»