Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон – шаҳри Исломобод, ҷаласаи 23-юми Шурои сарварони ҳукуматҳо – сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид, ки дар он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Дар ҷаласа масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд дар доираи СҲШ баррасӣ гардида, оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор доир шуд. Аз ҷумла, ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории амалӣ дар доираи Созмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Масъалаи татбиқи ташаббуси навбатии Тоҷикистон оид ба нақши зеҳни сунъӣ баррасӣ шуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо намояндаи вижаи Дабири кулли СММ оид ба фановарӣ Амандип Сингҳ Гилл мулоқот намуд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар масъалаи татбиқи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имконияти нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор карданд.
Ҳамкориҳо бо САҲА баррасӣ шуданд
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Вилли Кемпел вохӯрд.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Созмон, инчунин, иқдоми минбаъдаи муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳузури намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои генералии СҶС
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо иштирок намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, ки Шараф Шерализода мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳаммуаллиф вобаста ба аҳамияти қабули Созишномаи Созмон оид ба содагардонии сармоягузорӣ барои рушд муаррифӣ кард.
Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Гана
«Дар Душанбе даври нахустини машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гана баргузор гардид», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тақвияти ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, башардӯстона, илму маориф, фарҳанг, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди терроризми «Марҳалаи кувайтии раванди Душанбе»
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо сардори бахши сиёсат ва ҳамоҳангсози Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) Муҳаммад Рафиуддин Шоҳ вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои раванди тадорукотии Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм «Марҳалаи кувайтии раванди Душанбе»-ро, ки баргузории он 4-5-уми ноябри соли равон дар Давлати Кувайт ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.