ОМӮЗГОРИ БАШАР
Вожаи кӯтоҳ, вале сермаънои “модар”, ба таҳқиқ аз шумори вожаҳои осмонист, ки бо гуфтан ё шунидани он сиришти кас саршор аз меҳрубонӣ, самимият, ҳаяҷон ва умедворӣ мегардад. Дар ин ду ҳиҷо тамоми хубиҳо ва зебоиҳои олам ҷо гирифтаанд. Қадру манзалат ва мақоми баланди зан-модар дар устураву ривоятҳо, афсонаҳо ва умуман, фарҳанги мардуми ориёӣ собиқаи хеле куҳан дорад ва аз ҳамон бомдоди таърих дурахши ин вожаи равшану аҳуроӣ дар тамаддуни мо мушоҳида мегардад. Ҳатто, дар даврони пеш аз ислом низ, занону модарон дар ҷомеаи мо аз ҷойгоҳи хос бархӯрдор буданд ва чунон ки дар кутуби таърих ёд мешавад, шоҳони ориёӣ, аз ҷумла Куруши Кабир, ки фармонравои Шарқу Ғарб буд, дар ҳузури модари худ рост истода, то замони берун рафтани ӯ ба тахти худ наменишаст.
Ҳамин ҳувияти таърихии миллати тоҷик дар ростои нигаҳдории иззат ва ҷойгоҳи модарон аст, ки Ҳукумати кишвар пайваста дар бораи ин қишри нозук, вале ояндасози мамлакат, пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, бо беҳтарин шаклу сурат онро мавриди ҳимоят қарор додааст. Агар зани имрӯз дар ҷомеаи мо сиёсатмадору омӯзгор, тоҷиру рӯзноманигор ва гули сари сабади рӯзгор аст, решаҳои онро бояд дар фарҳанги ориёӣ ҷуст, ки ҳолиё сиёсати муваффақу хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойинаи тамомнамои он мебошад.
Модар фариштаи ҳаётбахш, устоди нахустини башарият, паёмовари лабханд, нишот ва меҳрубонист. Модарони мо ба мисли як пайкарасози ҳирфавӣ ҳастанд, ки дар батни як санги одӣ тарҳи зебои инсони комилро мебинанд ва баъд бо заҳмати шабонарӯзӣ аз он пораҳои нолозимро дур месозанд, ҷое ороиш ва ҷое пероиш ба кор мебаранд ва дар ниҳоят мавҷуди зебоеро ба ҷомеаи худ ва оламиён ҳадя мекунанд. Дар ин санъати бемонанд ба онҳо ҷавҳари зебошинохтӣ, аслнигарӣ ва дақиқназарӣ, ки дар ботинашон нуҳуфтааст, кумак менамояд. Модарон барои мо намунаи комили инсонҳое ҳастанд, ки бо ҳузури худ зиндагиро маъно мебахшанд. Фарқ намекунад, ки кадом фасл аст, дар ҳузури онҳо ҳама чиз гул мекунад, ҳама ҷаҳон бӯйи атр медиҳад ва чор фасл ҳамранги баҳор мешавад. Шоире гуфтааст:
Шарт он набувад, ҷаҳон муаттар бошад,
Аз хайли гуле, ки тозаву тар бошад.
Бар хона баҳор мерасад бо як гул,
Гар номи гули расида модар бошад.
Агар як лаҳза чашм бипӯшем ва занеро ба таври намодин модари миллат тасаввур кунем, он гоҳ шояд модари Сомонхудот пеши назар ояд. Дар замоне, ки фарҳанги араб ҳама ҷои Эроншаҳрро фаро мегирифт ва барои забони ноби мо имкон маҳдуд мешуд, дуои як модари тоҷик чӣ метавонист бошад? Эҳёи расму ойинҳо ва албатта, дарёфти мақоми расмӣ барои забоне, ки ӯ тавассути он ба фарзандонаш алла гуфта, онҳоро ба роҳи рост ва бузургмард шудан ҳидоят фармудааст.
