Дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳимтарину асоси пешрафти иқтисодии Тоҷикистонро ташкил медод. Ҳарчанд имрӯз ҳам ин соҳаи муҳими иқтисодсоз дар таъмини зиндагии шоиста саҳм мегирад, вале барои ба дараҷаи пештараи ҳосилнокии зироатҳо расидан ва онро барқарор намудану корро мувофиқи талаботи замони ҳозираи иқтисоди бозорӣ ба роҳ мондан ба манфиати халқу Ватани азизамон хоҳад буд. Барои ин, пеш аз ҳама, агротехникаи пешқадамро риоя кардан, нигоҳубини киштзорро дуруст ба роҳ мондан, комёбиҳои илм ва техникаро оқилона истифода бурдан, соҳаи тухмипарвариро аз ҷиҳати илмӣ ва амалӣ тараққӣ додан зарур аст.
Олимони ҷаҳон дар натиҷаи тадқиқоти бисёрсолаи илмӣ исбот намудаанд, ки селексия ва тухмипарварӣ аз якдигар ҷудонашаванда буда, ба комплекси илмҳои дигар, ба монанди генетика, ботаника, биохимия, биология, физиологияи рустаниҳо, ситология, микробиология, энтомология, агрохимия, хокшиносӣ, рустанипарварӣ, иқтисодӣ ва экология, алоқаи мустаҳкам дошта, рушди соҳаи муҳими кишоварзиро дар иҷрои барномаи озуқавории мамлакат таъмин мекунанд.
Беҳтар гаштани навъҳои зироатҳои кишоварзӣ бо тухмипарварии ҳозиразамон ниҳоят алоқамандии устувор дошта, чӣ тавре ки мегӯянд, сифатнокии баланди тухмии зироатҳо яке аз омилҳои муҳимтарини ҳосилнокии онҳо ба ҳисоб меравад. Гуфтан зарур аст, ки аз мамлакатҳои дигар овардани тухмӣ маблағи зиёдеро талаб менамояд, ки ҳоло Тоҷикистон имконияти пурра овардани навъҳои тухмиҳои гаронбаҳоро надорад. Тухмиҳои хориҷӣ касалиҳои бисёре доранд, ки ба заминҳо паҳн мешаванд.
Соҳаи тухмипарварӣ бояд дар шароити иқтисоди бозорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият бозорҳои дохилиро бо тухмиҳои хушсифат таъмин намуда, қисми дигари онро ба содирот барорад, то ки даромаднокии хоҷагиҳои тухмипарвар зиёд гарданд.
Ояндаи кишоварзиро бе татбиқи ҳамаҷонибаи андешаҳои нави илмӣ, технологияи нави инноватсионии ҷаҳонӣ тасаввур кардан амри маҳол аст. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, масъулони бахши тухмипарварӣ бояд ба ихтирои тухмии баландсифат, ки он хосиятҳои хуби морфологӣ, биологӣ ва хислатҳои беҳтарини навъро дар истеҳсолот нигоҳ дошта тавонад рӯ оранд, то ки навъи ихтироъкардаи олимон ба ҳиссаҳо ҷудо нашуда, баръакс ҳаматарафа афзоиш ёбад. Вазифаи ҷонии тухмипарварон аз он иборат аст, ки тухмиҳои хубтарину гибридҳои ояндадорро ба миқдори муайян мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд. Дар асоси пеш бурдани илми кишоварзӣ олимону мутахассисони соҳаи тухмипарварӣ, Институти зироаткории ба номи академик А.Махсумов бо роҳбарии Академияи илмҳои кишоварзӣ солҳои охир як қатор навъҳои нави пахтаро ихтироъ карданд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он ба кишт тавсия карда шудаанд. Ин навъҳо бо ҳосилнокии баланд ва сифати хуби нахашон фарқ мекунанд. Навъҳои миёнанаху пешпазаки ба касалии вилт тобовари “Гулистон” ва “Гулистон-2”, “Меҳргон”, “Ҳисор”, “Сорбон”, “Зарнигор”, “Хуҷанд-67”, навъҳои маҳиннахи “9326-В”, “8809-В”, “750-В”, “Хуҷанд-01м” шоёни таҳсин аст. Ҳоло олимони тоҷик М. Неъматов, Б. Неъматов, Р. Абдуллоев, С. Орифов пахтаи маҳиннахи навъи гулаш пӯшидаи (клестогамӣ) “Авесто” ва пахтаи навъи гулаш пӯшидаи миёнанахи “20-солагии истиқлолият”-ро ихтироъ карданд, ки дар арсаи байналмилалӣ навоварии аввалин ба ҳисоб меравад. Навъҳои серҳосили зироатҳои ғалладонагӣ, аз қабили гандуми мулоими тирамоҳӣ, сафедаки маҳаллии “Наврӯз”, “Шарора”, “Зафар”, гандуми сахти “Ватан”, “Шамъ”, “Президент” ва сабзавоту зардолуҳои беҳтарину ширин ихтироъ карда шудаанд.
Як чизи дигарро таъкид намудан шарт аст, ки тайёр кардан ва нигоҳубини тухмӣ, кишти навъҳои нафъовар як қатор хусусиятҳои муҳим доранд, ки бо риояи онҳо метавон ба баланд гардидани ҳосилнокӣ муваффақ шуд. Мувофиқи дастурамал (ГОСТ) оид ба истеҳсоли тухми элита ва репродуксияи якуми навъҳои зироати пахта ба сифати тухмӣ инҳо мансуб мебошанд: тозагӣ, андозаи ифлосӣ, энергияи қобилияти сабзиш, намнокӣ, вазни 1000 дона тухм, тобовар ба дараҷаи касалиҳою ҳашаротҳои сирояткунанда. Дар мавриди истеҳсоли тухмӣ ба ҳамин қоидаҳо ҳатман риоя намудан зарур аст.
Дар соҳаи тухмипарварӣ барои халос шудан аз сифати пасти тухмие, ки ҳосили кам медиҳад, кишти зироатро бо тухмиҳои навъи аъло мегузаронанд. Инчунин, сифати тухми пастшударо бо тухмиҳои хушсифати элита, репродуксияи якум иваз менамоянд. Навъҳои наву самарабахши зироатҳо, асосан пахта, танҳо дар шароите натиҷаи дилхоҳ медиҳанд, ки нишондодҳои тадқиқоти илмӣ дар амал ҷорӣ карда шаванд. Чунончи, тухмиҳое, ки ба кишт омода мегарданд, мувофиқи тавсияномаи Вазорати кишоварзӣ қобилияту энергияи сабзиши онҳо аз 85 то 95 фоиз бояд бошад, тозагии навъ 98 то 100 фоизро ташкил кунад, дар он вақт аз ин гуна тухмиҳо ҳосили баланд рӯёндан имконнопазир аст. Тозагии навъи тухми пахта барои элита 100, репродуксияи якум 99, репродуксияи дуюм 98 фоизро ташкил намояд. Қитъаҳои беҳтарини заминро бояд аз давраи кишт ба тухмипарварӣ ҷудо карда, аз кишт то ғунучини ҳосил барои гирифтани тухмиҳои босифат ба тамоми қоидаҳои агротехникӣ риоя намудан шарт ва зарур аст.
Сайфиддин САДРИДИНОВ,
доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор