Ҳар қадар дар бораи бузургии модар меандешам, ҳамон қадар дар ҳайрат мешавам. Бо ин ҳама ранҷу машаққати рӯзгор, дигаргуншавии вазъияту авзои даврон боз ҳам меҳрубону зебову гуворо боқӣ мондааст. Баъзе бонувонро ғаму дард, ташвишҳои рӯзгор мефишораду гоҳо дағал, дурушт ва номеҳрубон мекунад, аммо ин раванди бетараҳҳуми зиндагӣ ба модари ман – фариштаи хокии ман бегона аст.
Аз душвориҳо чи бок дорам, вақте як инсони азизу боваркарданӣ ва машваратгаре дар барам ҳаст бо номи модар. Ӯ ба ман дар ҳамаи масъалаҳои ҳаёт ҳамчун намунаи ибрат буду ҳаст, чи дар малакаҳои роҳбарӣ, қабулкунии қарор, ибрози фикру андеша ва меҳнатдӯстиву поквиҷдонӣ, чи дар модариву меҳрубонӣ. Ин бонуи ҳамеша хандону зебо, боҷасорат ва масъулиятшинос, ки талхиву ширинии ҳаётро зиёд дидааст, дар ман ҳисси қавии ҳадаф мондан ва ба он расиданро тарбия кард. Бо модарам аз кӯдакӣ орзуву руъёҳо амалишаванда менамуданд. Модар ба фардои ман бовар дошт ва ин ба ман имкон дод, то ҷои худро ҳам дар хонавода ва ҳам дар ҷомеа пайдо кунам.
Модарам Бибигулшод Мирҷонова соли 1943 дар водии дурдасти Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омад. Қиссаи умри ӯ, ки беҳтар аз қиссаҳои нависандагон аст, гувоҳи устуворию тавоноист. Вай ҳанӯз дусола буд, ки аз модар маҳрум шуд ва дар понздаҳсолагӣ падараш низ аз дуне гузашт. Зиндагии сахтеро дар овони кӯдакӣ аз сар гузаронд. Як бахши рӯзгори навҷавонии ӯ ба нигоҳубини додарони хурдсолаш паси сар шуд, зеро дар баробари модарандар маҷбур буд, ки пайи корҳои хона шавад, ҳезум биёрад (дар сардии зимистон ду дарёро убур карда, ҳезум меовард), мактаб равад ва дарс хонад.
Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, мактабро бо баҳои аъло хатм кард ва аз аввалинҳо шуда, ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Хоруғ роҳ пеш гирифт. Баъди хатми омӯзишгоҳ дар ноҳия аввалин зане шуд, ки дар соҳаи савдо кор мекард. Пас аз ду сол барои гирифтани маълумоти олӣ ба шаҳри Самарқанд рафт ва ба Институти кооперативии ин шаҳри бостонӣ дохил шуд. Дар аввали таҳсил душвориҳо пеш омаданд, таҳсил ба забони русӣ идома меёфт ва баъзе имтиҳонҳоро бо забони ӯзбекӣ мегирифтанд. Бо вуҷуди ин, нангу номуси кӯҳистонӣ боло гирифт ва донишгоҳро бомуваффақият хатм кард. На танҳо таҳсилро бо русиву ӯзбекӣ ба поён расонд, балки бо ин ду забон бемушкилӣ навиштану хондан ва ҳарф заданро омӯхт.
Дар солҳои 70-уми асри ХХ Самарқанд ва Тошканд марказҳои омӯзишу фаъолияти мардумони пешқадам ҳисоб мешуд. Ин аст, ки ба модарам дар Самарқанд монда кор кардан пешниҳод шуд, аммо модарам ба Тоҷикистон, ба зодгоҳи хеш баргашт. Мехост ба он ҷое, ки ба занони боихтисос эҳтиёҷи бештар доранд, раваду саҳми худро дар рушду ободии як гӯшаи Ватан гузорад. Баъди бозгашт ӯро муовини раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”-и ВМКБ таъин карданд, баъдан ба сафи Ҳизби коммунистӣ пазируфтанд. Модарам дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда ҳам дар сатҳи ноҳия ва ҳам дар сатҳи вилоят кор кардааст.
Ҳангоми кор бо мардум зарурати боз ҳам баланд бардоштани малакаҳои роҳбарии худро дарк кард. Модарам оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд бошад ҳам, ба мактаби роҳбарии Ҳизби коммунистӣ дар шаҳри Тошканд дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кард.
