Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев имсол ба синни мубораки 70 расид. Ба ин хотир, мо дафтари эҷодии ҳунармандро варақгардон намудем, ки дар ҳар саҳифаи он ҷилои санъати волояш ҳувайдост.
ПАЙВАНД БО ОЛАМИ ҲУНАР
Меҳри ҳунарварӣ дар замири ӯ аз хурдсолӣ ҷой гирифт. Дар овони хурдсолии Асланшоҳ ба деҳа кино омад. Вақте шом фаро расид, одамон назди бинои мактаб ҷамъ омаданд. Дар девор матои сафедеро овехта буданд. Ногаҳон, ғурроси баланде ба гӯш расиду рӯи парда тасвирҳо ва одамон пайдо шуданд. Асланшоҳ дар ҳайрат буд. Чӣ тавр одамон дар девор гаштугузор доранд? Чӣ гуна чанд нафар дар як пардаи сафед ғунҷидаанд? Барои посух ёфтан ба ин суолҳо, оҳиста ба пушти парда рафта, он ҷо низ касеву чизеро надид. Ҳамин гуна тамошои филм дар зеҳни Асланшоҳ саволҳои зиёдеро ба вуҷуд овард ва баъди ҷустанҳо дарёфт, ки номи ин муъҷиза синамо аст.
Чанд сол сипарӣ гардид. Асланшоҳ бо ходими давлатӣ Низорамоҳ Зарифова, ки хешованди наздикашон аст, ба шаҳри Санкт-Петербург сафар карданд. Баъди чанд рӯзи гаштугузор дар ин шаҳри таърихӣ, онҳо ба кино рафта, филми “Ҷанг ва сулҳ” (аз рӯи асари ҳамноми Лев Толстой)-и коргардони маъруфи шуравӣ Сергей Бондарчукро тамошо карданд. Пас аз тамошои ин филм, Асланшоҳ ба хулоса омад, ки ҳатман ҳунарпеша мешавад!
Асланшоҳ Раҳматуллоев баъди хатми мактаби миёна ба шаҳри Москва роҳ пеш гирифт ва ба Институти умумииттифоқии синамогарон (ВГИК) дохил шуд. Ҳамин тавр, сарнавишти Асланшоҳ Раҳматуллоев ба ҳунар пайваст.
ДАР САҲНАИ ҲУНАР
Баъди хатми ВГИК, Асланшоҳ Раҳматуллоев фаъолияти худро дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз намуд ва дар саҳнаи ин театр нақшҳои ҷолиб офарид. Аз ҷумла, дар намоишҳои «Ҳамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриодӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» ва ғайра маҳорати баланди бозигариашро нишон дода, миёни мардум шуҳратёр гардид.
ДАР ОЛАМИ СИНАМО
Синамо як бахши муҳими фаъолияти ин ҳунарманд буда, дар ин ҷода ӯ ҳам ба ҳайси ҳунарманд ва коргардон фаъолият намуда, муваффақият ба даст овардааст. Ӯ дар филмҳои «Туфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Муки хурдакак», «Дар ағба напаронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин, филмҳои истеҳсоли дигар давлатҳо «Ҳалима» («Туркманфилм»), «Соати комендантӣ», «Таъмиргар» (киностудияи ВГИК), «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тилло» (телевизиони НТВ) ва ғайра нақшҳои хотирмон офаридааст.
ФАЪОЛИЯТИ ИМРӮЗА
Баъди он ки соли 1991 шодравон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов Театри намунавӣ-минётурии “Оина”-ро ташкил кард, Асланшоҳ Раҳматуллоевро ба ҳайси коргардон ба ин театр даъват намуд. Ҳамин тавр, ӯ фаъолияти хешро дар ин театр идома бахшида, сӣ сол боз дар ин даргоҳ кор мекунад.
ҚАДРШИНОСӢ АЗ ҲУНАРИ АСИЛ
Маҳз заҳмату талошҳо ҳунармандро ба қуллаи мурод мерасонад ва миёни мардум маҳбуб мегардонад. Қадршиносии ҳунари волои ӯ ба муносибати 50-солагии фаъолияташ зери унвони “Аслан – Шоҳи саҳна ” дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо ҳузури ҳунармандон ва ҳаводорони ҳунар баргузор шуд. Ин чеҳраи маъруфи театру синамои тоҷикро дӯстону мухлисон ба муносибати 70-солагияш таҳният гуфта, бо ёдоварӣ аз хотираҳои ҷолибу гуногуни ҳунарманд, маҳфилро хотирмон гардонданд.
Асланшоҳ дар мавриди роҳи тайкардааш чунин гуфт: “Нафаҳмида мондам, ки ин умр чи гуна гузашт. Умрам бо кори эҷодӣ, бо нақшофариву нақшгузорӣ, омӯзишу омӯзондан сипарӣ шуд. Ҳар рӯзи ҳаётам як воқеа, як лаҳзаи фаромӯшнашаванда ва ё як сафару вохӯрии хотирмон дошт. Албатта, зиндагӣ якранг нест ва доимо наметавон хушҳолӣ кард, аммо аксари он воқеаҳо фараҳбахш буданд”.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”