Таҳти ҳамин унвон силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву бадеии маҷаллаи “Пули пайванди қитъаҳо” баргузор гардид.
Чорабинӣ чанде қабл бо ташаббуси маҷаллаи “Пули пайванди қитъаҳо” дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Хитой барпо шуд. Маҷаллаи “Пули пайванди қитъаҳо” дар тули зиёда аз даҳ сол ягона нашрияи тоҷикӣ дар дохили Чин ва ягона маҷаллаи тоҷикӣ, ки берун аз Тоҷикистон чоп мешавад, ба шумор меравад. Ин маҷалла бо афзалиятҳои хоссаи худ дар ҳама самтҳо, аз муколамаҳои ҳукуматӣ то робитаҳои мардумӣ ва аз иқтисодиёт то фарҳанг миёни ду кишвар гузоришҳои фарогир таҳия менамояд. Маҷалла бо ин роҳ ба як воситаи муҳими мубодилаи фарҳангии миёни Тоҷикистону Чин табдил ёфтааст. Чорабинӣ бо мақсади таҳкими дӯстии ду кишвар ва пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, ҳамчунин, ба муносибати 75-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин созмон дода шуд.
Дар ин силсилаи чорабиниҳо меҳмонони воломақом, аз ҷумла сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин, инчунин, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раёсати кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дипсервиси Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои миллии Тоҷикистон, омӯзгории Тоҷикистон, славянии Россия ва Тоҷикистон, молия ва иқтисод, забонҳои хориҷӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар, синфхонаи Конфутсийи гимназияи “Кафолат”, Мактаби президентӣ ва Мактаби “Империяи дониши Тоҷикистон” иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ ҳудуди ҳазор намоянда, аз ҷумла намояндагони Палатаи савдо ва ширкатҳои чинӣ, Иттиҳоди чиниҳои бурунмарзӣ ва донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ширкат варзиданд.
Сафир Ҷи Шумин дар суханронии худ ба дӯстии босубот ва эътимоди баланди дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Чин баҳои баланд дод. Вай изҳор намуд, ки мулоқотҳои дӯстонаи сарварони ду кишвар ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва маорифро боз ҳам тавсеа медиҳанд ва барои некуаҳволии мардумони ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Ҳамчунин, сафир баргузории ин чорабиниро комилан мусбат арзёбӣ намуд.
Силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву бадеӣ зери унвони “Дӯстии Тоҷикистон ва Чин” дар соли 2024, ки аз ҷониби маҷаллаи “Пули пайванди қитъаҳо” баргузор гардид, аз намоишҳои осори тарҷумашудаи тоҷикиву чинӣ, лоиҳаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин, озмуни фарҳанги чинӣ ва барномаи фарҳангиву адабии тоҷикиву чинӣ иборат буданд.
Тарҷумони нусхаи тоҷикии китоби «Вожаҳои калидии Чин» ва корманди қаблии Сафорати Тоҷикистон дар Чин Муҳаммад Эгамзод махсус барои ин чорабинӣ як навор сабт намуд, ки дар макони баргузорӣ намоиш дода шуд. Директори раёсати кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шералӣ Ҷононов китоби мазкурро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Бо садои асбобҳои миллии мусиқии Тоҷикистону Чин ва суруди «Рақси мори тиллоӣ», ки аз ҷониби ҳунармандони Ансамбли дӯстии «Роҳи Абрешим» иҷро гардид, барномаи фарҳангӣ оғоз ёфт. Дар ин барнома на танҳо рақсҳои тоҷикӣ аз ҷониби санъаткорони гурӯҳи рақсии “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намоиш дода шуд, балки санъати размоварии чинӣ, ба монанди кунгфу, ки онро аъзои Ассотсиатсияи ушуи Тоҷикистон ва донишҷӯёни Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иҷро карданд, низ ба намоиш гузошта шуд. Сурудҳои чинӣ, аз қабили суруди “Роҳи офтобӣ” ва суруди “Модар”, ки бо эҳсоси зиёд аз ҷониби донишҷӯёни Донишкадаи Конфутсий иҷро гардид, басо ҷолиб буд. Суруди «Ҷавонон» бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷониби омӯзгор Сун Жонвэй иҷро гардид, ҳамчунин, барномаи мусиқӣ бо асбобҳои гуногуни тоҷикиву чинӣ ва намоиши рақси аждаҳову шер аз ҷониби санъаткорони Ансамбли дӯстии “Роҳи Абрешим”-и Донишкадаи Конфутсий фазои барномаро ба ҷӯш овард. Ҳикояҳои воқеӣ аз оилаҳои муштараки ҷавонони Тоҷикистону Чин ва иҷрои суруди «Ҳамдигарро мисли оила дӯст доред» бори дигар меҳмононро бо маънои амиқи ибораи “Тоҷикистону Чин – як оила” шинос намуд. Гурӯҳи кӯдакони мактаби “Империяи дониш” суруди бачагонаи «Кишвар»-ро иҷро намуданд, ки ба иштирокчиён тасаввуроти амиқе дар бораи дӯстии ҷовидонаи Тоҷикистон ва Чин дод. Намоиши санъати “Тағйири чеҳра” аз операи сичуан, ки як қисми мероси ғайримоддии фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад, инчунин, меҳмононро бо ҷаҳони ҷолиби фарҳанги Чин шинос кард.
Меҳмонон, ҳамчунин, аз таомҳои лазизи тоҷикиву чинӣ ком ширин карданд. Ба онҳо осори адабии тоҷикиву чинӣ тақдим гардид. Дар фарҷоми чорабинӣ созмондиҳандагон ба меҳмонон китобҳои зеринро ба монанди “Си Ҷинпин дар бораи идоракунии давлатӣ”, “Муколама ва мулоҳизаҳои Конфутсий», «Сад шеъри Танг» ва маҷаллаи “Пули пайванди қитъаҳо” ҳадя намуданд.
Гарчанде силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву бадеӣ зери унвони “Дӯстии Тоҷикистон ва Чин” ба анҷом расид, аммо ҳикояи мубодилаи фарҳангии миёни Чин ва Тоҷикистон идома хоҳад дошт. Биёед барои ояндаи ду кишвар боз ҳам бештар лаҳзаҳои аҷиби табодули фарҳангиро якҷо эҷод намуда, саҳифаҳои навро дар достони дӯстии Тоҷикистон ва Чин илова намоем.
Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