Пирӯзии мунтахаби бонувони Тоҷикистон бар Арабистони Саудӣ
Дастаи мунтахаби бонувони то 20-солаи Тоҷикистон, зери роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев, дар бозии дӯстона бар ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Дидори дастаҳо 25-уми октябр дар шаҳри Ҷидда доир гашт. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон голҳоро Марҷона Саидова ва Шукрона Устоева заданд.
Вохӯрии дуюми дӯстонаи футболбозбонувони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 29-уми октябр доир мегардад.
Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар Ҷидда барои дастаи бонувони Тоҷикистон (U-20) омодагӣ ба даври аввали марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маҳсуб меёбад, ки аз 8 то 16-уми марти соли оянда ба нақша гирифта шудааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон ва Непал бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар рӯзҳои FIFA – моҳи ноябр дар Душанбе бозиҳои дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистон, Афғонистон ва Непал, ки дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ширкат меварзанд, доир мегарданд.
Нахуст 13-уми ноябр тими мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Непал вомехӯрад. Баъдан, 16-уми ноябр бозӣ миёни дастаҳои Непал ва Афғонистон баргузор мешавад. Ниҳоят 19-уми ноябр бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон сурат мегирад.
ҶУДО
Собиқадорон ба Лас-Вегас мераванд
4-7-уми ноябр дар Лас- Вегаси ИМА Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни собиқадорон доир мегардад.
Тавре Федератсияи байналмилалии ҷудо маълумот додааст, барои иштирок дар Чемпионат 1489 варзишгар (1295 мард, 194 зан) аз 69 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 19 паҳлавон: Қутбиддин Баҳодуров (-60 кг), Аҳрор Холиқов, Саидмуъмин Қосимов, Абдулфайз Солиҳов, Ҷонибек Маҳмудзода (-73 кг), Ҳабибулло Маҷидов, Азамат Исоев, Фирӯз Абдуллозода (-81 кг), Мирзо Абдуллоев, Саламшо Муҳаббатов, Илҳом Хушов (-90 кг), Саидраҳмон Беков, Исмоил Исломов, Ҷумахон Назриев, Абдулваҳоб Сатторов, Бозоралӣ Маҳмудов, Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Каримҷон Мерганов, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Зӯрозмоиҳо дар 9 синну сол ҳам миёни мардҳо ва ҳам бонувон сурат мегиранд.
ҚАДРДОНӢ
Родри – барандаи «Тӯби тиллоӣ»
Нимҳимоятгари тими “Манчестер Сити” ва мунтахаби Испания Родриго Эрнандес (Родри) барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” шуд, ки ба беҳтарин футболбози ҷаҳон дода мешавад.
Маросими 68-уми супурдани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" 28-уми октябр дар Париж баргузор шуд. Ин аввалин «Тӯби тиллоӣ» дар карйераи Родрии 28-сола аст.
Ҷойи дуюмро дар натиҷаи овоздиҳӣ ҳамлагари тими миллии Бразилия ва "Реал Мадрид" Винисиус Ҷуниор, ҷойи сеюмро ҳамдастаи ӯ, ҳамлагари тими миллии Англия Ҷуд Беллингем ишғол карданд. Дар рӯйхати довталабон дар маҷмуъ, 30 футболбоз буд.
Родри моҳи июли соли 2024 дар ҳайати тими миллии Испания чемпиони Аврупо ва беҳтарин бозигари Чемпионати Аврупо шуд. Дар ҳайати “Манчестер Сити” бошад, дар охири мавсими 2023/2024 ғолиби лигаи Англия, Ҷоми ҷаҳонии клубҳо ва Суперҷоми УЕФА гардид.
Барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” миёни занон Айтана Бонмати аз Испания гардид. Нимҳимоятгари 26-солаи тими “Барселона” соли дуюм аст, ки ин ҷоизаро ба даст меорад.
Ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро собиқ сардабири нашрияи “France Football” Габриэл Ҳано таъсис додааст. Он бори нахуст соли 1956 ба ҳамлагари инглисии “Блэкпул” супурда шуда буд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”