ЗАР НАГИР, ДУО ГИР
Субҳи барвақти ҳамин рӯзҳои фасли тирамоҳи заррин вориди ҳавлии собиқ раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова шудем. Бонуи номдорро, бо ҳамроҳи писараш Масрур ва набераҳояш машғули ҷамъоварии себу нок дидем. Боғро ӯ ва ҳамсараш Саъдӣ Миров бунёд намудаанд. Дар меҳмонхонаи ҳавлӣ сурати падараш – нахустин роҳбари ҳизбии ноҳия аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ (солиёни тулонӣ роҳбарони аввали ноҳияҳо рус ва дигар миллатҳо буданд) ва модараш Ғалимат Кабирова дар девор овезон буд.
Бонуи Давлатбибӣ лаҳзае чанд ба ин расмҳо назари меҳрборе намуда, гуфт:
– Ҳар гоҳе ки ба меҳмонхона ворид мешавам, дуру дароз ба ин расмҳои зебо ва бароям ниҳоят бебаҳо нигоҳ мекунам. Аз дилам мегузаронам, ки мардум ва, пеш аз ҳама, фарзандони миллати тоҷикро мебояд, ки тариқат, назокат, дараҷа ва зинаи баландтарини меҳру муҳаббат доштанро нисбат ба модар аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биомӯзанд. Рафтору гуфтор ва меҳрубониҳои ин Сарвари бузургвори миллат дарси ибрат ва омӯзиш барои ҳамаи мо мебошад. Роҳбари давлат ба серкории худ нигоҳ накарда, пайваста назди модарашон ба деҳкадаи дури кӯҳистон меомаданд. Ин фариштаи беамсоли заминӣ дуо мекарданд, ки кори фарзанди арҷмандаш доимо баравнақ, осмони Тоҷикистон ҳама вақт софу беғубор бошад. Сулҳу амонӣ дар дунё пойдор, кори давлату Ҳукумат пешрав, халқи кишвар осоишта ва рӯзгори шоиста дошта бошанд. Чи хуш аст, ки дуои модар мустаҷоб гардид. Бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба биҳишти рӯи Замин табдил ёфт. Ин ободкорӣ ва бунёдгариҳову созандагиҳои беқиёс дар доираи истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемайлон идома доранд.
– Дарси меҳру муҳаббатдориро на танҳо ба фарзандон, балки ба бародарону хоҳарони шавҳарам аз модар, ки вай низ бонуи деҳнишин буд, аз бар кардаам ва бо дуои он азиз дар кору зиндагӣ комёб шудам. Бо раҳнамоии модарам Ғалимат Кабирова на танҳо мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм кардам, инчунин, тамоми ҳунарҳоеро, ки ба ҷавондухтари тоҷик зарур аст, аз бар кардам. Бо бародарону хоҳарон, хешу таборон ва рустонишинон муносибат карданро аз ӯ омӯхтам. Аз баландии рустои Роғ, ки рӯди Ванҷоб ҷорист, дуои модарро гирифта, ба шаҳри Душанбе рафтам, илму дониш омӯхтам. Давоми солҳо модарам дар баробари падарам такягоҳам буд, –мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ҳоло ба ёд меорам, ки қиблагоҳам Сайфиддин Раҷабов ҳамчун раиси ноҳия аз субҳ то шом аз пайи вазифаи хидматӣ дар Ванҷи боло, Язгулом ва Вотхуд мегашт. Барои тарбияи бародаронаш Имомиддин, Зайниддин, Мирзомуддин ва Раҳмониддин, хоҳараш Қирғизмо ва мо – фарзандон кам вақт меёфтанд. Ин масъулиятро ба дӯши модарам Ғалимат гузошта буданд.
Модарам ба бародари хурдии падар Раҳмониддин, ки модараш дар айёми тифлӣ вафот кард, ғамхории бештар зоҳир менамуд. Ӯ маҳз аз тарбияти неки модари мо баҳра бурда, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кард. Ҳабдаҳ сол сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ванҷ буд. Ба депутатии Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ интихоб гардид. Бародарзодаи қиблагоҳам Назришо Эмомов, ки ӯ низ тарбиятдидаи модарам аст, нахустин генерали адлия аз ноҳияи Ванҷ мебошад. Ӯ солҳои зиёд дар вазифаҳои прокурори вилояти Кӯлоб, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуд. Бародарзодаи дигараш Зиёрат Эмомов дар вазифаҳои масъулиятнок фаъолият дошт. Ҳамаи онҳо бо дасти дуои неки ин бонуи хайрхоҳи музофотнишин комёб гардидаанд. Мешунавам, ки дар бораи фарзандони Сайфиддин Раҷабов ва Ғалимат Кабирова мардум суханони нек мегӯянд, сарам ба осмон мерасад.
Ҳамаи фарзандони ин хонавода бузургвору таҳсилдидаву соҳибкасбанд. Касе нест, ки маълумоти олӣ надошта бошад. Ба чунин муваффақият танҳо модари бузургу хонда сабаб шуда метавонад.
Огоҳем, ки ки модари азиз Давлатбибӣ Раҷабова Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бомуваффақият хатм кардааст. Дар вазифаҳои раиси Ҷамоати деҳоти Ванҷ, муовини аввали раиси ноҳия ва то ба нафақа баромадан, 8 сол раиси ноҳияи Ванҷ буд. Ӯ бунёдкорӣ ва созандагиеро, ки қиблагоҳаш Сайфиддин Раҷабов солҳои панҷоҳум ва шастуми қарни гузашта оғоз кард, идома дода, дар ободонии ноҳияи Ванҷ саҳми муносиб гузошт. Ҳоло дар канори фарзандон Масрур, Фаррух, Фарзона, Паҳлавӣ ва Шерзод давлати пирӣ меронад. Ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ буда, дар вазифаҳои гуногун фаъолияти густурда доранд.
Шоир барои чунин модарон фармуда:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Пайдост, ки ҳар кас дуои модари арҷмандашро гирифтаву панду андарзи ӯро ҳалқаи гӯш намуда бошад, камиро намебинад ва баракату файзи рӯзгорро мебинад. Ин аст, ки мардуми мо хуб фармуда: “Зар нагир, дуо гир!”
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор