САДОИ ПО
Садои по ба гӯш омад, бигуфтам модарам омад,
Хаёлам модари ҷонам дубора бар дарам омад,
Ту худ гуфтӣ, ки меҳмонам, дар ин дунё намемонам,
Ҳамин буд то абад таркам намудӣ, модари ҷонам,
Кунун азми сафар кардӣ, бар он дорулбақо рафтӣ,
Зи пеши мо ту гӯё, ки ба даргоҳи Худо рафтӣ.
БАХШИШ
Рафтам сари мазорат, модар, маро бубахшо,
Хоки туро зиёрат, модар, маро бубахшо,
Дар ҳасрати канорат, модар, маро бубахшо,
Ман ҳастам интизорат, модар, маро бубахшо,
Ман зори хоки поят, модар, маро бубахшо,
Болои чашм ҷоят, модар маро бубахшо.
КУҶОСТ МОДАР
Эй фасли навбаҳорон,
Эй шабнами дурахшон,
Эй булбули ғазалхон,
Охир, куҷост модар?
Эй гулрухони олам,
Эй зодагони одам,
Андуҳ дораму ғам,
Охир, куҷост модар?
Эй мавҷи шӯхи дарё,
Эй чашмаи мусаффо,
Дар базми ташналабҳо,
Охир, куҷост модар?
Рӯида дар лаби ҷӯ,
Райҳону сарву ҳулбӯ,
Оранд ёд аз ӯ,
Охир, куҷост модар?
Дар ёди ӯ дилам доғ,
Бо лолаю гули боғ,
Бо кӯҳу пӯштаю роғ,
Охир, куҷост, модар?
МАЗОРИ МОДАР
Рафтам ба мазори модари ҷон,
Бо ғуссаву ғам ба оҳу афғон,
Гуфтам, ки варо садо кунам боз,
Ором шавад дилам зи туғён.
Гар рафт чунонки аз бари ман,
Гирён шудаам мисоли борон.
Хоҳам зи ту, эй Худои олам,
Он модари моро зинда гардон.
МОДАРИ МОҲПОРА
Чу рафтӣ, модарам, бемор гаштам,
Ба рангу рӯи хубат зор гаштам.
Кашида ранҷу ғамҳо аз бароят,
Зи дарду аз алам афгор гаштам.
Куҷоӣ модари маҳпораи ман,
Ки бе рӯи накуят хор гаштам.
МОДАРИ МУШТИПАРАМ
Рафтӣ зи дунё, модарам,
Бишкаста шуд, болу парам.
Торик шуд кошонаам,
Будӣ ту шамъи хонаам.
Будем мо доим ба ҳам,
Озод аз андуҳу ғам.
Пӯшида чашм аз ин ҷаҳон,
Рафтӣ, расид он гаҳ хазон.
Эй осмон, эй ахтарам,
Эй модари муштипарам.
Сунбула ИБОДОВА,
сармутахассиси бахши коргузорӣ,
назорат ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии
дастгоҳи раиси шаҳри Левакант