Ин бор дертар ба деҳаамон рафтам: пас аз ду сол. Роҳҳои ҳамвор дар як он моро аз Душанбе миёни кӯҳсорони сарбаафлок бурд ва ҳамроҳони ман, ки бори аввал дар ин масир буданд, ҳар ҷо мошинро боздоштаву акс мебардоштанд. Тамошои кӯҳҳои сабзу ҳанӯз қисман барфпӯши қаторкӯҳи Ҳисор дар авҷи гармо ҳамсафарони маро ба ваҷд меовард ва кӯфти роҳро мебаровард, ки бо тай кардани ағбаю фосилаи дигари роҳ ба деҳа расиданамонро ҳам нафаҳмидем.
Чун ба роҳи ошнои даромадгоҳи деҳа расидем, ки сафедорони сафкашидааш гӯё ба пешвози ҳар нафари меомада мавзун истодаанд, аз рӯи одати тоҷикӣ ҳамраҳонамро хушомадед гуфтам.
– Эҳ, ҳамин ҷо деҳаи шумост? Обод будааст-ку? Роҳи даромадгоҳаш ин хел бошад, марказаш чӣ хел? – тааҷҷуб кард яке.
Ман ҳам ба маъное, ки ҳозир худатон мебинед, хомӯширо ихтиёр кардам ва бо тай кардани ҳамагӣ 500-600 метр роҳ расидем ба маркази деҳа.
Бозори серодаму растаҳои бонизоми пеши он, гузашта аз ин, чароғаки роҳу биноҳои ду-сеошёна ва хонаҳои бо типи нав сохташуда магар ба меҳмонон писанд омад, ки гуфтанд:
– Деҳаатон аз шаҳр ҳеҷ камӣ надоштаст…
Бале, деҳаи мо намои шаҳрро дорад ва инро ҳар нафаре он ҷо зиндагӣ мекунад ва ё боре меҳмон шудааст, тасдиқ менамояд. Хитоби ман деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент аст, маъмул бо номи Колхозчиён. Аз калонтарҳо шунида будем, ки ин ҷо қаблан маркази ноҳия буд ва аз ин рӯ обод аст. Қариб ҳама намуди беморхонаро дорад: чи касалиҳои пӯсту чи таваллудхона ва чи дармонгоҳ… Мактабҳои гуногун дари худро ба рӯи хонандагон боз кардаанд: муассисаи дар водӣ овозадори №6, ки қаблан мактаб-интернат буд, гимназия, литсей, мактаби русӣ… Роҳҳои кӯчаҳо ҳама асфалтпӯшанд, ба ҷуз маҳаллаи навбунёд, ки он ҳам асфалтпӯш шуда истодааст. Дорухонаҳо 24 соат дар хизмати мардуманд, мағозаҳо низ. Кӯдакон дар оғӯши боғчаҳо шоду масрур. Аз ҳама муҳим роҳи марказии деҳа – аз даромадгоҳ то баромадгоҳаш чароғон аст. Дигар барои намои шаҳрро гирифтани як деҳа чӣ намерасад? Ҳеҷ!
Ҳар гоҳе ба хабаргирии волидон равам, бобои 84-солаам Ҳазратқул Ҷӯраев, аз ҳар як навгонии зодгоҳашон ба ваҷд омада, «баракат ёбад ҳамин Президент. Хуб хизмат кард барои халқ. Роҳ сохт, рӯшанӣ овард, обод кард. Шукр, ки ҳама серу пурем», – гӯён дуои ҷони Сарвари давлатро менамоянд.
Ҳарчанд шумбоди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба деҳаи мо камтар расида бошад ҳам, асарашро гузоштааст. Як замон ҳама дар ғами як қути лоямут пайдо кардану аз гуруснагӣ раҳондани фарзандону пайвандон буданд. Вале осоиштагие, ки Сарвари давлат ба халқ эҳдо карданд, алами гузаштаи талхро аз ёдҳо дур андохт ва мардум дубора пайи беҳбуд бахшидани зиндагӣ шуданд. Ҳоло дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон авҷи созандагиҳо идома дорад.
Сохтмони беморхонаи минтақавӣ дар деҳа дар арафаи анҷомёбисту табибон аз ин ташаббуси роҳбарияти вилоят гарм истиқбол менамоянд.
– Ин бинои сеошёна барои сад кат пешбинӣ шуда, бо маблағгузории буҷети вилоят сохта мешавад. Бинои нав бо шароитҳои нави ташхису табобат мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки сифати кори мо ҳам хеле беҳтар мегардад. Дар он шуъбаҳои ҷарроҳӣ, асабшиносӣ, касалиҳои бачагона, муолиҷаи узвҳои дарунӣ ва таваллудхона ҷойгир карда мешаванд», – иброз дошт сардухтури беморхона Афзалшоҳ Иброҳимов.
Ҷойи таъкид аст, ки заминҳои доманфарохи деҳа барои парвариши анвои гуногуни меваю сабзавот хеле мувофиқ аст. Ҳар сол себу тарбузу картошка ва дигар полизиҳои деҳқонон то Душанбе меояд. Ва ҳар роҳгузаре, ки аз Панҷакент ба Душанбе меояд ё баръакс, ҳатман бо тарбузи кишоварзи номдор Ҳақимҷон Қурбониён ком ширин мекунад.
Ҷойи хушнудист, ки ба қарибӣ мушкили сокинони деҳа, ки қисмеашон аз оби полизӣ танқисӣ мекашиданд, ҳалли худро ёфт. Аз мавзеи Дупула тариқи лӯла ба заминҳои канории деҳа об бароварданд, ки имкони обёрии қариб 250 гектар замин муҳайё шуд.
– Дар ҷойи заминҳои ташналаб, боғу токзор бунёд мешавад. Ҳоло корҳо барои бунёд кардани токзор идома доранд. Ният дорем масоҳати онро ба 10-15 гектар расонда, парваришро аз рӯи усулҳои муосир ба роҳ монем. Боз аз ҳисоби дарахтони мевадиҳандаву сояафкан марҳала ба марҳала 30 гектари дигар боғ бунёд карданием, – гуфт раиси деҳоти Лоиқ Шералӣ Бобоҷон Баҳриддинов.
Ҷойи хушнудист, ки сокинон низ, дар радифи ҳокимияти маҳаллӣ, барои пешрафти деҳа саҳми арзанда мегузоранд. Бо ташаббуси фаъолон фонди рушди Ғӯсар таъсис ёфтааст, ки ҳоҷатбарори мардуми дар дами мушкилиҳост. Навсозиву таъмири биноҳои мактабу асфалтпӯш кардани роҳҳои маҳаллаи нав аз камтарин иқдомҳои созандаи онон аст, ки боиси дастгирист. Аз ҷумла, мумфаршкунии се километр роҳ ба итмом расид.
Ҳамин аст, намои деҳаи мо, ки ба туфайли сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар рӯз ба рӯз зеботар мегардад. Пешравиҳои бесобиқаи шаҳрҳо ва дар радифи онҳо, рушди бемайлони деҳот моро аз ояндаи ободи Ватан паём медиҳад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»