Модарҷони фариштарӯю фариштахӯям, накугуфтору накупиндору беозорам, лаҳзае нест, ки ёдат накунам. Бо ҳар бори ёд кардан, чеҳраи нуроният пеши назарам намудор мегардад ва дил дар фироқи рӯят месӯзаду сиришк аз дидаҳо сарозер мешавад.
Ҳар гоҳе шаб ба поён мерасаду рӯз дида боз мекунад ва барои рафтан ба кор тараддуд мебинам, ба назар чунин менамояд, ки хона мерасаму туро мебинам, мебинам, ки дар роҳрав косаи дами гарм дар даст истодаӣ ва ҳамон табассуми зебо бар лаб мегӯйӣ: «Духтарҷонам, агар ҳазор шитоб дорӣ, то нахӯрӣ, раҳоят намекунам. Охир, субҳи солеҳон хеста, инро бароятон пухтам...». Аммо дармеёбам, ки ин ҳама як хаёлест, як руъёст, ноумед мешавам, диламро пардаи ғам мегирад, табъам хира мешавад, аламам меояд, инони гиряро мегирам.
Модарҷон, зиндагӣ бе ту сахт аст бароям. Чун нестӣ, зиндагӣ бо ҳама рангу тароват ранг бохтааст. Акнун дарёфтам, ки он аз баракати ҳузури ту дар хеш ҳазор рангорангию зебоӣ доштааст.
Фарзандону наберагон, хешу табор, шогирдон ва ҳамсояҳоят ҳамеша ба некӣ ёдат мекунанд, аз меҳрубониву дасткушодию хайрхоҳият мегӯянд, мегӯянд, ки фаришта буд, фариштаи заминӣ ва бо фариштаҳои осмонӣ пайваст.
Модарҷон, ҳама ҳарфи панду насиҳататро дар дафтари хотирам ҳифз кардаву онҳоро дастури зиндагии хеш қарор додаам. Ҳамеша мегуфтӣ: “Танҳо барои худ зиндагӣ накунед, умри одами хокӣ бисёр кӯтоҳ аст, ба худ иҷозат надиҳед, ки дилеро озор диҳед, зеро дили муъмин арши Худост, агар диле озор ёбад, арш меларзад. Ҳамеша бо мардум бошед, ғаму шодии онҳоро ғаму шодии худ донед, ҳаргиз ёрии худро аз касе дареғ надоред. Сарфи назар аз ин, ки ба кадом мақому мартаба мерасед, домани фурӯтанию хоксориро раҳо накунед. Танҳо дар ҳамин сурат метавонед дар дили мардум ҷо бигиреду соҳиби иззату эҳтиром шавед”.
Модарҷони ширинам, зиндагиномаат саросар аз корнамоиҳост. Чиҳил соли дароз, рисолати бузург, рисолати инсонсозиро бар дӯш доштию бо сарбаландию рӯсурхӣ онро ба ҷо овардӣ. Ёдам ҳаст, ки ҳар гоҳе бо рӯ задани хумори диданат ба МТМУ №8-и шаҳри Кӯлоб мерафтаму дар мизи охири синф интизори тамом шудани дарсҳоят менишастам, медидам, ки бо лутфу меҳрубонии зиёд ба шогирдонат муносибат мекардӣ. Дасти ҳар якеро гирифта, тарзи дуруст доштани қаламу навиштани ҳарфҳоро ёд медодӣ. Сари ҳар кадомро бо навозиш сила менамудӣ. Ҳамагӣ мисли модари худ дӯстат медоштанд. Медидам, ки бархе бо диданат дар саҳни ҳавлии мактаб “Очаҷо-о-он!” – гӯён давида, туро ба оғӯш мегирифтанд. Медонӣ, Модарҷон, ҳамон лаҳза маро чӣ эҳсосе фаро мегирифт? Боре ҳам дар ин маврид гап накушодам, акнун мегӯям: маро ҳисси рашк фаро мегирифт, рашки кӯдакона. Ба худ мегуфтам, ки охир ӯ очаҷони ман аст..? Баъдҳо дарёфтам, ки чунин эҳсос аз муҳаббати сахт рӯ мезадааст, аз муҳаббати фарзанд нисбат ба модар.
Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Мактабро хатм кардам. Бояд барои ба Донишгоҳ дохил шудан бо хоҳарбузургам Озода, ки донишҷӯи факултети шарқшиносӣ буд, ба пойтахт меомадем. Дилат қарор нагирифт ва ҳамроҳамон омадӣ. Баъди супурдани ҳуҷҷатҳо то нимаҳои шаб бароям дарс мегуфтӣ. Ман эҳсоси хастагӣ мекардам, аммо ту чунин набудӣ. Ба ҳамеша сари кор будан одат карда будӣ. Чун дар хонаамон ҳатто дар дили шаб ҳам барои муҳайё кардани нони даҳони фарзандон сари дастгоҳи дӯзандагӣ менишастӣ. Бедорхобӣ бароят як кори маъмул гардида буд. Маро рӯи китоб хоб пахш мекард. Бо гузашти фурсате сарамро сила карда, бо навозишу меҳрубонӣ бедорам мекардӣ. Себи поракардаатро дар табақча пешам мегузоштӣ, то тановул бикунаму мадор бигирам ва хоб аз хонаи чашмам канор раваду ба имтиҳони дохилшавӣ омода бошам. Мегуфтӣ, ки духтарҷон, барои даст ёфтан ба барору муваффақият заҳмат бояд кашид, меҳнат бояд кард. Ҳеҷ роҳат бе кӯшишу саъю талош ба даст намеояд. Ҷаҳду талошҳо барабас нарафт, модарҷон. Донишҷӯ шудам. Албатта, бо дуои неку дастгирию ҳидоятҳою ғамхориҳоят.
Солҳо паси ҳам мегузаштанд. Мо – фарзандонат ҳам бузург мешудем. Аммо барои ту ҳанӯз ҳам ҳукми кӯдакро доштем. Ҳамеша воқифи ҳоламон будӣ. Соли 1993 ҳамчун муфаттиши раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб фаъолият менамудам. Вазъият бениҳоят душвор буд. Ёдам ҳаст. Як рӯз аз тиреза ба берун нигаристам. Дидам, ки дар ҳавлии раёсати корҳои дохилӣ, ки канораҳои роҳрави онро гулҳои зебои садбарг зиннат медоданд, ҳамкоронам дастҳо пушти сар дар рӯйи замин мехобанд. Болои сари онҳо чанд тан низомипӯши мусаллаҳ, ки бо худ саг ҳам доштанд, пасупеш қадам мезаданд. Касе ёрои сар баланд кардан надошт. Садои боз шудани дари дафтари кориам маҷбурам кард, ки нигоҳ пас гирам. Марди низомии баландқомате дар китф силоҳ ва бо саги бадҳайбат ворид шуд. Чашмонаш хун баста буданд. Ба нафрат ба сӯям нигаристу дарро бо ғазаб пӯшида, пас гашт. Шояд зан буданам нақш бозид, вагарна ман ҳам канори ҳамкоронам қарор мегирифтам. Ҳамин лаҳза садои тирпаронӣ баланд гардид. Ҳаросон давида ба кӯча баромадам. Давру бари ниҳоди моро силоҳбадастон бо танку дигар лавозимоти ҷангӣ иҳота карда буданд. Пеш аз ҳама чашмам ба ту – модарҷони ҷасурам афтод, ки ҳаросон ба ҳар тараф менигаристӣ. Духтари навкоратро меҷустӣ. Ба хона баргаштем. Шояд дигар модар мебуд, монеи идомаи кори духтараш мешуд. Аммо аз ин шумор набудӣ. Гуфтӣ, ки духтарам, давлат туро мехононад, имрӯз фурсат фаро расид, ки барояш хидмат кунӣ, подоши онро баргардонӣ. Рӯзи дигар бароям дуо додию ба кор гусел кардӣ. Ҳатто шабу рӯзи интихобот, ки ба ҳимояи сохти конститутсионӣ рабт мегирифт ва сар задани ҳама гуна рухдоди нохуш эҳтимол дошт, аз худ ҷасорату мардонагӣ нишон додӣ. Иҷозатам додӣ, ки бо мардум бошаму кори фаҳмондадиҳӣ барам. Чунин муносибат имрӯз бароям сарбаландию рӯсурхӣ овард, соҳибэҳтиромам кард. Ҳама муваффақиятам аз хиради ояндабинӣ ва баракати дуои сидқи туст, модарҷони азизам.
