Дар миёни ҳамаи ҷашнҳое, ки халқи тоҷик аз ибтидо то имрӯз ба он эҳтиром мегузорад, чор ҷашн: Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада мақоми шоиста дорад. Тамоми суннатҳо ва ойинҳои идҳои болозикрро ба инобат гирифта метавон гуфт, ки чунин идҳо, дар баробари ҷашни мардумӣ буданашон, инчунин, як мактаби бузурги маҷмуи донишҳоянд. Аҷдоди тоҷикон бо эҷоди чунин ҷашнҳо собит намудаанд, ки ботинан ҳанӯз аз бомдоди таърих тарғибгари андешаҳое, ба монанди сулҳу дӯстӣ, ободкорию созандагӣ, меҳру вафо ва қадршиносӣ мебошанд.
Гузаштагони дури мо ин чор ҷашнро аслан ба муносибати тағйирёбии иқлим, вақт, таҳаввулоти дар табиат дар давоми сол рӯйдода, корҳои кишоварзӣ ва зиндагии босаодати инсонӣ эҷод кардаанд. Олимон асосҳои табиӣ ва нуҷумии ҷашнҳои моро, чи дар асрҳои миёна ва чи дар дунёи муосир собит намуда, ба хулосае расидаанд, ки воқеан ҷашнҳои мазкур ба ҳодисаҳои табиат сахт алоқаманданд.
Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои таърихии халқҳои тоҷику форс мебошад. Пайдоиши он ба тағйирёбии табиат, корҳои кишоварзӣ ва олами коинот алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Тавре маълум аст, дар давоми сол Офтоб дар байни ситораҳо аз тарафи ғарб ба шарқ аз рӯйи даври калон ботадриҷ ҳаракат мекунад. Ҳамин роҳи зоҳирии солонаи Офтобро дар илми нуҷум эклиптика меноманд. Эклиптика аз болои 12 бурҷ: Ҳут, Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Харчанг, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ ва Давл мегузарад, ки он минтақаи бурҷҳо номида мешавад. Офтоб дар давоми сол аз қисми ҷанубии кураи Осмон ба қисми шимолии он ҳаракат карда, экватори дунёро 21-уми март дар нуқтаи эътидоли (баробаршавии шабонарӯзии) баҳорӣ ва дар мавриди аз қисми шимолӣ ба ҷануб ҷой иваз карданаш ҳамон экваторро 22 – 23-юми сентябр дар нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ бурида мегузарад. Яъне, дар давоми сол ду маротиба шабу рӯз баробар мешавад. Дар ҳамин ду маврид, яъне эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ ниёгони мо ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро офаридаанд. Инчунин, дар давоми сол Офтоб ду маротиба ҷойивазкунии калонтаринро аз сар мегузаронад, ки яке ба 22-юми июн ва дигаре ба 22-юми декабр рост меояд. Ҷашнҳои Тиргон ва Сада низ ба ин ду ҳолати табиат алоқамандӣ доранд.
Вобаста ба ин, дар солшумории хуршедии (шамсии) ниёгони мо моҳе бо исми Меҳрмоҳ вуҷуд дорад, ки аз 22-юми сентябр то 22-юми октябрро дар бар мегирад. Ҷашни Меҳргон ба ҳамин ҳодисаи табиат алоқа дошта, онро асосан аз рӯзи 16-уми Меҳрмоҳ таҷлил менамуданд, ки то рӯзи 21-ум (аз 8 то 16-уми октябр) идома меёфт. Тавре бостоншиноси намоёни тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ зикр менамояд: «Вақте Офтоб дувумбора ба бурҷи Ҳамал меояд ва шабу рӯз баробар мешавад, Ҷашни Меҳргон оғоз меёбад».
Вожаи «меҳргон» аз ду ҷузъ иборат буда, дар луғатномаҳо чунин шарҳ ёфтааст: «меҳр» - муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» - далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи хуршедӣ омада, исми Амшоспанд (ҷовидони муқаддас) ва фариштае аз устураҳои қадимаи мо мебошад.
