Ӯ Геран ном дорад. Ҳамноми гули хушатре, ки ба машом хушиву нишот бахшад. Бонуи хушгили тоҷик, ки ба номаш ниҳоят мувофиқ аст. Ӯ ҳам рисолати гулро дорад. Инак, чил сол аст, ки дар саҳнаи Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак”-и шаҳри Душанбе кӯдакони миллати мо, ҳатто тифлакони миллатҳои дигар, аз накҳати ҳунар ва садои нозанинаш баҳраваранд.
Ончунон дилбохтаи кори хеш аст, ки ҳар барномаро дар рӯзҳои истироҳатӣ бо шеъру тарона, чистону кистон, саҳначаҳои ҷолиб, сурудҳои ҷаззоб, намоишномаҳои рангин пур мекунад. Намегузорад, ки тифлакон бе рақсу суруд, шеърхонӣ ва бе баҳраи маънавӣ аз ин даргоҳ бурун раванд.
Собиқаи кории Геранбону Одинаева бо таъсиси театри мазкур баробар мебошад. Имсол, агар Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” 40-солагии таъсиси худро ҷашн гирифта бошад, Геранбону чилсолагии фаъолияташро бо ҳампешагону азизонаш ҷашн гирифт. Бонуи ҳунар бо табассум мегӯяд: “Чун ба ин даргоҳ омадам, дарк кардам, ки барои ҳамеша ҷои ман ҳамин ҷост. Ҳамин тавр ҳам шуд ва дар вазнинтарин солҳо, ки кишварро абри сиёҳи ҷанг пахш карда буд, ба ин даргоҳи ҳунар омада, бо умеди рӯзҳои нек барои кӯдакон барномаҳо таҳия мекардем. Чашминтизори тамошобин менишастем. Он рӯзҳо ҳам гузаштанд ва ҳоло дар рӯзҳои истироҳат дар театр ҷои холӣ намеёбед”.
Бояд гуфт, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба сари ин ҳунарвари соҳибдил ҳам ранҷ овард. Ҳамсари ӯро авбошону зӯроварон зада, барои як умр бемори бистарӣ карда буданд. Геранбону ҳам ҳамсарашро нигоҳубин мекард, ҳам се тифлашро ба воя мерасонд ва ҳам дар паси парда барои машаққатҳои зиёди зиндагӣ ба серӣ мегирист. Аммо вақте намоиш оғоз меёфт, боз механдид, мерақсид, ҷонваронро тақлид мекард ва кӯшишаш ин буд, ки ба тифлакони бегуноҳ шодиву сурур армуғон намояд.
Дар Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” ба як силсила филмҳои тасвирии ватаниву хориҷӣ овоз додааст; тавассути лӯхтакҳо барои омӯзондани кӯдакон даҳҳо барномаҳоро пеш бурда, дар саҳнаҳои хурди мазҳакавиву тарбиявии ТВ “Баҳористон” нақшҳо офаридааст.
Ҳунарнамоӣ дар пешорӯи кӯдакон мазмуни зиндагии қаҳрамони мост. Геранбону ҳаргиз ғамгин набуду нест, ки бештари вақт чеҳрааш дар паси парда мемонаду бо чеҳра ва забони лӯхтакҳо суҳбат мекунад. Як умр бо садои ширини кӯдакона ҳарф мезанад. Лӯхтакро риштаи робитаи байни худ ва тамошобин дониста, ба қавли ҳунаршиносон, бо ҷону дил талош меварзад, то ба лӯхтаки беҳаракату беҷон руҳ бибахшад.
Ҳамон вақт лӯхтак “зинда” мешавад, ки ба қавли Хайём, луъбатбози паси парда ба таври зинда хандад, ашк резад, ғамгин бошад, аз некии ҷараёни намоиш шоду масрур гардад. Маҳз дар ҳамин ҳолат, кӯдак ба самимият ва воқеияти саҳна бовар мекунад ва тарбият меёбад.
Ҳамин рисолати гиристану хандиданро Геранбону чил сол боз идома медиҳад. Чанде пеш дар намоиши ҷашнии театр медидем, ки ӯ мегирист: ин бор на дар паси парда, балки рӯ ба рӯ бо падару модарон ва тамошогарони фариштахисоли хеш. Ба кӯдакон таъзим мекард, чашмони аз нури зиндагӣ саршор, табассум ва кафкӯбиҳои дастони кӯчаки тифлони Меҳани азизаш – Тоҷикистонро чун ҷоизаи баландтарин мепазируфт ва сипос арз медошт, ки давоми ин қадар солҳо бо мо будед.
Хомаи хушкор ҳам дорад қаҳрамони мо. Бо забони русӣ шеърҳои намакину ширин менависад; дар иншои намоишномаҳои русиву тоҷикӣ ҳам дасту қалами чира дорад. Маҷмуаи хурди шеърҳояш “Остывшее Солнце” ҳанӯз соли 2003 дар шаҳри Душанбе чоп шуда буд. Аз адабиёти хориҷӣ тавассути забони русӣ огоҳии шоиста дорад.
Ҳамин истеъдоди илоҳии эҷодкорӣ, хондани китобҳои гуногун, омӯзишу такмили ҳунар ба қаҳрамони мо имкон медиҳад, ки шеъру тарона ва сурудҳои бомазмун барои кӯдакон нависад, оҳанг бандад, саҳначаҳо созад, шогирдони дигареро барои ояндаи театр тарбият намояд.
Вақте бо ӯ дар идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” суҳбате доштем, чанд лӯхтакеро ҳамроҳ дошту гуфт: “Медонед, инҳо зиндаанд, то замоне ки як одами наҷиб ва ҳунарвари ҳақиқӣ ба инҳо ҳамаи эҳсос, идрок, хотира ва муҳаббати хешро интиқол медиҳад; инҳо зиндаанд, инҳо нусхаҳои моянд. Барои зинда будани лӯхтак худатон бояд зинда бошед! Зиндадилӣ асолати кори театрҳои лӯхтак аст. То имрӯз, ҳам дар хонаву ҳам дар театр, зочаҳоро ба зери по ё дар роҳраве нагузоштаам; ҷои онҳо баландист, зеро кӯдакон бештар на моро, балки онҳоро мешиносанду дӯст медоранд; онҳоро меписанданду мехоҳанд... Маҳз лӯхтакҳо ба мо – санъаткорони театр, шуҳрат овардаанд...”.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”