19-уми октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони парлумонҳо, доираҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳо, дигар бахшҳои дахлдор ва коршиносони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор гардид.
Созмондиҳандагон ҳадафи асосии баргузор намудани чорабинии мазкурро афзоиши гардиши сайёҳон дар кишварҳои ИДМ, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ, баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти кишварҳо ва табодули таҷриба дар соҳаи сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳӣ ва меҳмондорӣ арзёбӣ намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни ифтитоҳи Форум иброз дошт, ки Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ дар доираи ИДМ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳамаи кӯшишҳои мо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт равона карда мешаванд. Кишвари мо дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ буда, имкони рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатӣ, таърихӣ, шикорӣ ва дигар навъҳоро муҳайё месозад. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи инфрасохтори соҳа ба ҷалби сармоягузориҳо аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Дар ин самт як қатор сабукиву имтиёзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинӣ шудааст.
Неъматулло Ҳикматуллозода афзуд, ки чорабинии имрӯза барои андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати рушди бештари ин соҳаи муҳиму афзалиятноки иқтисодиёт мусоидат менамояд.
Дмитрий Кобитский, Котиби генералии Шурои ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ изҳор дошт, ки имрӯз TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» ба як платформаи калидии ҳамкории байни иштирокчиёни соҳаи сайёҳии ИДМ табдил ёфтааст, ки афзоиши шумораи сайёҳон байни кишварҳои Иттиҳод аз он шаҳодат медиҳад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ мустаҳкамсозии муносибатҳои сайёҳӣ ва таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ байни кишварҳои мо боз ҳам аҳамияти бештар пайдо мекунад. Яке аз мавзуъҳои муҳиме, ки имрӯз баррасӣ шуд, ин таъминоти кадрии саноати сайёҳии кишварҳои Иттиҳод аст. Норасоии кадрҳои саноати сайёҳӣ дар як қатор кишварҳои ИДМ моро ба ҳамкориҳои байналмилалӣ байни кишварҳоямон ҷиҳати ҷалби кадрҳои соҳибтахассус водор месозад.
Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зарфияти сайёҳии Тоҷикистонро ба иштирокдорони Форум ба таври рӯнамо пешниҳод намуд. Ӯ иброз дошт, ки агар шумо дар бораи сайёҳии Тоҷикистон чизе медонед, ин ба эҳтимоли зиёд зебоии кӯҳҳо ва мазаи меваҳои хушку тару тозаи мо аст. Аммо, дар асл, таассуроти рангине, ки шумо метавонед дар Тоҷикистон дошта бошед, яке аз ҷиҳатҳои тавонои сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Шояд шумо борҳо шунидаед, ки Тоҷикистонро аз рӯи шумора ва баландии қуллаҳо «боми ҷаҳон» меноманд. Дар асл, ин ибора ба Помир дахл дорад, ки дар шарқи Тоҷикистон воқеъ аст. Кӯҳҳои Фони мо, ки дар шимолу ғарби мамлакат воқеъ гардидаанд, аз ҷиҳати ҷолибияту зебоӣ кам нестанд. Ҳамасола сайёҳони зиёд ин маконҳои Тоҷикистонро сайр мекунанд.
Дар Форум, инчунин, масъалаҳои рушди минтақаҳои кӯҳӣ байни кишварҳои ИДМ, амалисозии лоиҳаҳои сайёҳии байниминтақавӣ, хатсайрҳои кӯҳии байналмилалӣ, рушди истироҳатгоҳҳои кӯҳӣ, баландбардории сатҳи хизматрасонии сайёҳӣ, беҳтарсозиву муосиргардонии хизматрасонии меҳмонхонаҳо, боз ҳам ҷолибтар гардондани сайёҳии кишварҳои аъзо ва муттаҳидсозии иқтидори онҳо мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифтанд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»