Бар асари ҷанг дар Ғазза беш аз як миллиону ҳаштсад ҳазор фаластинӣ гуруснагии шадидро аз сар мегузаронад. Ғайр аз ин, 70 дарсади киштзорҳо вайрон ва инфрасохтори маҳаллӣ осеб дидаанд. Дар ин бора, дар як гузориши СММ гуфта мешавад. Инчунин, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ маҳдуд гашта, бемористонҳо дар коми оташ ё муҳосираанд. Ин боиси он гардидааст, ки табибон ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолияти худро ба таври лозима ба роҳ монда наметавонанд.
Тибқи тадқиқоти ICF (Таснифи интегралии марҳалаҳои амнияти озуқаворӣ), 133 ҳазор нафар ё шаш дарсади аҳолии ин анклав дучори гуруснагии фалокатоваранд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки аз моҳи ноябр то апрели соли оянда ин шумора метавонад ба 345 ҳазор расад ё 16 дарсад афзоиш ёбад.
– Хатари гуруснагӣ дар саросари Ғазза боқӣ мемонад, – гуфта мешавад дар гузориш.
Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ, аз натиҷаҳои гузориш нигарон шудааст. Ӯ аз Исроил даъват мекунад, ки фавран ҳама гузаргоҳҳоро дар Ғазза боз, монеаҳои бюрократиро рафъ кунад, то ниҳодҳои СММ тавонанд ёрии башардӯстона расонанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки хатари сар задани гуруснагии оммавиро танҳо тавассути таъмини саривақтии мардуми Ғазза бо ғизо, доруворӣ ва оби тоза метавон аз байн бурд. Ба ин хотир оташбаси фаврӣ зарур аст. Илова бар ин, ба гуфтаи муаллифони гузориш, зарур аст, ки барномаҳои иловагии ғизо, ғизодиҳии навзодон ва кӯдакони хурдсол, аз ҷумла нигоҳубини тифлони аз шири модар маҳруммонда бояд тақвият дода шавад.
Оҷонсиҳои СММ сарфи назар аз мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла ноамнӣ, дастрасии душвор ба баъзе ҷамоатҳо ва даргириҳои давомдор, талошҳоро барои кӯмак ба Ғазза идома медиҳанд. Ҳамин тариқ, Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба барқарорсозии истеҳсоли маҳсулоти ғизои солим дар Ғазза, бахусус, дар пешорӯи мавсими зимистон авлавият медиҳад.
Ба гуфтаи коршиносон, танҳо ёрии башардӯстона барои Ғазза кофӣ нест: мардум ба хӯроки серғизо ниёз доранд. Созмони озуқа ва кишоварзӣ, инчунин, аз талафоти зиёди чорво, ки барои зинда мондани аҳолии асосии Ғазза муҳим аст, изҳори нигаронии амиқ кардааст.
Созмон барномаи махсуси ҳифзи беш аз 30 ҳазор гӯсфанду бузро, ки тақрибан 40 дарсади саршумори боқимондаро ташкил медиҳад, таҳия кардааст. То охири моҳи сентябр ба беш аз 4400 чорводор дар Рафаҳ, Ҳон Юнис ва Дейр ал-Бале ғизо, инчунин, ба 2400 чорводор лавозимоти байторӣ тақсим кардааст. Чорво метавонад тамоми кӯдакони Ғаззаро бо шир таъмин кунад.
ҶИНОЯТҲОИ БЕРАҲМОНА
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ҳамла ба яке аз охирин бемористонҳо дар шимоли Ғазза аз ҷониби артиши Исроил нигаронии ҷиддӣ кард.
– Пас аз ҳамла ба беморхонаи Камол-Адвон, мо бо кормандон тамосро гум кардем. Шумораи зиёди кормандон ва захмиёне, ки бар асари ҳамла дар дохили бино монданд, моро ба ташвиш овардааст, – навиштааст раиси СТҶ дар сомонаи иҷтимоии хеш. Тибқи иттилои Тедрос Адхан, бемористони Камол-Адвон аз ҷароҳатбардоштагон пур аст. Ғайр аз ин, садҳо нафар дар ин ҷо сарпаноҳи муваққатӣ доштанд.
Тибқи иттилои мавҷуда, ҳамлаи артиши Исроил баъди он рух дод, ки кормандони СТҶ ба ин беморхона рафта, 23 бемор ва 26 парасторро ба ҷануби Ғазза интиқол доданд.
СТҶ ба бемористон 10 ҳазор литр сӯзишворӣ, хун, лавозимоти травматологӣ ва ҷарроҳӣ дод. Илова бар ин, беморхона барои таъмини ҳаёти тақрибан панҷ ҳазор бемор бо дору таъмин гашт.
Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Волкер Турк аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки давлатҳо тибқи тавофуқномаи Женева уҳдадор шудаанд, ки эҳтироми ҳуқуқи байналмилалии башарро таъмин созанд.
– Сиёсат ва амалҳои воқеии ҳукумати Исроил дар шимоли Ғазза хатари поксозии минтақа аз тамоми фаластиниёнро дорад, – гуфт Волкер Турк. – Мо бо он чизҳое рӯ ба рӯ ҳастем, ки метавонад боиси сар задани ҷиноятҳои бераҳмона, аз ҷумла ҷиноятҳои зидди башарият бошад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”