Меҳр дар забони санскрит дар шакли «митра», дар Авесто «митҳра», дар паҳлавӣ «митр» буда, пайвандгари рӯшноӣ ва нури азалӣ мебошад. Гарчанде, иддае аз муҳаққиқон дар баъзе навиштаҳои худ Меҳрро Хуршед мегӯянд, вале Меҳр на фақат Хуршед мебошад, балки дар Авесто яке аз фариштаҳои бузург маҳсуб ёфта, ба он ориёитаборон ниёиш ва дуруд мефиристоданд.
Дар Авесто Меҳр воситае байни офариниш ва Парвардигор аст. Азбаски Меҳр худованди шартномаҳост, дар маъбади ӯ ақди никоҳ баргузор мешуд. Шартномаҳо дар ҳамин рӯз баста мешуданд. Аз он ки дар Ҷашни Меҳргон байни ориёиҳо маросими никоҳ роиҷ буд, аз ҳамин оин сарчашма мегирад. Меҳр яке аз фариштагони сари пули Чинвод аст ва ба аҳдшиканон ҷазои сахт медиҳад. Аз ин рӯ, ориёиҳо ба моҳи меҳр ва фариштаи Меҳр эҳтироми махсус доштанд. Бостоншиносон чандин харобаҳоеро пайдо намудаанд, ки бозёфтҳои он далолат аз ин гуфтаҳо медиҳанд. Масалан, бостоншиносон аз мавзеи Буғозкӯй, дар яке аз шаҳрҳои Осиёи Хурд, лавҳи гилине пайдо карданд, ки ба номи Капатука машҳур буда, ба 1400 сол қабл аз мелод тааллуқ дорад.
Ҳамин тариқ, то ба рӯзгори мо исми Меҳрро ориёиҳо бо ифтихор дар номҳои худ мегузоштанд ва мо дар таърих то ба имрӯз номҳои зебо, ба монанди Миҳрдод, Меҳроб, Меҳроҷ, Меҳровар, Меҳрон, Меҳрӯз, Каёмеҳр, Бузургмеҳр, Меҳрдод ва дигарро дорем. Тибқи маълумоти китоби Таврот хазинадори бузурги Куруши Бузург Митредот (Меҳрдод) ном дошт, ки шоҳаншоҳ ба ӯ боварии комил дошт.
Атрофи пайдоиши Ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти гуногун зиёд ба чашм мерасанд. Бинобар навиштаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома», Ҷашни Меҳргон баъди пирӯзии Фаридун бар Заҳок падид омад ва он пайки нишоту шодӣ ва пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот мебошад. Ин маънӣ дар навиштаҳои муаррихи асри Х Абулқосим Масъудӣ, донишмандони тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Ибни Балхӣ, Абуҷаъфар Муҳаммади Табарӣ, адибони шуҳратёр Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Асадии Тӯсӣ, Унсурии Балхӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Муизӣ ва дигарон низ зикр шудааст.
Ҷойи ифтихор аст, ки ватани аслии Ҷашни Меҳргон ин ҳудуди Варорӯду Хуросон ба ҳисоб меравад. Бо кадом далел? Агар ишораҳои сарчашмаҳои зикршударо қабул намоем, пас гуфтан мумкин аст, ки Меҳргон дар замони Пешдодиён ба вуҷуд омадааст. Яъне, эҷодгари асли Ҷашни Меҳргон аҷдоди мост.
Тибқи нишондоди мадракҳои таърихӣ, аз ҷумла «Авесто», «Бундаҳишн», «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Табарӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ, ҳамаи намояндагони сулолаи Пешдодиён ва ҳудудҳои он ба ҳамин ду ҳудуди таърихӣ – Варорӯд ва Хуросон, тааллуқ доранду миллати мо дар ҷаҳон яке аз халқҳои эҷодгари беҳтарин суннатҳои зебои инсонӣ ба шумор меравад.
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
омӯзгори калони кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