КОРРУПСИЯ Ё АМАЛИ ҚАЛЛОБИЕ, КИ МУМКИН АСТ ТО 8 СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА БАРАД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Музаффар Пулотов баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шуд.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ иттилоъ медиҳад, айбдоршаванда ба ҳайси мутахассиси шуъбаи барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Истаравшан кор карда, зимни фаъолияташ аз шаҳрванд “А” барои мусоидат ба гирифта додани сертификати истифодаи замин ва қонунигардонии дороиҳо ба манзил бо роҳи фиреб 33000 сомонӣ гирифтааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Музаффар Пулотов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима аз нуҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.
ҚАЛЛОБӢ
Фиребгар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд
Мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба як сокини шаҳри Хуҷанд (марди 46-сола) ба гумони содир намудани кирдори қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, номбурда моҳи январи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ як адад нақлиёти тамғаи «Лексус-350»-ро ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Гумонбар аз ин маблағ танҳо 62 ҳазор сомонӣ дода, 78 ҳазор сомонии дигарро аз моҳи январи соли ҷорӣ ба ин сӯ барнагардондааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»