Падарам ҳамавақт дастгири модарам буд ва вақте модарам таҳсил мекард, падарам нигоҳубинии моро ба дӯши худ гирифт. Баъди хатми мактаби роҳбарӣ модарамро котиби якуми Ҳизби коммунистии ноҳияи Ишкошим таъин карданд. Дар давоми фаъолияти корӣ маорифро асоси пешрафт донист ва мактабҳо сохт. Аз ҷумла, аввалин мактаби дуошёна дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия номи ӯро барои пиру барнои кӯҳистон азиз кард ва насли навро ба хониш дилгарм намуд. Марҳала ба марҳала роҳҳои ноҳия мумфарш гардида, бемористон ва муассисаҳои хурди тиббӣ ба фаъолият мепардохтанд.
Модарам бо мардум буданро дӯст медошт. Барои донистани мушкилоти онҳо ба наздашон, ба рустоҳои дурдасттарин мерафт. Ӯро як гурӯҳ чун раиса, гурӯҳе чун хоҳар, гурӯҳи дигар чун хешу пайванд, хеле эҳтиром мекарданду дӯст медоштанд. Дар симои ӯ, пеш аз ҳама, одами нексиришт ва хоксорро медиданд. Албатта, модарам ҳам барои бовариву иззати мардум шабу рӯз кор мекард, ба таври ҳаққонӣ ғамхор буд. Ба ваъдааш меистод ва мушкилоти ҷойдоштаро дар вақти таъйиншуда ҳал мекард. Ба ғайр аз донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба ҳама забонҳои помирӣ: вахонӣ (забони модариаш) шуғнонӣ, рӯшонӣ, ишкошимӣ хуб ҳарф мезанад. Дар вақти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ба ҳайси ҷонишини раиси вилоят кор мекард, дар бисёр гуфтушунидҳо иштирок кард ва ба паст кардани шиддати вазъияти ҷанг дар ВМКБ саҳм гузошт.
Модарамро то ҳол ҳамчун сиёсатмадору донишманд, дорои малакаҳои таҳлилӣ, дурандеш ва фардонигар мешиносанд. Сарфи назар аз мансабҳои баланд, ӯ хоксор ва инсондӯст аст. Ба мо – фарзандон барои ҳамеша намунаи ибрат аст.
Ҷасорати сухан гуфтан, саҳмгузорӣ ба равнақи ҷомеа, меҳнатдустӣ ва қобилияти гузарондани гуфтушунид ва ҳалли мушкилотро аз модарамон омӯхтем. Доштани чунин модар, ки ҳамзамон, роҳбару роҳнамо ҳам ҳаст, давлати бузургест.
Тобистони чанд сол пеш дафтару қаламро ба наздаш мондам ва аз ӯ хоҳиш кардам, ки саргузаштҳои ибратбахшашро нависад, то ба фарзандонам нақл кунам. Чунки мисли ӯ фарди бузургеро кам медонам, ки баҳри дигарон зиндагиашро чун сабақ пеш орам. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ӯ як силсила хотираҳои сабақангез ва саргузаштҳои ибратбахши рӯзгорашро нақл ва китобат кард.
Пас аз ин, дар Душанбе воқеаи аҷиб рух дод. Хоҳарзодаам, ки азми хондан дар яке аз мамлакатҳои Аврупоро дошт, дудила буд. Ӯро зарур буд, ки якбора аз домони азизонаш ҷудо шаваду равад ба Италия. Тасмим гирифтан дар ихтиёри худаш буд. Қиссаи пурбори зиндагии модари арҷмандамро пешаш гузоштам. Аз хондани сабақномаҳои як духтари наҳифпайкари кӯҳистон, ки ба ин дараҷаҳои иззату обрӯ расидааст, ин хоҳардухтари маро сахт мутаассир намуд. Инчунин, ба қарори қатъӣ омад, дар куҷои дунё, ки набошад, мераваду мехонад. Ӯ ба модарам занг зада гуфт: “Дар бораи таҳсил дар Италия дудила будам, аммо пас аз хондани достони шумо эътимодам ба худам бештар шуд. Ман гуфтам, агар бибиам аз уҳдаи чунин масъулият ба пирӯзӣ баромада бошад, пас ман – наберааш чаро натавонам”.
Ҳар вақте ба ВМКБ, махсусан, ба ноҳияи худ меравам, мардум дар бораи модарам ҳамчун роҳбари хуб ва зани меҳрубон то ҳол суханҳои нек мегӯянд. Дар чунин лаҳзаҳои гуворову хушоянд банда на танҳо ифтихор мекунам, балки то ҳол мисли ӯ азизи мардум буданро орзу менамоям. Ин ҳама хуҷастамақому соҳибэҳтиромӣ аз лутфи Худо ва баракати толеи фаррух ва инчунин аз самараи хидмати содиқона ба халқу Ватан аст.
Маҳбуба МАМАДАТОХОНОВА, ноҳияи Ишкошими ВМКБ