Агар модари Муҳаммад Ҷалолуддини Балхиро ба таври намодин модари миллат бихонем, дуои ӯ чизе ҷуз ин нест, ки парвардаи домонаш мунодии бародарию баробарӣ, ҳамдилию ҳамзабонӣ, адолату муҳаббат ва раҳнамои расидан ба мақоми инсони комил бошад. Инсони комиле, ки ҳазорон сол дигарон бо чароғ меҷустанду намеёфтанд, аммо Мавлавӣ ҳамоно умедвор буд ва мегуфт: “Оне, ки ёфт менашавад, онам орзуст”.
Дар симои модари миллат гоҳ зани хирадмандеро мебинем, ки устод Айниро дар домани мутаҳҳари худ парвардааст. Модареро, ки устод баъдҳо дар “Ёддоштҳо”-и худ менависад: “Модарам мегуфт: “Туро дар вақти чорсола, чормоҳа, чорҳафта ва чоррӯза буданат, бо лаълӣ ва дастархон ба мактаб фиристода будем…” Оре, модар фарзанди хурдсоли худро бо лаълӣ ва дастархон ба мактаб фиристод ва он ҳангом дуояш, ҳатман, чунин буд, ки нури чашмонаш хонад, соҳиби дониш гардад ва дар оянда барои миллату давлати худ хидмати бебаҳоро анҷом диҳад.
Вақте модари миллат мегӯем, модареро дар назар дорем, ки фарзанди ӯ бо тавоноиҳои худ, бо иқдомҳои худ, бо ҷасорату фидокориҳои худ куллияи ормонҳои як миллатро дар худ таҷассум мекунад. Сарвари кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи боризтарини чунин фарзандонанд, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳо дасти дуои модари бузургвор барояшон кумак мекарданд. Зиҳӣ, модаре, ки фарзандаш бо дуои хайри ӯ миллати парокандаеро ба ҳам оварад, асолату ҳувияти миллияшро баргардонаду неруи дубора ато кунад, кишварро чароғону ободон гардонад ва забони модарии худро аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид боли парвоз бахшад.
Модар, бахусус модари тоҷик, тули таърих на танҳо нобиғаҳое ба монанди Ибни Сино, Фирдавсӣ, Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ ва амсоли онҳоро парвариш карду ба сӯи қуллаҳои баланди маърифат раҳнамун сохт, балки дар майдонҳои набарди зидди истилогарон аз худ корнамоиҳои гӯшношунидро ҳам нишон дод, ки маҳзари диловарию азхудгузаштагӣ дар роҳи ҳимояти Ватан шинохта мешаванд.
Бояд таъкид сохт, ки мақоми зан-модар тавсеаи комили худро танҳо дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон пайдо кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми модарон дар тарбияи фарзанд фармон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаро ба тасвиб расонданд. Манзур аз ин иқдом, дар тамоми зинаҳои ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ роҳи васеъ кушодан ба зан-модар дар эъмори ҷомеаи навин мебошад. Бо ишора ба тавоноии зарфияти модарон дар такомулу таҳаввули башар, Роҳбари давлат ҷумлаи зебоеро ироа карданд: “ Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад”.
Модар, қатъи назар аз ҳар гуна мақому маснади худ, дар боргоҳи иҷтимоии ҷомеаҳо, ҳамеша барои мо мавқеи омӯзгориро дошт ва дорад. Суханони сеҳромезу эҳсосбарангези онҳо наслеро омӯзишу парвариш медиҳад, ки дар оянда кишвару миллати худро ба ҷаҳониён бояд ба тариқи шоиста муаррифӣ намояд. Фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин рисолати модарон мефармоянд: «Аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор мерафтааст».
Дасти дуои модарон ва нияти хайру тақдирсози онҳо ҷовидона сабз бод!
Анзурат АБДУСАЛОМЗОДА, муовини раиси вилояти Хатлон