Чун ёдат мекунам, сар ба зонуи тафаккур мегузорам. Дасти ёд маро ба гузашта мебарад. Пеши назарам меоӣ. Бо ҳамон либосҳои хоксорона. Ҳеҷ гоҳ ба худат иҷозат намедодӣ, ки дар қиёс ба дигарон зеботар бипӯшӣ, ҳарчанд, ки чунин имконият бароят фароҳам буд. Мегуфтӣ: “Луқмони ҳакима кулбааш хору хас аст, Ин марди раворава ҳамин кулба бас аст…”
Кони донишу маърифат будӣ. Шеъру панду андарзи зиёд медонистӣ. Вақти сухан гуфтан аз онҳо истифода мебурдӣ ва бо ин суҳбататро ширину ширадору шуниданӣ мекардӣ. Ҳамсояҳову хешу табор инро хуб дар ёд доранду пандҳоятро барои худ ҳифз ҳам кардаанд ва чун бозгӯ мекунанду мегӯянд «Модарат, Худо раҳматаш кунад, дар ин мавридҳо чунин мегуфт...».
Ҳар гоҳе ҳамсояҳоро мебинам, даврам парвона мешаванд. Медонам ёдат кардаанд. Аз ман туро меҷӯянд. Зеро ҳам ба сурат ва ҳам ба сират то ҷое ба ту шабоҳат дорам. Ҳис мекунам, ки барояшон хеле азиз будӣ. Нақл мекунанд, ки модарат ғами ҳамсояҳоро мехӯрд. Дурандешиашро бинед, барои он, ки мо эҳсоси шарм ва худро ногувор ҳис накунем, дар таги халтаҳо гӯшти яхбастаро мегузошту аз болояш нонҳои хушкшударо ва аз дар дароз мекарду мегуфт инҳоро овардам, ки ба хешони деҳотиятон фиристед. Рӯзе набуд, ки таги дег алов намонаду оши буридаю дангичаю палов напазаду ба ҳамсояҳо тақсим накунад. Бо рафтанаш, гӯё баракат ҳам аз ин кӯча рафт. Ҷояш холист...
Хонаи ман низ бе буданат сарду холист. Куҷоӣ, ки сар ба зонуят гузораму бо расидани дастонат ба сар хастагиам рафъ шаваду неруву тавоноӣ бигирам, бо дидани симои нуронию зебоят зиндагӣ бароям рангинтар шавад, бо шунидани ҳарфҳои пандомӯзат ба оламу одам дилгарм гардам...
Ҳар субҳ пеши назарам меойӣ. Ғамзада аз хона берун мешавам. Бегоҳ чун бармегардам, дарро ба рӯям боз намекунӣ. Табассуми зебо бар лаб намегӯӣ: “Омадӣ, духтарҷон, дер кардӣ, гушна мондӣ, ёдат кардем...”
Сабуриро ҳам аз ту омӯхтаам, ба набудани ту сабр мекунаму бо ёди ту таскину тасалло меёбам. Макони охиратат пурнур бод, модарҷони яктову беҳамтои ман!
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
генерал-майори милитсия