Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир ба як маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Падару модарон бо ифтихор аз писарони тарбиякардаи худ барои иҷрои сарбаландонаи ин қарзи фарзандӣ ба аскарони ҷавон дуои хайр медиҳанд.
Имсол низ, баъди содир шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» шумораи зиёди ҷавонон бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихор аз ҳимояи Ватан ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии худ ҳозир гаштанд.
Ҷавонони синни даъватӣ ҳамчун пайравони содиқи Пешвои миллат таъкидҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ба инобат гирифта, аз худ масъулияти баланди ватандорӣ нишон медиҳанд.
Маҳмадшариф Каримов, сокини деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор мебошад. Ӯ соли гузашта факултаи гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм намуда, имсол бо амри дил барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ камари ҳиммат бастааст.
Тавре ӯ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, мо, ҷавонони кишвар, ба боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудаем, ки ин барои мо ифтихор ва масъулияти бузург аст. Вақте ки Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро ба мо – ҷавонон бовар карда, гуфтаанд: «Ҷавонон ояндаи миллатанд» гумон мекунам хизмати аввалиндараҷаи мо ба Ватани азизамон шомил шудан ба Артиши миллӣ мебошад. Ман атрофи ҳамин ҳадафам бо падару модарам маслиҳат кардам. Онҳо бо ифтихор гуфтанд, ки модом ҳамин хел мақсад гузоштаӣ, дар ин ҷода ба ту, фарзанди азизам сафари нек, хизмати софдилона баҳри халқу Ватан таманно дорем. Орзу дорем, ки бо сари баланд, сиҳату саломат ба хона баргардӣ.
Ӯ ба ҳамсолони худ муроҷиат карда, мегӯяд: «Даъватномаи комиссариати ҳарбиро интизор нашавед, ихтиёрӣ ва ҷавонмардона ба комиссариати ҳарбии ноҳияи худ рафта, пешакӣ барои ба хизмати Ватан рафтан хешро номнавис кунед. Фаромӯш накунем, ки хизмати Модар – Ватан ин қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мост!»
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»