Ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ то ба имрӯз аз ҳаёти шоирону нависандагон зиёд хондаму шунидам ва фаҳмидам, ки ҳеҷ шоире ё нависандае мисли модар шабҳоро ба бедорӣ паси сар намекунад. Яъне, ҳеҷ яке аз ишон он гунае, ки модар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ мекашад, пушти сатри шеъраш хобро тарк намекунад. Агар ҳар сатри шоир ва ё нигоштаи адиб қатрае аз хуни дилаш бошад, пас, модар он ҳама ранҷро, ки шабҳо дорад, на ба хуни дил, балки бо меҳру муҳаббат қабул дорад.
Ростӣ ин ҳамаро замоне дарк кардам, ки бо лутфи илоҳӣ худам модар шудам. Акнун фаҳмидам, ки чаро биҳиштро зери қудуми модарон гуфтаанд. Он ҳама дилфигориҳои модар сабаб гаштаанд, ки ба модар мақомҳои баландро додаанд.
Модарам шаш фарзандашро ба камол расонду роҳашонро ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ҳамвор сохт. Ман яке аз онҳо будам, ки модарам, бо вуҷуди душвориҳои зиёди рӯзгор, маро тарғиб ба идомаи таҳсил намуд. Албатта, барои зан гарон аст бори зиндагиро бар дӯш доштан, аммо модари ман тавонист дар замоне, ки мо дастёр гашта будем, моро барои идомаи таҳсил дар пойтахт дуо бидиҳад.
Модарҷон, мо ба заҳмату ранҷу азоби ту имрӯз расидем. Он ранҷу азобу мушкилиҳое, ки дар зиндагӣ аз сар гузарондӣ, пеши чашмонам намоён мегардад, дилам пур аз ғам мешавад, ки барои мо рӯзҳои ширини зиндагии хешро фидо кардӣ. Пас, мо чаро ҳурмату эҳтироматро ба ҷо наорем, эй модари ҷонам? Мо – фарзандон, як умр хизмататро кунем, ба якшаба ранҷе, ки сари гаҳвораамон кашидаӣ, баробар шуда наметавонад. Ман дар наздат қарздор ҳастам, модарҷон, зеро бароят хизмати шоистае накардаам ва бароят сухани волотарине нанавиштаам. Модар, ту азизи дили манӣ; ту аз ҳама шахси наздиктарини манӣ; ту зиндагиву орзуҳои манӣ. Шабу рӯз фикру ёди ман бо туст, эй модари ғамхори ман! Модар, номи некатро дар қалби худ ҷой кардам. Модар, миёни ҳама он муқаддасоте, ки посу азизашон медонанд, исми шарифи ту дар мадди аввал аст. Модар, ту бузургӣ, аз нигоҳи чашмони меҳрубонат умед мерезад; хасу хор, буттаву санг, гулу гиёҳ, боду борон кӯҳҳои сангину дарёи равон дар ҳастии дидори рӯйи ту аст. Эй ҷаннати Парвардигор дар рӯи Замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти манӣ, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳвораам нишаста, бехобӣ кашидӣ.
Акнун, ки пас аз солҳо соҳиби оила, фарзанд ва касби боифтихори омӯзгор шудам, дидгоҳу назари ман ба модар тағйир ёфт. Ба назари ман, модар на гавҳари ноёб, на сарчашмаи ҳаёт ва на фаришта аст. Балки аз ҳамаи васфу тавсифҳо болост. Модар ба зоти худаш бемисл аст, зеро як инсон ба қавли шайх Саъдии Шерозӣ метавонад аз малак боло бошад: “Бирасад одамӣ ба ҷое, ки ба ҷуз Худо набинад…” куҷо расад ба модар.
Азиза ШОКИРОВА,
омӯзгори забони англисии
гимназияи №74-уми ноҳияи Фирдавсӣ