Дар ҳоле ки мардуми шарафманди тоҷик дар арафаи Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, корҳои ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ дар бештар аз 110 иншооти самти саноатӣ ва иҷтимоии ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вусъати тоза касб кардаанд. Акнун дар ин гӯшаи Тоҷикистони азиз ҳам, иншоот ва биноҳои баландошёна на танҳо дар шаҳраки Қалъаихумб, балки дар деҳот низ бунёд мегарданд. Сохтмони Гимназияи президентӣ дар шаҳраки Қалъаихумб, бинои нави мактаби баландошёна дар маркази маъмурии Ҷамоати деҳоти Сағирдашт ва дигар деҳаҳо далели пешрафт дар соҳаи маорифанд. Тайи ин солҳо дар ҳамаи ҳудуди чор ҷамоати деҳоти ноҳия, таълимгоҳҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ бунёд гаштаанд. Дар ин давра неругоҳҳои барқи обии “Ширг-1 ва “Ширг-2”, инчунин, хатти баландшиддати 110-киловолтаи Шуғнон – Рӯшон – Ванҷ – Қалъаихумб сохта шуда, ноҳияи Дарвоз низ бо барқи доимӣ таъмин гашт ва ба занҷири ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст шуд.
Ин матлабро Умедҷон Носирзода, раиси ноҳияи Дарвоз, дар суҳбат бо мо, ки перомуни нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдорӣ ва эҷоди фазои мусоиди ҳуқуқӣ оид ба вусъат бахшидани созандагиҳо ихтисос ёфта буд, баён дошт. Ӯ афзуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони озод, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, Қонуни асосӣ, шиносномаи мукаммали даврони соҳибистиқлолии кишвар барои шаҳрвандон ба шумор меравад. Боиси сарфарозист, ки Конститутсияи кишвари озод ва мустақили мо дар радифи беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои мутараққии ҷаҳон шинохта шуда, аз ҷониби ходимони давлатӣ ва олимони ҳуқуқшиноси байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Қобили зикри хос аст, ки ноҳияи Дарвоз аз файзи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд кард. Сокинони ноҳия аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои конститутсионии худ ба таври комил бархӯрдор мебошанд. Ҳамчунин, вазифа ва уҳдадориҳои хешро дар пешбурди ҷомеа хуб ба ҷо меоранд.
Дар муддати кӯтоҳ дар ноҳия, пеш аз ҳама, баҳри зиндагии шоистаи шаҳрвандон ҳам дар маркази ноҳия, шаҳраки Қалъаихумб ва ҳам дар ҳудуди чор ҷамоати деҳот амалҳои зиёди ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ ба иҷро расиданд. Инфрасохтори марказ ва деҳот дигаргун гаштааст. Тайи солҳои охир дар ноҳия бештар аз 120 иншооти самти саноатӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Танҳо дар доираи истиқболи Ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия чанд бинои баландошёнаи самти саноатӣ ва иҷтимоӣ, дар деҳоти водиҳои Вахё, Нулванд ва Вишхарв бошад, бинои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълим ва тарбияи томактабӣ, дигар иншооти хизматрасонӣ ба аҳолӣ сохта, ба истифода супурда шуданд.
Дар ноҳия тайи сӣ соли баъди қабули Конститутсия осорхонаи устод Муъмин Қаноат, кохи фарҳанги ба номи Акашариф Ҷӯраев, ”Майдони ромишгарон”, варзишгоҳи марказии “Арена Орион”, инчунин, даҳҳо толор ва майдончаҳои варзиш бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Корхонаҳои саноатии “Меҳри модар”, “Карон калсид”, “Тагоб голд”, “Ахтари умед”, парки инноватсионии мавзеи Дуробак, маркази тиҷоратии “Дарвоз”, истироҳатгоҳи “Паткуноб”, меҳмонхонаҳои “Карон” ва “Континентал” маҳсули даврони сӣ соли баъди қабули Конститутсия мебошанд. Дар ин давра барои касбомӯзии ҷавонон ва наврасон низ тадбирҳо андешида шуданд. Боиси зикр аст, ки ҳоло даҳҳо нафар ҷавонони соҳибкасби ноҳияи Дарвоз дар бунёди қитъаи 93-километраи шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, ки бештар аз 65 километри он аз ҳудуди ноҳия мегузарад, дар ҳамдастӣ бо мутахассисон ва коргарони Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолияти бомаром ва густурда доранд.
Ҳамчунин, сокинони ноҳия аз ҳуқуқи ба меҳнатдоштаашон, ки Конститутсия онро кафолат медиҳад фароҳам истифода мебаранд. Қисми зиёди аҳолии деҳот ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва ситруспарварӣ машғул мебошанд.
Ҳоло дар ноҳия дигар деҳа ва ё макони аҳолинишине вуҷуд надорад, ки роҳи мошингард надошта бошад. Ба қавли устоди зиндаёд Муъмин Қаноат “Роҳи мошин боз аз Кӯлоб то Дарвоз шуд”, – гуфт дар анҷоми суҳбат раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор