33 сол қабл миллати куҳанбунёд, соҳибистиқлол, соҳибфарҳанг ва тамаддунофари тоҷик ба дастоварди бузурги сиёсӣ – истиқлоли давлатии худ, ноил гардид, ки он тантанаи адолати таърих ва ба силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани ойини навини миллиамон ба шумор меравад. Дар ин давраи на чандон тулонӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавии кишварамон навгониҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд.
Имрӯз Тоҷикистони азизи моро ҷаҳониён на танҳо бо қуллаҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, чашмаҳои мусаффо, ёдгориҳои таърихию табиати афзунгараш мешиносанду ба сайри ин диёри афсонавӣ меоянд, балки тарзи давлатдорӣ, хиради азалии Роҳбари ин давлат, фарҳанги воло, меҳмоннавозию меҳнатдӯстии мардумаш, тараққиёти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар ҷаҳон обрӯю эътибори хоса пайдо кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳалаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардидааст, Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон мекунад. Бояд тазаккур дод, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе инкишофи тарбия ва фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Зеро ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд. Ҳуқуқ падидаи мураккаби ҳаёти ҷомеа буда, паҳлӯҳои гуногун, шаклҳои мухталифи ифода, амал ва ҳастӣ дорад. Албатта, мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо мафҳуми “ҳуқуқ” ҳарчӣ бештар ошно мегардем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа ва мардум ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳуқуқро бо мафҳумҳои ҳақиқату инсоф алоқаманд намоянд. Воқеан, ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алоқаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 низоми қонунгузории кишвар мунтазам ташаккул ёфта, имрӯз, тибқи феҳристе, ки дар Маркази миллии қонунгузорӣ пеш бурда мешавад, нишондоди санадҳои қонунгузорӣ дар шаклҳои гуногун 401 ададро ташкил менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз солҳои 90-ум масоили баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро хеле муҳим ва мубрам арзёбӣ намуданд. Дар ин замина фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон» ба имзо расид. Фармони мазкур бо мақсади таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкунӣ қабул шуд.
Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28-уми декабри соли 2023 ироа гашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори санаи бисёр муҳими таърихӣ, яъне 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардад.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон саҳифаи нав боз менамояд. Эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ иқдоми муҳим ва арзишманд буда, метавонад дар такмил ва танзими қонунгузории мамлакат, баланд бардоштани донишу тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон, қонуният, баробарӣ ва адолат асоси воқеӣ гузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст. Мақсади асосии ин санадҳо аз риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва ғайраҳо иборат мебошад.
Бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар даврони истиқлолият ҷиҳати ҳифзи табиат, сарватҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо маҷмуи чорабиниҳои муҳиму тақвиятбахшт мавриди амал қарор дода шуданд. Бо назардошти талаботи даврони муосир, пеш аз ҳама, дар ин самт заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳифзи табиат мустаҳкам ва қавӣ гардонда шуд.
Дар тули ин солҳо бори аввал санади меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» 27-уми декабри соли 1993, №905 қабул гардид. Дар ин асос ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии соҳа тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 14 қонуни соҳавӣ қабул гардидаанд, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» аз 2 августи соли 2011, №760 асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқии инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст. Татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таҳкими заминаи қонунгузории соҳа аз Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи табиат, барои наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун роҳнамо баҳри истифодаи оқилона ва самаранокии захираҳои табии нодир ва нотакрори Тоҷикистон, аз ҷониби ҳама мақомоти давлатию ғайридавлатӣ дастгирӣ меёбанд. Маълумот ва маърифати экологӣ мафҳуме мебошад, ки асоси анъанаҳои муносибати эҳтиёткорона ва ғамхоронаи тамоми халқро нисбат ба муҳити зист ташкил медиҳад. Яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани маърифати экологӣ ин баланд бардоштани сифати таҳсилот, тайёр намудани матахассисон аз боғчаи бачагона то муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла тарғиби ташаббусҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», роҳҳои пайомадҳои номатлуб дар самти тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, замин, муомилот бо партовҳо, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ, дар умум баҳри таъмини амнияти экологии шаҳрвандон бо ҷалби мутахассисону нозирони давлатии мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷойҳо тавассути воситаҳои ахбори омма мақолаву хабарҳо таҳия ва нашр кард ва ба самъи аҳолӣ расонд.
Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳангиву экологии аҳолӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021, №116 «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шуд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзуи «Табиат хонаи мост, онро ҳифз бояд кард», байни донишҷӯён дар мавзуи «Экология, мушкилот ва роҳҳои ҳал» озмунҳои ҷумҳуриявӣ эълон карда, ғолибон бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонда шуданд. Инчунин, озмуни шаҳрӣ бахшида ба Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати экологӣ эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе ва татбиқи Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 гузаронда мешавад.
Ҳадафи озмуни шаҳрӣ дар пойтахт ҳамовозӣ ба дастгирии доимӣ, таваҷҷуҳу фаъолияти самараноки раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тозагию хуррамгардонии ноҳияҳо, маҳаллаҳо, ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, бахусус дар байни ҷавонону наврасон мебошад. Бо ин мақсад, озмун ба паҳн кардани таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани он дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавигардонии анъанаҳои беҳтарини миллӣ равона мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи якуми Конститутсия хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Пас, ҳар кадоми мо бояд дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои рушд додани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони худ саҳм гузорем. Дар баробари ин, мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазорату идораҳо, шахсони мансабдори он вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ чораҳои дахлдор, ба монанди фаҳмондадиҳии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иттилоотонии ҳуқуқӣ, қабули бевоситаи шаҳрвандон, нашри мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва дигар корҳои пешбининамудаи қонунгузориро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, эълон шудани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона гардидааст.
Хайриниссо БОБОКАЛОНОВА,
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон