Аз бозе ки худро дар ёд дорам, модарамро, ки масъулияти бузурги муаллимиро бар дӯш доштанд, мудом машғули коре дидаам. Ёдам ҳаст, ки замони наврасиям, сарфи назар аз рӯзгордорӣ, такмили донишу малакаи худ, тарбияи фарзандону шогирдон, боз шабона шероз медӯхтанд, бо муҳаббат ба онҳо нақш мемонданд ва бо риштаҳои абрешимӣ гулдӯзӣ мекарданд. Ин ҳунарҳоро аз бибиям – Зебинисои ҳунарманду оқил, мерос гирифта буданду бо шероз бофтану дӯхтан, гӯё хумори дидори модарро мешикастанд. Бар замми ин, кори давлатро ҳам бо сарбаландӣ ба сомон мерасонданд: омӯзгори пешқадам буданду ҳастанд. Аз уҳдаи иҷрои ҳамаи ин корҳо бо сабуриву пуртоқатӣ мебаромаданд.
АВВАЛИН ДУХТАРИ КӮҲИСТОНИЕ, КИ БА ХОНДАН ОМАД
Модарам даврони бачагиву наврасии худро ба ёд оварда чи тавр донишҷӯ шуданашонро, ки барои духтарони деҳот орзуи мушкил, ҳатто, амалинашаванда буд, чунин ёдовар мешаванд:
– Аввалин духтари кӯҳистоние будам, ки бо шарофати бародаронам соли 1969 ба шаҳри Душанбе омадам ва ҳуҷҷатҳоямро ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), супурда, донишҷӯ шудам. Бо ин дар ҳаёти ман – духтараки рустоӣ, як саҳифаи наву тоза боз шуд.
Қисса чунин аст, ки бегоҳие як банд алаф дар пушт аз саҳро ба хона омадам ва онро ба замин партофтаму барои дам гирифтан нишастам. Ҳамин вақт бародарам Ғуломиддин, бо як табассуми ба худашон зебанда, ба наздам омаданду пурсиданд: «Монда шудӣ?». Чизе нагуфтам...
Бо нияти дастурӯшӯӣ аз ҷой бархестам, ки ин сухани бародарам маро аз роҳ боздошт: «Дигар ба кори колхоз намеравӣ. Ман туро барои хондан ба Душанбе мебарам». Ман ба ин суханон бовар накардам ва ҳайрон-ҳайрон ба он кас нигаристам. Тааҷҷуби маро пай бурда, дубора гуфтанд: «Туро ба хондан мебарам».
Ман ҳамон сол мактаби миёнаи №7-и деҳаи Бободархони ноҳияамон (Ашт)-ро бо медали тилло хатм карда будам ва аз ин бародарам хеле хурсанд шуда, ба хулосае меоянд, ки бар алайҳи ҳамаи урфу одатҳо, маро бо ризояти падарам, албатта, ба хондан биёранд.
САМАРАИ ЗАҲМАТҲО
Ҳамин тавр, модарам соли 1974 Донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, бо роҳхати шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе ба мактаби миёнаи №40 ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик ба кор фиристода мешаванд ва минбаъд фаъолияти омӯзгориашонро дар мактабҳои миёнаи №17, 88, 93-и шаҳри Душанбе, №7-и ноҳияи Ашт, «Гимназияи иқтисодӣ»-и шаҳри Душанбе идома медиҳанд. Ҳоло ҳам ба таълиму тадрис машғуланд ва заҳматҳояшон бо унвону ҷоизаҳои муаллими калон, Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, муаллими дараҷаи олӣ, «Муаллими сол – 2013», ифтихорномаву мукофотҳои дигар қадр шудаанд. Аммо мукофоти олие, ки модари меҳрубону заҳматписандам сазовор гардидаанд, муҳаббату самимияту эҳтироми пайвандон, шогирдон, волидайни шогирдон, ҳамкорону дӯстонашон мебошад, ки он интиҳо надорад. Ин ҳама ба шарофати меҳнати ҳалол ба даст омадааст. Он кас аз қабили занҳои фидокори тоҷик мебошанд, ки сираташон ба мисли сураташон зебост: хуштакаллум, хуштараннум, хоксору фурӯтан, некандешу некрафтор ва накукирдор. Ҳар суханашон роҳнамои зиндагист, дар беморӣ – табиб, дар мушкилоти зиндагӣ – ҳабиб, дар лаҳзаҳои ғаму андуҳ – ғамшарик, дар шодиву нишот шарики ҳамагонанд.
МАТИНИРОДА
Модарам барои ман идеаланд. Он чиро, ки модар бо сабуриву бурдборӣ паси сар кардаанд, бо чанд ҷумла гуфтан имкон надорад. Тақдир ҷигари модари маро ҳам пурхун кард ва дар айёми гулшукуфти умр ду писари нозанинро аз дасташон рабуд. Аммо модарам то ҳол дар фироқи онҳо сӯзанд ҳам, сир бой намедиҳанд. Ҳамеша ба будани мо – фарзандону шогирдонашон, шукр мегӯянду худро тасалло медиҳанд. Аз ин лиҳоз, иродаву матонати модарам барои мо ҳамеша омӯзанда аст.
Модарам соҳиби 15 набера ва панҷ абераи дӯстрӯяк мебошанд ва бар замми бибӣ будан, ба набераҳояшон муаллимӣ низ мекунанд. Набераҳояшон Кавсара Маърифхонова ва Фаришта Мирзоеваро ба Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» тайёр намуданд, ки ҳар ду дар даври дуюми озмун сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Сарфи назар аз синну соли муборакашон, то ҳол бо набераҳо дарс тайёр мекунанд, ба онҳо дарси рӯзгордорӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ меомӯзанд. Бибии афсонагӯ низ ҳастанд ва дар афсонаи «Ду коҷ» ин нақшро бо набераашон Хосиятбону бозидаанд, ки ин яке аз аввалин филмҳои тасвирӣ ба забони тоҷикӣ буда, зуд ба дили тамошобинони хурдсол роҳ ёфт.
МОДАРИ САРШОРИ МЕҲРАМ
Модари олиҳахислати ман, ки дорои дили поку беғаш ва бузурги пур аз эҳсосҳои оливу ниятҳои наку мебошанд, Муҳаббат ном доранд. Ин ном аз вуҷуди ин зани фариштахисол, модари меҳрубон, зани ҳунарманду бафарҳанг, омӯзгори асил будани соҳибаш шаҳодат медиҳад. Маҳз бамаърифат будани модарам, боиси то ба зинаҳои баланд омада расидани ман ва бомаълумоту бомаърифат гардидани додаракону хоҳаракон ва фарзандони моён гардидааст. Ба пиндори ман, агар ҳастии чунин занҳо – омӯзгорони асил, барои маорифи кишвар бозёфт бошад, мавҷудияташон барои мо – фарзандон, давлати ноёб ва саодат аст.
Ман аз он ифтихор мекунам, ки парвардаи меҳри Муҳаббат Мирзоева ҳастам, касби модарамро интихоб кардам; аз модар сабуриву инсоният, дар зиндагӣ мубориз будан, дили пок доштан, накугуфтору накупеша буданро омӯхтаам. Бо ҳастии модари зебову дилорову нурониям ба зиндагиву кор дилгармиву дилбастагии зиёде дорам. Пас, бигзор Муҳаббати мо – сарчашмаи меҳр, ҳамеша бошанд ва оламамонро бо ҳастиашон равшаниву гармӣ бубахшанд!
Моҳира МИРЗОЕВА, устоди ДМТ