Аз 22 то 27-уми октябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ менамоянд.
Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки вакилон зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон бандҳои алоҳида ва нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ шарҳ медиҳанд. Ҳамчунин, дархосту хоҳиши интихобкунандагон шунида шуда, зимни қабули қонунҳо ба инобат гирифта мешаванд.
Баргузории ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ
Аз 21 то 26-уми октябр дар Вашингтон ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2024 гузаронда мешаванд. АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои мазкур вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода намояндагӣ мекунанд.
Дар ҷаласаҳо масъалаҳои марбут ба дурнамои макроиқтисодӣ идоракунии дороиҳои давлатӣ дар шароити феълӣ, сармоягузориҳои устувор, ҳамгироии иқлим ва табиат, нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо, мушкилоти амалиётӣ ва шаклҳои гуногуни кумаки самаранокро муҳокима менамоянд.
Иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ
Дар нуҳ моҳи соли равон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 106,5 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 14 миллиарду 102,3 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ 15 миллиарду 25,3 миллион сомонӣ ворид шуд.
Тавре дар хабари интишордодаи Кумитаи андоз омадааст, ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 923,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гуфта мешавад, ки бо назардошти қабул гардидани буҷетҳои иловагӣ ба маблағи 300,2 миллион сомонӣ вобаста ба барзиёд таъмин шудани он дар ин давра нақшаи аниқшуда ба андозаи 104,3 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 622,8 миллион сомонӣ зиёд ворид шуд.
Бонки миллӣ ба Вестерн Юнион Нетворк иҷозатнома дод
Бонки миллӣ ба Вестерн Юнион Нетворк барои фаъолияти оператории низоми пардохтии «Вестерн Юнион» (Фаронса) тавассути аз нав ба расмият даровардан иҷозатнома дод.
Бонки миллӣ иттилоъ медиҳад, ки ин тасмим бинобар тағйир ёфтани нишонии ҳуқуқии Вестерн Юнион Нетворк бо қарори навбатии раёсати Бонк ва мутобиқи қонунҳои амалкунанда гирифта шудааст. Дар ин замина, департаменти низоми пардохт ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ сабти дахлдор ворид намуд.
Омодагии иншооти энергетикӣ ба давраи тирамоҳу зимистон
Ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуд.
Хадамоти матбуотии Вазорат иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024 ҷамъбаст гардиданд. Аз ҷумла, доир ба омодагии иншооти энергетикӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ба давраи тирамоҳу зимистон табодули афкор шуд.
Маблағгузории 40 лоиҳаи илмию таҳқиқотии соҳаи тиб
Имсол аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои муассисаҳои илмӣ-таълимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 40 лоиҳаи илмию таҳқиқотӣ маблағгузорӣ шуд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7-то зиёд мебошанд. Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби Вазорат барои якчанд муассисаи табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи 162 миллиону 358 ҳазору 128 сомонӣ таҷҳизот ва асбоби тиббӣ (дастгоҳи рентгении рақамӣ, мебел ва молҳои тиббӣ – катҳои функсионалӣ бо матрас, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, дору, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ ва сайёр, мизи ҷарроҳӣ ва ғайра) дастрас шуданд.
Форуми байналмилалии дипломатияи мардумӣ
22-юми октябр дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Иқтидори дипломатияи мардумӣ: суратмаҷлисҳои нави ҳамкорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин» Форуми байналмилалии дипломатияи мардумӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Форум дар доираи омодагӣ ба Саммити байналмилалии ҷамъиятӣ, ки соли 2025 баргузор мегардад, доир шуд.
Иштирокдорони он масъалаи истифодаи воситаҳои дипломатияи мардумӣ тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ ва рушди равандҳои ҳамгироии минтақавиро баррасӣ намуданд.