“Истиқлол” – ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон
Дастаи футзали “Истиқлол”-и Душанбе бори аввал барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.
Дар бозӣ барои Суперҷом «Истиқлол» бар «Соро компания» бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.
Голҳои “Истиқлол”-ро Рустам Ҳамидов, Муҳаммад Шарифов, Абдуқаюм Умаров ва Шавкат Ҳалимов, дар ҳайати “Соро компания” Самандар Ризомов ду гол ва Файзалӣ Сардоров як гол заданд.
ФУТБОЛ
“Регар-ТадАЗ” - ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2024
Дастаи футболи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2024 тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, бори ҳафтум сазовори Ҷом гардид.
Вохӯрии дастаҳо дар финали Ҷоми Тоҷикистон 20-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан сурат гирифт.
Ҳар се гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Дар дақиқаи 11-ум легионери камерунии “Хуҷанд” Тони Бикатал нохоста тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Бо гузашти шаш дақиқа легионери ганагии “Регар-ТадАЗ” Эммануэл Фримпонг тӯби дуюмро вориди дарвозаи ҳариф намуд. Голи “Хуҷанд”-ро Фирӯз Қараев дар дақиқаи 36-ум зад.
Дастаи шаҳри Турсунзода қаблан солҳои 2001, 2002, 2005, 2006, 2011 ва 2012 соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гашта буд.
“Бешкент” – чемпиони Тоҷикистон
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни духтарони то 17-сола бо пирӯзии дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав ба анҷом расид.
Дар мусобиқа 10 даста аз рӯйи системаи даврӣ дар ду марҳала бозӣ карданд. Тими «Бешкент» дар 18 бозӣ 18 ғалаба ба даст овард. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо касби 48 хол ҷойи дуюм, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо 42 хол мақоми сеюмро ба даст оварданд.
БОКС
Муштзанони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд
Шаҳри Будваи Черногория аз 23-юми октябр то 3-юми ноябр мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни ҷавонон (U-18) мешавад.
Дар мусобиқа 660 варзишгар аз 88 кишвар ширкат мекунад. Тоҷикистонро 9 муштзан муаррифӣ менамояд: Муинхуҷа Муминов (48 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Шодмеҳр Давлатов (57 кг), Дамир Муйбалихонов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Муҳаммадсултон Султонов (67 кг), Баҳромбек Ҳотамов (71 кг) ва Зиёратшо Қосимов (75 кг).
Варзишгаронро мураббиҳо Луис Владимир, Эмомалӣ Малаев, Файзуллоҳ Алиев ва Носир Азимов ҳамроҳӣ мекунанд. Акмалҷон Амирзода ба ҳайси довар дар чемпионат ширкат меварзад.
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Барселона мехоҳад мизбони Бозиҳои олимпии соли 2036 бошад
Дэвид Эскуде, мушовири варзиши шаҳри Барселона (Испания), омодагии шаҳрро барои мизбонии Бозиҳои олимпии соли 2036 таъкид кард.
Барселона метавонад бори дигар дар таърихи олимпӣ нақши калидӣ бозад, ҳамон тавре ки 32 сол пеш буд.
Барселона, ки мизбони Бозиҳои олимпии соли 1992 буд, на танҳо обрӯи байналмилалии худро баланд бардошт, балки ҳам аз нигоҳи варзиш ва ҳам инфрасохтори шаҳр рушд кард, манотиқи харобшуда ва атрофи он эҳё гашт.
Дар сатҳи байналмилалӣ, дархости Барселона барои мизбонии Олимпиадаи соли 2036 бо чанд шаҳр, аз ҷумла Сантяго де Чили рақобат хоҳад кард. Истанбул (Туркия), ки соли 2027 мизбони Бозиҳои Аврупо хоҳад шуд, Нусантара (Индонезия) ва Доҳа (Қатар) довталабони дигар мебошанд.
Бозиҳои олимпӣ соли 2028 дар Лос-Анҷелес (ИМА) ва соли 2032 дар Брисбен (Австралия) баргузор мешаванд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”