Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ, 14-уми октябр) аз вазъи соҳаи сайёҳии ВМКБ изҳори нигаронӣ карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2023 ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ВМКБ ҳамагӣ 50 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ворид шудааст, ки хеле кам аст.
Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки имкониятҳои вилоят дар ин самт ҳанӯз ба таври кофӣ истифода намегарданд, ки ин аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат дастур доданд, ки роҳбарони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор Барномаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таҳия ва амалӣ намоянд. Инчунин, доир ба ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили растаҳои косибону ҳунармандон бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
БАДАХШОН – МИНТАҚАИ АНЪАНАВИИ САЙЁҲӢ ВА КӮҲНАВАРДӢ
Гуфтан ба маврид аст, ки Бадахшон минтақаи анъанавии сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ мебошад. Бадахшони кӯҳӣ борҳо яке аз самтҳои беҳтарини сафар барои сайёҳон дониста шудааст. Ин ҷо қуллаи Исмоили Сомонӣ ва дигар қуллаҳои баланд мавҷуданд, ки байни кӯҳнавардон маъруфияти хосса доранд. Дар қуллаи Исмоили Сомонӣ беш аз бист хатсайри дараҷаи душвории гуногун мавҷуд аст. Ҳамасола барои баромадан ба қуллаҳои сарбафалак садҳо кӯҳнавардон аз тамоми кишварҳои ҷаҳон ташриф меоранд, экспедитсияҳои сершумори илмӣ ва экологӣ гузаронда мешаванд. Ғайр аз ин, дар кӯҳҳои Бадахшон ёдгориҳои бостонӣ ва мавзеъҳои таърихии ҳифзшаванда, бар хилофи аксари андешаҳо, назар ба водиҳо кам нестанд. Дар нишебиҳои кӯҳҳои бошукӯҳи Бадахшон боқимондаҳои қалъаҳои қадимаи Қаҳқаҳа ва Ямчун, харобаҳои шаҳрҳо ва мамнуъгоҳҳои қадима нигоҳ дошта шудаанд.
Дар миқёси вилоят манзараҳои гуногун ба ҳам омадаанд. Аз ҷумла, сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, водиҳои зебо, дарёҳои тезҷараён, кӯлҳои мусаффо, меъмории ғайримуқаррарӣ ва ғайра ин минтақаро барои ҳар бинанда ҷолиб гардондаанд. Ба ин ҷо, асосан, ғайр аз кӯҳнавардон, нафароне меоянд, ки сайёҳии экологиро меписанданд. Онҳо бештар бо дучарха сафар мекунанд. Баъзан, барои хориҷиёни сарватманд шикори гусфанди кӯҳии Марко Поло ташкил мешавад. Тибқи арзёбии мутахассисон, табиату имкониятҳои махсуси ин минтақаи кишварамон барои рушди сафарҳои сайёҳӣ, аз қабили шухпаймоӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии кӯҳӣ дар ҳамбастагӣ бо шикор, рафтинг ва дигар навъҳои экстремалии сайёҳӣ мусоид мебошанд. Вале алҳол ҳамаи иқтидори Бадахшон барои рушди соҳаи сайёҳӣ истифода намешавад.
Бо таъкиди Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, имрӯз дар вилоят дар чор шаҳру ноҳия бахшҳои соҳавӣ мавҷуданд, хуб мешуд, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо чунин бахшҳо бошанд. Ба гуфтаи Ҳ. Амирбекзода дар баробари ин барномаҳои маҳаллие, ки дар доираи Стратегияи рушди сайёҳӣ қабул мешаванд таваҷҷуҳи бештар мехоҳанд. Тавре мавсуф мегӯяд, бо вуҷуди дар соли гузашта зимни ҷаласаи Шуро оид ба ин масъала дастуру супоришҳо дода шудан, дар ВМКБ танҳо дар ду шаҳру ноҳия барнома қабул гардидааст, ки он ҳам маблағгузорӣ нашудааст. Тавре маълум аст, бе маблағ ягон қадам пеш рафта намешавад. Ҳамзамон, Ҳ. Амирбекзода пешниҳод намуд, ки чорабиниҳои сатҳи миллии сайёҳӣ дар вилоят баргузор карда шаванд, то имкони боздиди шаҳрвандони дохилӣ аз вилоят бештар гардад, зеро қариб 90 дарсади аҳолии мамлакат аз ВМКБ дидан накардаанд. Бо ин роҳ, ҳам сайёҳони бештар ба вилоят ҷалб мешаванд, ҳам имкониятҳо меафзоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»